Замони муосир, ки онро асри технологияҳои инноватсионӣ меноманд, ба башарият имконияти беназири рушд, кашфиёт ва муоширати фарогирро дастрас гардонидааст. Ин давра, аз як сӯ, муҳити мусоидро барои таҳсилот, пешрафти илм ва осонии зиндагӣ фароҳам оварад, аз сӯи дигар, инсониятро бо чолишҳо ва таҳдидҳои комилан нав ва печида рӯбарӯ гардонидааст. Фаромӯш набояд кард, ки дар миёни ин дигаргуниҳои рӯзафзӯн насли ҷавон - неруи пешбаранда ва ояндасози ҳар як ҷомеа қарор дорад. Аз нигоҳи таъсирпазирӣ маҳз ҳамин қишри ҷомеа осебпазиртар аз хатарҳо ва майлкунанда ба падидаҳои онанд.

Таърих гувоҳ аст, ки масъулияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, идомаи суннатҳои неки ниёгон ва таъмини амнияту рушди давлат ҳамеша бар дӯши ҷавонон будааст. Аз ин рӯ, дар шароити тағйирёбии босуръати геополитикӣ ва фарҳангӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва маънавӣ барои насли ҷавон на танҳо як фазилат, балки талаботи ҳатмии замон мебошад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар дунёи имрӯза телефонҳои мобилӣ ва шабакаи глобалии Интернет ба унсури пайванди ҳаёти ҳаррӯзаи мо табдил ёфтаанд. Озодии дастрасӣ ба иттилоот ва суръати паҳншавии он сарҳадҳои ҷуғрофиро аз байн бардоштааст. Аммо ҳақиқати инкорнашаванда ин аст, ки ҳар як кашфиёти илмӣ монанди теғи дудама аст, яъне он метавонад ҳам воситаи бунёдкорӣ ва ҳам сабаби таназзул гардад.

Афсӯс, ки имрӯз истифодаи ноогоҳонаи телефони мобилӣ ва манбаъҳои интернетии беназорат миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонон ба як падидаи нигаронкунанда табдил ёфтааст. Ҷомеа фаромӯш кардаанд, ки вақте ки технология ба ҷои хидмат ба донишандӯзӣ ва рушди шахсият танҳо воситаи дилхушӣ ва саргармӣ мегардад, оқибатҳои он тасаввурнопазир буда, он тадриҷан қобилияти тафаккури интиқодӣ, диққат ва тамаркузи инсонро заиф месозад.

Истифодаи беҳудуд ва ноогоҳона аз телефони мобилӣ боиси он мегардад, ки ҷавонон вақти қимати худро, давраеро, ки бояд ба азхудкунии илму ҳунар ва забонҳо сарф шавад, дар ҷаҳони маҷозӣ ба беҳудагӣ барбод диҳанд.

Ин нукта низ маълум ва баҳси он исбот шудааст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, шабакаҳои маҷозӣ ба яке аз аслиҳаҳои асосии ҷанги иттилоотӣ табдил ёфтаанд. Гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои гуногуни бадхоҳ бо истифода аз афкори нопухтаи ҷавонон ва заъфи маърифатии онҳо кӯшиш мекунанд, ки ақидаҳои харобкор, бегонапарастӣ ва ахлоқи ношоистаро паҳн созанд.

Гаравидан ба гурӯҳҳои маҷозии номаълум ва пайравӣ аз тамоюлҳои бепояи интернетӣ тадриҷан ҷавонро аз решаҳои аҷдодӣ, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои волои инсонӣ дур месозад. Ин раванд боиси пайдо шудани бетарафӣ нисбат ба ояндаи Ватан ва гум кардани ҳувияти миллӣ мегардад.

Барои пешгирӣ аз ин хатарҳо, ҷавононро мебояд, ки ҳангоми истифода аз фазои ахборӣ суфтаю санҷида амал кунанд, ҳар як иттилоотро бо чашми ақл ва тафаккури таҳлилӣ арзёбӣ намоянд ва худро аз доми даъватҳои афсонавӣ ва гумроҳкунанда муҳофизат намоянд.

Яке аз оқибатҳои нохушоянди ғарқ шудан дар дунёи маҷозӣ ва вобастагии шадид ба телефонҳои мобилӣ, ин дур мондани насли ҷавон аз китоб ва китобхонӣ мебошад. Интиқоли иттилооти қисм-қисм ва ё ба истилоҳи коршиносон клипӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тафаккури сатҳиро шакл медиҳад ва завқи хондани асарҳои бузурги адабиву илмиро аз байн мебарад.

Олимон ва ҷомеашиносон собит сохтаанд, ки дурӣ аз китоб боиси: камгапӣ ва маҳдуд шудани захираи луғавӣ; паст шудани сатҳи саводнокӣ ва маданияти муошират; заиф гардидани қобилияти таҳлил ва хулосабарории мустақилона; аз байн рафтани ҳисси ҷӯёиш ва эҷодкорӣ мегардад.

Инсон бе китоб монанди дарахти береша ё чашмаи хушкида аст. Насле, ки аз мутолиа дур мешавад, дар баробари мушкилоту чолишҳои зиндагӣ зудшикаст гардида, роҳи дурустро дар зиндагӣ пайдо карда наметавонад.

Китоб аз замонҳои қадим то ба имрӯз бузургтарин сарчашмаи хирад, чароғи равшанибахши роҳи инсоният ва кафили фарҳангу тамаддун буд ва хоҳад монд. Мутолиаи китоб раванди амиқи муколама бо бузургони таърих, маърифати ҷаҳон ва шинохти хештан аст.

Маҳз китоб аст, ки дар ҳаёти инсон ва ҷомеа нақшҳои зеринро мебозад:

- Равшаннамои ақл ва тафаккур: Китобхонӣ зеҳнро сайқал медиҳад, доираи фикриро афзун мегардонад ва ба инсон қобилияти дуруст баҳо додан ба ҳодисаҳои ҷомеаро мебахшад.

- Тарбиятгари ахлоқи воло: Асарҳои адабӣ инсонро ба дилсӯзӣ, ватандӯстӣ, адолатпарварӣ ва эҳтироми калонсолон ҳидоят мекунанд.

- Сипари боэътимод дар баробари хатарҳо: Ҷавоне, ки бо саводи мукаммал ва дониши амиқи таърихиву фарҳангӣ муҷаҳҳаз аст, ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои бегона ва таассуб намегардад.

Ниёгони донишандӯзи мо ҳамеша китобро азизтарин дороии хеш медонистанд. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар бузургон танҳо тавассути мутолиа ва заҳмати пайвастаи илмӣ ба оламе роҳ ёфтанд ва номи хешро ҷовидона сохтанд. Ва имрӯз низ хуршеди истеъдоду иқболашон торикиҳои осмони ниёконро нуру зиё бахшидаанд.

Дар шароити имрӯза, ки кишварҳои ҷаҳон барои пешқадамӣ дар соҳаҳои илм ва технология мусобиқа доранд, ҷавонони моро зарур аст, ки самти ҳаракати хешро дуруст муайян созанд. Ба андешаи банда, нигоҳ доштани мувозинат миёни истифода аз технологияҳои муосир ва мутолиаи китоб калиди муваффақияти ҳар як ҷавони соҳибмаърифат аст.

Технология бояд воситае барои огоҳӣ ва осонии корамон бошад, на фармонравои ақлу вақти мо. Ҷавононро мебояд, ки ҳушёрии маънавиро пеша карда, вақти худро барои донишандӯзӣ, рафтан ба китобхонаҳо ва омӯзиши илмҳои муосир сарф намоянд.

Аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ояндаи ҳар як миллат аз сатҳи маърифат, ҳушёрӣ ва масъулиятшиносии насли ҷавони он вобаста аст. Биёед, чун пайравони асили ин фарзанди фарзонаи миллат китобро дӯсти вафодор ва чароғи роҳи хеш қарор диҳем. Зеро танҳо тавассути дониш, тафаккури солим ва ҳушёрии сиёсӣ мо метавонем миллату кишвари хешро ба соҳили мурод ва пешрафти ҳақиқӣ бирасонем.

 

Меҳроб ҶАЛИЛОВ,

устоди кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ