Терроризм яке аз кирдорҳои хатарноки замони муосир ба ҳисоб рафта, ҳамчун шакли сиёсати зӯроварона тавассути тарсонидани аҳолӣ ва фишор ба давлату ҷомеа зоҳир мегардад. Истилоҳи «террор» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои ҳарос, даҳшат ва тарсонданро ифода менамояд ва дар забони тоҷикӣ бо мафҳумҳои «даҳшатафканӣ» ва «ҳаросафканӣ» истифода мешавад.

Терроризм ҳамчун амали зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, нобудсозӣ ё таҳдиди зарар расонидан ба амвол ва объектҳои муҳим, бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ва таъсир расонидан ба қабули қарорҳои давлатӣ зуҳур мекунад. Ин гуна амалҳо метавонанд боиси талафоти ҷонӣ, зарари калони моддӣ ва нооромии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ гарданд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ терроризм хусусияти фаромиллӣ касб намуда, ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Омори байналмилалӣ нишон медиҳад, ки амалҳои террористӣ дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳода, шумораи қурбониён сол то сол зиёд мегардад ва усулҳои истифодашаванда торафт мураккабтар мешаванд.

Яке аз хусусиятҳои хатарноки терроризм ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷии шахсон, бахусус ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Дар ин раванд, бо роҳи таҳрифи мафҳумҳои динӣ ва тағйири тафаккуру ҷаҳонбинӣ шахсони ноогоҳ ба амалҳои зиддиқонунӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризмро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии худ мешуморад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳоро дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ, қатъ ва бартараф намудани оқибатҳои амалҳои террористӣ танзим менамояд. Дар доираи ин фаъолият таъмини ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор, таҳкими иқтидори касбӣ ва омодабошии доимии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Бо мақсади тақвияти заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, дар кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, аз ҷумла қонунҳо дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, инчунин, консепсия ва стратегияҳои миллӣ дар ин самт. Қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ба ҳамкории фаъоли давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии ин амали хатарзо равона шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории муштарак дар муқовимат бо ин таҳдидҳо даъват менамоянд.

Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳим пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ метавонанд ҳамчун омилҳои асосии коҳиши терроризм ва экстремизм хизмат намоянд.

Хулоса, терроризм на танҳо таҳдид ба амнияти давлат, балки хатар ба ҳастии ҷомеа ва ояндаи наслҳо мебошад. Мубориза бо он тақозо менамояд, ки дар баробари тадбирҳои қудратӣ, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, рушди тафаккури миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Нозанин Бобошерзода,

устоди ДДМИТ