Ҷашни Наврӯз яке аз ойинҳои мардумӣ ва мероси арзишманди гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунсози мо ба ҳисоб рафта, аз фарорасии фасли зебои баҳор ва оғози баракати сол мужда медиҳад. Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, ки дар тамоми марҳилаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдодони мо, балки мардумони мухталифро ба сӯйи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.

Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват мебошад.

Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангии мо - тоҷикон аз замонҳои қадим ҷашнҳои бузурги Наврӯз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан таҷлил менамуданд. Наврӯз бузургтарин ҷашни миллӣ ва фархундаи ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Маънои калимаи Наврӯз ин оғози рӯзи нав мебошад. Аммо ниёгони мо ин рӯзро оғози соли нав медонистанд ва солшумориро аз ҳамин рӯз оғоз мекарданд. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори аҷам, зиндашавии табиат, оғози кишту кор, айёми баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор аст. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад, ки таърихи беш аз 5-ҳазорсола дорад. Ин ҷашни куҳан ҳамеша бар рамзи таҷдиди тозагӣ, покизагӣ ва шодиву хушбахтӣ фаҳмида мешавад.

Наврӯз муждаи баҳор, оғози киштукор, айёми бедоршавии табиат аз хоби ноз буда, ҳамзамон омад-омади он ҳамасола ба ҳар як инсони рӯйи Замин новобаста ба синну сол ва ҷинс боиси шодмонӣ ва фараҳафзоӣ ба ҳисоб меравад. Ҷашни Наврӯз маҳз дар айёме таҷлил мегардад, ки ба ин васила шабу рӯз бо ҳам баробар ва пирӯзии равшанӣ ба торикӣ, гармо ба сармо оғоз гардида, ҳамзамон табиат ва оламу одам низ дигаргун мешаванд.

Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин аст. Дар ин айём табиат пас аз сардиҳои зимистон аз нав эҳё шуда, ба тан либоси сабзро ба бар менамояд, дар кӯҳу теппаҳо гулҳои баҳорӣ ба монанди қоқу, бойчечак, лола ва сияҳгуш мерӯянд, ки муждае аз фасли баҳор мебошанд. Деҳқонон ба кишту кор машғул шуда, бо ҳазор орзуву умед ба замин донаи гандум мепошанд, то ин ки соли нав соли пурфайзу баракат шавад.

Дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ, бошукӯҳ таҷлил менамоем. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Мардуми шарифи кишварамон ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният ҳамеша арҷ мегузоранд ва онро гиромӣ медоранд. Чунки Наврӯз бо омаданаш файзу баракат, нозу неъмат ва тозагиву озодакориро ба Ватани азизу маҳбуби мо арзонӣ медорад.

Барои мардуми сарбаланди тоҷик Наврӯз як ҷашн, бо аҳамияти фарҳангӣ ва маънавӣ аст. Ин ҷашн дар Ватани азизи мо як рӯйдоди фархунда ва муҳим ба шумор меравад, ки дар он хонаводаҳо ва мардум бо якдигар ҷамъ омада, боз ҳамдигарро бо хайр ва шодии нав туҳфа мекунанд.

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмуъ, ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд. Хулоса, ҷашни зебои Наврӯз дар пояи илм устувор аст ва муборак доштани он ва таҷлили он иборат аз шодмониву осудагӣ хостан барои тамоми одамизод мебошад. Дар ин ҷашни бошукӯҳ дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон дастархони идона ороста, таомҳои гуногуни миллӣ мепазанд ва хурду бузург хурсандона ин идро ҷашн мегиранд. Бошад, ки Наврӯзи дилафрӯз ба кошонаи ҳар яки мо файзу баракати зиёдеро ато кунад.

Наврӯз биё, файзи ту файзи ҳамагон бод,

Густурда пур аз неъмату нозе ҳама хон бод.

Ин муждаи ту пайки ҳама бахту нишот аст,

Ҳар рӯзи ту наврӯзи ҳама пиру ҷавон бод.

 

Савриддин ЯТИМОВ,

устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ