Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ авҷ гирифтаанд, масъалаи ҳифзи насли ҷавон аз таъсири гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст.

Имрӯз терроризм ва экстремизм на танҳо таҳдид ба амнияти як давлат, балки вабоест, ки метавонад пояҳои тамаддуни башариро хароб созад. Ҷавонон бошанд, бо сабаби камтаҷрибагӣ ва эҳсосӣ буданашон ҳадафи асосии “шикорчиёни нафс” - мубаллиғони ифротӣ қарор мегиранд.

Терроризм ва экстремизм кирдорҳои нав нестанд, аммо дар асри XXI онҳо шеваҳои нави таблиғро пайдо кардаанд. Гурӯҳҳои ифротӣ бештар ба қишри ҷавони ҷомеа такя мекунанд. Чаро? Ҷавонон неруи созанда, ҷӯянда ва зудбоваранд. Онҳо мехоҳанд дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо кунанд ва маҳз ҳамин ниёзи равониро гурӯҳҳои тахрибкор суиистифода мекунанд.

Мубаллиғони ифротӣ бо истифода аз шиорҳои дурӯғини “адолат”, “ҷиҳод” ва “давлати идеалӣ” ҷавонони ноогоҳро ба коми худ мекашанд. Онҳо аз мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сатҳи пасти дониши динию дунявии баъзе аз ҷавонон истифода бурда, дар зеҳни онҳо тухми кинаву адоватро нисбат ба давлат, сохти конститутсионӣ ва ҳатто волидайн мекоранд.

Агар дар гузашта ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳуҷраҳои норасмӣ ё маҳфилҳои пинҳонӣ сурат мегирифт, имрӯз ин раванд ба фазои маҷозӣ кӯчидааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Facebook, Instagram, TikTok ва паёмрасонҳои Telegram ва WhatsApp ба воситаи асосии таблиғи идеологияи экстремистӣ табдил ёфтаанд.

Ифротгароёни муосир психологҳои моҳиранд. Онҳо наворҳои касбӣ омода мекунанд, аз сурудҳои ҳамосӣ (нашидҳо) истифода мебаранд ва бо ҷавонон “дӯстӣ” барқарор мекунанд. Вақте ҷавон дар фазои маҷозӣ ба суоли худ посух меҷӯяд, аксар вақт ба “дом”-и онҳо меафтад. Аз ин рӯ, вокуниши мо бояд дар ин самт қатъӣ бошад: мо бояд ба ҷавонон тарзи дурусти истифода аз иттилоот ва фарҳанги истифодаи интернетро омӯзонем.

Пояи асосии тарбия оила аст. Аксари ҷавононе, ки ба роҳи хато рафтаанд, дар оилаҳое ба воя расидаанд, ки робитаи маънавӣ миёни волидайн ва фарзандон заиф будааст. Волидайн бояд бидонанд, ки фарзанди онҳо бо кӣ дӯстӣ мекунад, дар телефон чиро тамошо мекунад ва бо чӣ андешаҳо зиндагӣ дорад. Бетарафӣ дар тарбияи фарзанд заминаи аввалин барои ҷалби он ба гурӯҳҳои хатарнок аст.

Муассисаҳои таълимӣ низ дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Танҳо омӯхтани илмҳои дақиқ кофӣ нест. Мо бояд дар зеҳни хонандагон тафаккури интиқодиро рушд диҳем, то онҳо тавонанд сиёҳро аз сафед ва дурӯғро аз ҳақиқат фарқ кунанд. Дарсҳои таърих, адабиёт ва маърифати шаҳрвандӣ бояд ба воситаи ташаккули ифтихори миллӣ табдил ёбанд.

Яке аз сабабҳои асосии гароиши ҷавонон ба экстремизм бӯҳрони ҳувият аст. Вақте ҷавон таърихи худро намедонад, аз фарҳанги ниёгони худ бехабар аст ва арзишҳои миллиро эҳтиром намекунад, ӯ ба осонӣ зери таъсири идеологияҳои бегона мемонад.

Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки дорои фарҳанги бой ва тамаддуни оламшумул ҳастем. Бузургони мо мисли Имоми Аъзам, Мавлоно Румӣ ва Шайх Саъдӣ ҳамеша таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва сулҳро тарғиб менамуданд. Вокуниши мо ба экстремизм бояд аз тариқи эҳёи ин арзишҳои олӣ сурат гирад.

Барои муқовимати муассир ба терроризм ва экстремизм, мо бояд дастҷамъона амал кунем. Дар байни ҷавонон, махсусан дар маҳалҳо ва муҳоҷирати меҳнатӣ мулоқотҳои рӯ ба рӯ бо иштироки мутахассисон ва собиқадорон зиёд карда шавад.

Барои расидан ба натиҷаи матлуб дар ин самт, ҳамкории зич ва доимии «Оила - мактаб - ҷомеа» зарур аст, зеро танҳо бо кӯшиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ аз ин вабои аср имконнопазир мебошад. Дар ниҳоят, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ на танҳо як ҷараёни таълимӣ, балки кафолати амнияти миллӣ ва бақои давлатдории мост, ки дар он ҳар як узви ҷомеа бояд масъулияти шаҳрвандии худро эҳсос намояд.

Некрӯз МИРЗОЕВ,

муаллими калони кафедраи математикаи олии ДДМИТ