Дар ҷаҳони муосир ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва омили асосии рушди давлатҳо шинохта мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҷавонон ҳамчун неруи бузурги созанда ва идомадиҳандаи роҳи давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бори дигар аҳаммияти нақши ҷавононро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат таъкид намуданд.

Тавре дар Паём зикр гардид, ҷавонон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъол дошта, дар пешрафти кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз ҷавонон ҳастанд, ки бо дониш, маҳорат, ташаббус ва неруи созандаи худ барои рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг, технологияҳои муосир ва таҳкими давлатдорӣ талош менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, марказҳои илмӣ, китобхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии дастгирии ҷавонон аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи насли ҷавон равона шудаанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки давлат ба ҷавонон ҳамчун сармояи асосии миллӣ назар мекунад.

Имрӯз ҷаҳон бо суръати баланд рушд мекунад ва рақобати илмӣ-технологӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар чунин шароит ҷавонон бояд донишҳои муосирро аз худ намоянд, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва аз технологияҳои нав истифода баранд. Аз ҷумла, омӯзиши зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар соҳаҳои инноватсионӣ барои ҷавонони тоҷик аҳаммияти махсус дорад. Танҳо бо донишу малакаи баланд метавон дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузошт ва дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир буд.

Ҳамзамон, ҷавонон набояд аз арзишҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодии худ дур шаванд. Ҳифзи забони давлатӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ, риояи суннатҳои неки мардумӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон мебошад. Миллате, ки таърих ва фарҳанги худро эҳтиром мекунад, метавонад ояндаи дурахшон бунёд намояд.

Яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир муқовимат ба андешаҳои ифротӣ ва таъсири манфии фарҳангҳои бегона мебошад. Ҷавонон бояд бо ҷаҳонбинии васеъ, маърифати баланд ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳм гузоранд. Танҳо ҷавонони худогоҳу худшинос метавонанд сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлатро ҳифз намоянд.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ низ обрӯи кишварро баланд мебардоранд. Дастовардҳои онҳо дар соҳаҳои илм, варзиш, фарҳанг ва технология нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон соҳиби ҷавонони боистеъдод ва ояндасоз мебошад. Ин дастовардҳо бояд барои дигар ҷавонон намунаи ибрат гарданд ва онҳоро ба омӯзишу пешрафт ҳидоят намоянд.

Дар арафаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҷавон бояд масъулияти худро дар назди Ватан бештар эҳсос намояд. Ободии кишвар, рушди иқтисод, пешрафти илму маориф ва таҳкими истиқлол аз фаъолияти содиқона ва меҳнати созандаи ҷавонон вобастагӣ дорад.

Хулоса, ҷавонон ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Тоҷикистон ба ҷавонони худ эътимоди комил дорад ва аз онҳо интизор аст, ки бо дониши амиқ, ахлоқи ҳамида, меҳнати софдилона ва ватандӯстии самимӣ барои пешрафти мамлакат саҳмгузор бошанд.

Боварии комил дорем, ки ҷавонони тоҷик ҳамчун ворисони таърихи пурғановати миллат дар бунёди фардои боз ҳам ободу пешрафтаи Тоҷикистон нақши арзанда хоҳанд гузошт.

 

Шодмон РАҲИМОВ,

ассистенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ