Ватан на танҳо марзу бум, балки муқаддастарин арзишест, ки ҳастии инсон ба он пайванд мебошад. Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи ин марзу бум ва ҳимояи номуси миллат меравад, пеши назар симои пурҳашамати афсарону сарбозон ва ҷавонмардоне ҷилвагар мешавад, ки ҳаёти худро фидои озодиву истиқлоли кишвар кардаанд.

Дар таърихи навину соҳибистиқлоли Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо як ҷашни ҳарбӣ, балки рамзи садоқат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба ҷасорату мардонагии фарзандони содиқи халқ мебошад. Эҳтиром ба ҳомиёни Ватан аз қадимтарин суннатҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад, зеро маҳз ба шарофати фидокориҳои ин родмардон имрӯз мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати комил зиндагӣ дорем.

Артиши миллии мо дар шароити хеле душвори таърихӣ ва сиёсӣ пойдевор гузошта шуд. Баръакси дигар кишварҳои собиқ Шуравӣ, Тоҷикистон дар оғози истиқлолият мероси ҳарбии омодае надошт ва Қувваҳои Мусаллаҳ амалан аз сифр дар оташи набардҳои дохилӣ ва муқовимат бо неруҳои тахрибкор шакл гирифтанд. Ин воқеият аҳамияти ҷашн ва эҳтиром ба сарбозони моро дучанд мекунад. Ҳомиёни Ватан касоне ҳастанд, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарин худро сипар карда, нагузоштанд, ки оташи ҷанг хонадони тоҷикро сӯзонад ва давлати ҷавони моро аз харитаи олам нест кунад. Ҳар як сарбозе, ки имрӯз дар сарҳад истодааст, ё ҳар як афсаре, ки масъулияти таълиму тарбияи насли ҷавонро ба дӯш дорад, вориси ҳақиқии ниёгони қаҳрамонони мо - Куруши Кабиру Спитамен, Деваштичу Темурмалик ва дигар абармардонест, ки барои ҳифзи ниёгон ҷон нисор кардаанд.

Эҳтиром ба ҳомии Ватан танҳо бо табрику таҳният дар рӯзи ҷашн маҳдуд намешавад. Ин мафҳум маънои амиқтар дорад ва он пеш аз ҳама, дарк кардани масъулияти ватандорӣ аз ҷониби ҳар як шаҳрванд аст. Вақте ки мо ба афсару сарбоз бо дидаи эҳтиром менигарем, мо дар асл ба сулҳу суботи кишвари худ арҷ мегузорем.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус бояд мактаби ҷавонмардиву шуҷоат ва худшиносӣ бошад. Дар ин мактаб ҷавонон на танҳо истифодаи силоҳу аслиҳа ва усули ҷангиро меомӯзанд, балки дар дили онҳо ҳисси ватандӯстӣ, дӯстиву рафоқат ва масъулиятнокӣ ташаккул меёбад. Сарбози тоҷик имрӯз симои сулҳхоҳонаи давлати моро муаррифӣ мекунад ва посбони дастовардҳои бузурги замони истиқлолият мебошад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму экстремизм, нақши ҳомиёни Ватан боз ҳам муҳимтар гардидааст. Мо мебинем, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам чӣ гуна нооромиҳо ва ҷангҳои хонумонсӯз ҷараён доранд. Дар чунин вазъият, доштани артиши муқтадир ва ҷавонони ватандӯст ягона кафолати амнияти миллӣ мебошад. Эҳтиром ба ҳомиёни Ватан маънои дастгирии маънавии онҳоро дорад, то бидонанд, ки дар пушти онҳо миллате истодааст, ки заҳматҳояшонро қадр мекунад. Модароне, ки фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ мефиристанд, сазовори бузургтарин эҳтиром ҳастанд, зеро онҳо ҷигарбандони худро барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан омода намудаанд.

Ҷашни 23-юми феврал фурсати муносибест, ки мо бори дигар ба ёди шаҳидони роҳи озодӣ ва онҳое, ки дар роҳи барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷони худро нисор кардаанд, арҷ гузорем. Хотираи онҳо ҳамеша дар қалбҳои мо зинда хоҳад монд ва корнамоиҳои онҳо барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд. Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳоро барои беҳтар намудани вазъи моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ фароҳам меорад. Ин таваҷҷуҳ нишонаи он аст, ки ҳифзи Ватан ва эҳтироми ҳомиёни он дар сиёсати давлатӣ ҷойи марказиро ишғол мекунад.

Ватан аз остонаи хона ва аз муҳаббат ба падару модар оғоз мешавад. Ҳар касе, ки ба ин арзишҳо садоқат дорад, дар асл як ҳомии Ватан аст. Эҳтиром ба ҳомиёни Ватан эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор, имрӯзи осоишта ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аст. Дар ин рӯзи фархунда, ки мо 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем, вазифаи ҳар як шаҳрванди худшинос аст, ки ба аёдати собиқадорон рафта, ба сарбозони дар хидматбуда изҳори миннатдорӣ кунад ва дар зеҳни фарзандони худ меҳри Ватанро ҷой диҳад.

Мо бояд ифтихор кунем, ки чунин фарзандони далеру шуҷоъ дорем, ки бо сари баланд ва иродаи қавӣ зери Парчами давлатии мо хизмат мекунанд. Мо бо артиши худ, бо сарбозони шуҷоъ ва афсарони бошарафи худ ифтихор мекунем ва ба онҳо дар иҷрои рисолати муқаддасашон - ҳифзи марзу буми кишвар зафарҳои нав ба нав таманно дорем. Зеро то даме ки ҳомии Ватан ҳаст, Ватан ҳаст ва то даме ки Ватан ҳаст, мо ҳастем ва сарбаландона зиндагӣ мекунем.

 

Нилгуна АБДУЛҲАҚОВА,

донишҷӯи курси 3-и ДДМИТ