КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
Яке аз мушкилоти мубрами замони муосир, ки ба рушди устувори ҷомеа ва давлат таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ таъсир мерасонад, балки метавонад ба рушди иқтисодӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эътимоди шаҳрвандон ба давлат халал ворид намояд. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Коррупсия яке аз омилҳои ҷиддии монеъшаванда ба рушди иқтисодии давлат ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва бозорӣ мебошад. Дар натиҷаи содир намудани амалҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ халалдор гардида, рақобати солим коҳиш меёбад, истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ маҳдуд шуда, замина барои афзоиши иқтисодиёти пинҳонӣ фароҳам меояд. Ҳамзамон, коррупсия метавонад ба паст шудани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ ва коста гардидани арзишҳои ахлоқию ҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия низ рӯ ба рӯ гардид. Бо мақсади таҳкими мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии зарурӣ ташаккул дода шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва санадҳои байналмилалии дахлдор эътироф гардиданд. Ин тадбирҳо ба такмили низоми пешгирии коррупсия, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудаанд.
Дар ин замина, бо ташаббус ва сиёсати роҳбарияти олии мамлакат барои ташаккули низоми муқовимат ба коррупсия ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию институтсионалӣ чораҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд. Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ваколатдори давлатӣ набуда, амали дастҷамъонаи давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, соҳибкорон ва шаҳрвандонро тақозо менамояд.
Коррупсия амали мураккаби иҷтимоӣ буда, сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии он гуногун мебошанд. Ба ин омилҳо нокифоя будани назорати ҷамъиятӣ, сустии механизмҳои шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, бархӯрди манфиатҳо, истифодаи нодурусти ваколатҳои хизматӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дохил мешаванд. Аз ин рӯ, муқовимати самаранок ба коррупсия бояд на танҳо ба ошкор ва ҷазо додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, балки пеш аз ҳама, ба пешгирии сабабу омилҳои ба вуҷудорандаи онҳо равона карда шавад.
Коррупсия ба муҳити соҳибкорӣ ва фаъолияти иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад. Вақте ки қарорҳои иқтисодӣ на бар асоси рақобати озод, қонун ва самаранокӣ, балки зери таъсири манфиатҳои шахсӣ қабул мешаванд, имкониятҳои рушди соҳибкории қонунӣ маҳдуд гардида, муҳити сармоягузорӣ ва рақобати солим осеб мебинад. Аз ин рӯ, таъмини шаффофият, соддагардонии расмиёти маъмурӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва такмили механизмҳои назоратӣ аз ҷумлаи воситаҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб мераванд.
Тавре дар яке аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».
Аз ин нуқтаи назар, сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ бояд ҳамчун маҷмуи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ ба роҳ монда шавад. Ҳадафи асосии он на танҳо ошкор намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор, балки аз байн бурдани сабабу шароитҳое мебошад, ки барои пайдоиш ва паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд.
Дар шароити муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо ва рушди механизмҳои назорати ҷамъиятӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҳамчунин, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ метавонад муносибатҳои мустақими ғайризарурии шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро коҳиш дода, барои кам намудани хавфҳои коррупсионӣ мусоидат намояд.
Муқовимат ба коррупсия раванди пайваста ва дарозмуддат буда, натиҷаи он аз ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Танҳо дар сурати ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ, эҳтиром ба қонун, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани муҳити шаффофу одилонаи иҷтимоию иқтисодӣ метавон ба коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд мусоидат намуд.
Ҳамин тавр, коррупсия на танҳо ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷинояти алоҳида, балки зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки оқибатҳои он ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия бояд ҳамчун вазифаи умумии давлат ва ҷомеа арзёбӣ гардида, дар ин самт истифодаи маҷмуи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва маърифатӣ ба роҳ монда шавад. Танҳо муносибати ҳамаҷониба ва иштироки фаъоли ҷомеа метавонад барои таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ ва таъмини рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.
А. РАҲИМЗОДА,
ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng