ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ОЯНДАСОЗИ КИШВАР
Ҷавонон қишри асосиву муҳими ҷомеа, насли ояндасози Ватан ва пояи устувори давлат ба ҳисоб мераванд. Онҳо идомадиҳандаи кору пайкори пешиниён ва эҳёгару посдори суннату анъанаҳои гузашта ҳастанд. Маҳз ин табақаи аҳолӣ метавонанд сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро идома дода, устувориву пойдории миллату давлатро нигоҳ доранд. Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ҳимояву пешбарии манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти тамаддуни муосир муҳим ва бузург арзёбӣ мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Баъд аз Истиқлоли давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта мебояд, ки ин қишри муҳимми ҷомеа аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.
23 май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро дорост. Чунки маҳз ҳамин санаи соли 1997 Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд.
Азбаски насли ҷавон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсиву иҷтимоии он низ на фақат неруи демократии давлатҳо, балки хусусиятҳои таҳавулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварҳо риоя мекунад. Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳиму тақдирсози кишварамонро ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, вале ин на ба он маъност, ки Ҳукумати Тоҷикистон танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рӯ меорад, зеро, сиёсати ҷавонон таҳкурсии сиёсати давраи истиқлолиятро ташкил медиҳад.
Воқеан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, нисбат ба ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳояшон мо ҷавононро насиҳатҳои падарона карда, пайваста ҷиҳати аз бар намудани илму дониш ва аз омӯхтани забонҳои гуногуни хориҷӣ даъват менамоянд.
Дар ин замина, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон рӯз то рӯз афзуда, ҷиҳати баланд бардоштани завқи ҷавонони илмҷӯю навовар ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо стипендияҳо ва ҷоизаҳои гуногун барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва соҳибмаърифат, ки метавонанд дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату миллат саҳми босазо гузоранд, таъсис дода шуд.
Имрӯз Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо имкониятҳои хуб фароҳам овардааст. Дар баробари ин гуна дастгириҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат, имрӯз ҷавононро мебояд, ки қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа бошанд, ташаббусҳои бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ва даврони истиқлолро бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ ҳифз намуда, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бо дасту дили гарм ва неруи созанда қадр намоянд.
Ин амалҳои хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат боз ҳам ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрамонро баланд бардошта, онҳоро водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳои Ватан, ба мисли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, кишвари ободу зебо, амну ором ва арзишҳои фарҳангӣ бирасанд.
Бигзор, ҷавонони мо дар фазои сулҳу ором зиндагӣ намуда, аз неъматҳои соҳибистиқлолӣ самаранок истифода намоянд ва ба қадри ин Ватани муқаддас расанд.
Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда,
Сазоворанд бар имрӯзу бар фардои созанда.
Ба илму бо амал дар зиндагонӣ оқилу доно,
Фидокоранд дар ободии ин мулки поянда.
Шарафманданд бо донишу бо рафтори арзанда,
Тавоноянд бо кирдору бо пиндори арзанда.
Ҷаҳони хешро созанд дар даврони озодӣ,
Ватан гардад диёри файзу сулҳу амну ободӣ.
С. ТИЛАКМУРОДОВА,
Н. ЁРЗОДА,
устодони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng