Таҳаввули мавзуъ, вусъати ҷаҳонбинӣ ва миқёси андеша дар осори сиёсӣ, илмӣ ва публисистии Пешвои миллат

Дар таърихи давлатдорӣ кам нестанд роҳбароне, ки сухан гуфтаанд, қарор қабул кардаанд, сиёсати давлати худро пеш бурдаанд, вале дар миёни онҳо шахсиятҳое ангуштшуморанд, ки андешаи сиёсӣ, таҷрибаи давлатдорӣ ва дарки таърихиро ба шакли осори хаттӣ низ ба мероси ҷомеа табдил дода бошанд.

Маҳз аз ҳамин зовия метавон осори сиёсӣ, илмӣ ва публисистии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди мутолиа ва омӯзиш қарор дод. Чунки арзиши онҳо танҳо дар миқдори китобҳо, маҷмуаҳо ва ҷилдҳо набуда, муҳимтар аз ҳама, дар ин осор тағйир ёфтани миқёси андеша ба назар мерасад. Агар ба ин мерос танҳо ҳамчун маҷмуаи китобҳо, суханрониҳо, паёмҳо, мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва муроҷиатномаҳо назар кунем, пеши рӯйи мо китобхонаи бузурги сиёсиву таърихӣ қарор мегирад. Аммо агар онҳоро дар заминаи таҳаввули андеша, тағйири муҳтавои сиёсати давлатдорӣ ва густариши ҷаҳонбинии миллӣ мутолиа намоем, манзараи дигар падидор мешавад: дар ин осор як раванди пайвастаи фикрӣ ба мушоҳида мерасад, ки дар онҳо марҳила ба марҳила вусъати тафаккур аз масъалаи наҷоти давлати тозаистиқлол оғоз шуда, ба барқарор кардани сулҳу субот, давлатсозӣ, худшиносии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, фарҳангсолорӣ, дипломатияи об, тағйирёбии иқлим, пиряхҳо, рушди устувор, амнияти байналмилалӣ, шинохти тамаддун ва ниҳоят ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ мерасад.

Сарчашмаҳои библиографӣ нишон медиҳанд, ки осори хаттии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбарии сиёсӣ дар моҳи ноябри соли 1992 тадриҷан ҷамъоварӣ ва ба шаклҳои гуногун ба нашр расидаанд. Чунончӣ, силсилаосори “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, ки дар 22 ҷилд 1558 матнро фаро мегирад, аз фарогирии хронологӣ ва мавзуии ин мерос шаҳодат медиҳад. Ҳамакнун пурсиши меҳварӣ зимни сайре иҷмолӣ дар чаманистони осори Пешвои миллат  ҳамин аст, ки андешаи сиёсӣ ва публитсистии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли сеяк қарн чӣ гуна таҳаввул ёфтаву бо кадом пайдарпайии мантиқӣ аз масъалаи наҷоти давлат ба ҷустани роҳи ҳалли масъалаҳои умумии башарият расидааст?

Барои дарки ин раванд метавон осори мазкурро шартан ба чор марҳилаи асосӣ ҷудо кард. Ва аммо ин марҳилаҳо сарҳадҳои қатъии хронологӣ надошта, балки давраҳои бартарии як гурӯҳи масъалаҳо ва шаклгирии самтҳои нави андешаро инъикос мекунанд.

МАРҲИЛАИ АВВАЛ

Солҳои 1992-1997: СУЛҲ ҲАМЧУН ШАРТИ НАҶОТИ ДАВЛАТ

Барои дарки муҳтавои суханрониҳо ва навиштаҳои солҳои аввали фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба воқеияти мураккаби таърихии он давра рӯ овард.

Тоҷикистон дар оғози истиқлол, ҳанӯз фурсати ташаккули комили ниҳодҳои давлатиро пайдо накарда, ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хатари парокандагии сиёсӣ, фурӯпошии сохторҳои идорӣ ва буҳрони иҷтимоӣ истиқлоли нав бадастомадаро зери таҳдид қарор дода буд. Дар чунин шароит ҳифзи давлат, барқарории низоми идоракунӣ ва расидан ба сулҳу субот вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб мешуд.

Маҳз ҳамин воқеият ба осори он давра хусусияти хос мебахшад. Мафҳумҳои «сулҳ», «Ватан», «давлат», «истиқлолият», «ваҳдат» ва «амният» на истилоҳоти назариявӣ, балки масъалаҳои сарнавиштсози миллат буданд. Сухан дар чунин муҳит ба воситаи сафарбарии ҷомеа, таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ табдил меёфт.

Матни «Ваҳдату меҳнат – асоси пешрафт» (1994), ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расидааст, рӯҳияи ҳамин давраро инъикос мекунад. Асарҳои «Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ» (1995) ва «Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» (1996) бошанд, аз тадриҷан васеъ шудани доираи андеша — аз ҳалли мушкилоти рӯзмарра то муайян намудани дурнамои давлатдорӣ — шаҳодат медиҳанд.

Дар ин марҳила сулҳ на танҳо ҳадафи сиёсӣ, балки шарти ҳастии давлат буд. Зеро бе сулҳ давлат вазифаҳои асосии худро иҷро карда наметавонад ва бе давлати пойдор истиқлолият мазмуни воқеии худро аз даст медиҳад.

Ҳамзамон, барқарорсозии мақомоти ҳокимият, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, таҳкими сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи сарҳад ва барқарории эътибори байналмилалии кишвар аз вазифаҳои муҳими давлатсозӣ буданд.

Дар ҳамин замина, 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нуқтаи гардиши таърихӣ гардид. Он на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои бозгашти гурезаҳо, эҳёи иқтисод ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ замина гузошт.

Дар ин давра масъалаи таърих низ тадриҷан ба меҳвари андеша ворид гардид. Асари «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996) талоши пайвастани давлатдории навинро бо хотираи таърихӣ ва решаҳои маънавии миллат таҷассум мекунад.

Ҳамин тавр, марҳилаи аввал аз ҳалли масъалаҳои фаврии сиёсӣ ба ташаккули як силсилаи мантиқии андеша роҳ мекушояд:

Сулҳ → давлат → истиқлолият → худшиносӣ → таърих.

МАРҲИЛАИ ДУЮМ

Солҳои 1998-2010: АЗ ДАВЛАТСОЗӢ БА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ШИНОХТИ ТАМАДДУН

Пас аз истиқрори сулҳ ва фароҳам омадани заминаҳои суботи сиёсӣ, дар баробари таҳкими ниҳодҳои давлатӣ масъалаи муайян намудани пояҳои ҳуқуқӣ, таърихӣ ва маънавии давлатдории миллӣ аҳаммияти бештар пайдо кард.

Дар ин марҳила мавзӯъҳои таърих, забон, фарҳанг, тамаддун ва мероси ниёгон дар осори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хос касб намуданд. Зеро эҳёи ҷомеаи аз буҳрони сиёсӣ гузашта на танҳо барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, балки бозсозии хотираи таърихӣ ва таҳкими арзишҳои муттаҳидкунандаи миллиро низ тақозо мекард.

Асарҳое чун «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ва «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» бозгашт ба гузаштаи миллатро бо ҳадафи дарки ҷойгоҳи он дар замони муосир инъикос мекунанд.

Таваҷҷуҳ ба шахсиятҳое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ ва дигар чеҳраҳои мондагор низ дар ҳамин замина арзёбӣ мешавад. Ин раванд на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки муаррифии саҳми миллат дар тамаддуни башарӣ ва пайванди наслҳои имрӯз бо мероси ниёгон мебошад.

Дар баробари таърих, забон ҳамчун барандаи хотираи таърихӣ ва рукни муҳими давлатдорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ин андеша дар асари «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври фарогир ифода ёфтааст. Унвони китоб худ як ҳақиқати муҳимро бозгӯ мекунад: ҳастии таърихии миллатро бе забони он тасаввур кардан имкон надорад.

Асарҳои «Инсон ва андешаи ҷаҳонсози ӯ» (2005), «Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳон» (2006), «Мероси Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир» (2007) ва навиштаҳои марбут ба Имоми Аъзам аз густариши доираи андеша — аз худшиносии миллӣ то робитаи мероси миллӣ бо арзишҳои умумибашарӣ — шаҳодат медиҳанд.

Дар ин марҳила қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) низ барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Муайян гардидани асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ раванди давлатсозиро ба меъёрҳои конститутсионӣ пайванд дод. Пас, марҳилаи дуюмро метавон давраи таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, таърихӣ ва маънавии давлатдорӣ номид.

Давлатсозӣ → худшиносӣ → таърих → забон → фарҳанг → тамаддун → арзишҳои умумибашарӣ.

МАРҲИЛАИ СЕЮМ

Солҳои 2011-2020: АЗ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ БА МУКОЛАМАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ОБ

Дар ин марҳила доираи андеша боз ҳам васеъ шуда, масъалаҳои таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ бо рушди иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ пайванд меёбанд.

Асарҳои «Бист қадами созанда», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат - ҳастии миллат» ва «Уфуқҳои Истиқлол» паҳлуҳои гуногуни ин таҳаввулро инъикос мекунанд.

Агар «Чеҳраҳои мондагор» таърихи миллатро тавассути шахсиятҳои барҷаста бозтоб намояд ва «Забони миллат – ҳастии миллат» сарнавишти забонро бо ҳастии миллӣ пайванд диҳад, «Уфуқҳои Истиқлол» масъалаҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва манфиатҳои миллиро фаро мегирад. Ин асар соли 2018 аз ҷониби «Ганҷ-нашриёт» дар ҳаҷми 436 саҳифа ба табъ расидааст. Мафҳуми «уфуқ» дар унвони китоб рамзи васеъшавии доираи назар ва ҷустуҷӯи дурнамои нави давлатдорӣ мебошад. Аммо муҳимтарин хусусияти ин марҳила густариши сиёсати хориҷӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани масъалаҳои дорои аҳаммияти умумибашарӣ мебошад. Яке аз намунаҳои равшани он ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об аст.

Дар асри 21 тағйирёбии иқлим, камбуди захираҳои об, афзоиши аҳолӣ, амнияти озуқаворӣ ва энергетика ба масъалаҳои ба ҳам вобаста табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, об дигар танҳо захираи табиӣ набуда, балки омили амнияти инсон ва рушди устувор мебошад.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид — эълон гардидани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018–2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - ин равандро ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварданд. Ин иқдомҳо нишон доданд, ки Тоҷикистон масъалаи обро на танҳо аз мавқеи манфиатҳои миллӣ, балки ҳамчун омили ҳамкорӣ ва рушди устувор ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид менамояд. Ҳамин тавр, таҷрибаи миллӣ ба пешниҳоди ҷаҳонӣ табдил ёфта, дипломатияи об ба таҷассуми марҳилаи нави андешаи давлатдорӣ мубаддал мегардад.

МАРҲИЛАИ ЧОРУМ

Солҳои 2021-2026: АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО АНДЕШАИ ҶАҲОНӢ

Марҳилаи чорум идомаи мантиқии равандҳои пешин буда, масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, пиряхҳо, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва ҳифзи муҳити зистро дар иртиботи мутақобила баррасӣ менамояд.

Хусусияти асосии ин давра гузариш аз масъалагузории ҷудогона ба дарки робитаҳои глобалӣ мебошад. Обро бе дарназардошти иқлим, иқлимро бе омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва амнияти обиро бе пайванди он бо озуқаворӣ ва энергетика пурра фаҳмидан имкон надорад.

Соли 2022 - об ҳамчун масъалаи амнияти глобалӣ.

Дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» масъалаҳои об дар иртибот бо тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд. Ҳамин тавр, масъалаи об ҳамчун яке аз омилҳои калидии амнияти инсон ва суботи ҷаҳонӣ мавқеи бештар пайдо кард.

Соли 2023 - эътирофи байналмилалии масъалаҳои об ва пиряхҳо.

Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, ки бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерландия баргузор гардид, дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об аҳаммияти махсус дошт. Дар ҳамин сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаҳои марбут ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2025–2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфераро қабул намуд.

Пиряхҳо захираи стратегии оби ширин ва омили муҳими амнияти экологӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳифзи онҳо масъулияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Соли 2024 - пайванди масъалаҳои глобалӣ.

Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» дар Душанбе масъалаҳои об, иқлим, энергетика, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун ҷузъҳои як низоми ба ҳам вобаста баррасӣ гардиданд.

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар Душанбе низ аҳаммияти байналмилалии ин масъалаҳоро собит намуд.

Соли 2025 - ҳифзи пиряхҳо ҳамчун масъулияти башарӣ.

Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе яке аз рӯйдодҳои муҳимми ин раванд гардид.

Моҳияти ин иқдом дар он аст, ки масъалаи пиряхҳо аз доираи баҳсҳои маҳдуди илмӣ ва экологӣ берун рафта, бо ояндаи захираҳои обӣ, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва зиндагии миллионҳо инсон пайванд ёфт. Ҳифзи пиряхҳо дар асл ҳифзи имконияти зиндагии наслҳои имрӯз ва оянда мебошад.

Соли 2026 - аз ташаббусҳои имрӯз ба рӯзномаи фардо.

Дар ин давра масъалаи ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 аҳаммияти бештар пайдо кард. Аз ҷумла, дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», ки 26 майи соли 2026 баргузор гардид, дурнамои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина “Чаҳорчӯби Душанбе барои об” ҳамчун василаи пешбурди ҳамкории байналмилалӣ ва ташаккули рӯзномаи ояндаи об аҳаммият пайдо мекунад. Ҳамин тавр, дар марҳилаи чорум андешаи сиёсӣ аз масъалаҳои миллӣ ва минтақавӣ ба мушкилоти ба ҳам вобастаи глобалӣ мерасад.

ЧОР МАРҲИЛА, ЯК РАВАНДИ ПАЙВАСТАИ АНДЕША

Агар осори сиёсӣ, илмӣ ва публисистии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз соли 1992 то соли 2026 дар маҷмӯъ баррасӣ кунем, чор марҳилаи асосӣ ба назар мерасад:

Марҳилаи якум (1992–1997) — сулҳ ва наҷоти давлат.

Меҳвар: хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ҳифзи истиқлолият, барқарории сохторҳои давлатӣ ва таъмини субот.

Марҳилаи дуюм (1998–2010) — давлатсозӣ ва худшиносии миллӣ.

Меҳвар: таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, таърихӣ ва маънавии давлатдорӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, ҳифзи забону фарҳанг ва шинохти мероси тамаддунии миллат.

Марҳилаи сеюм (2011–2020) — муколамаи байналмилалӣ ва дипломатияи об.

Меҳвар: муаррифии манфиатҳои миллӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва ворид намудани масъалаи об ба рӯзномаи ҷаҳонӣ.

Марҳилаи чорум (2021–2026) — андешаи ҷаҳонӣ ва масъулияти байналмилалӣ.

Меҳвар: об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, амнияти обӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ.

Ин марҳилаҳо аз ҳам ҷудо нестанд. Сулҳ заминаи давлатдорӣ гардид, давлатдорӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ роҳ кушод, худшиносӣ таваҷҷуҳро ба таърих, забон ва тамаддун афзуд ва шинохти ҷойгоҳи таърихӣ барои муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ замина гузошт. Ин раванд дар марҳилаи баъдӣ ба дипломатияи об ва масъалаҳои глобалии иқлим ва пиряхҳо пайваст гардид.

АЗ “МО” ТО “ҶАҲОН”: ВАСЕЪШАВИИ ДОИРАИ МАСЪУЛИЯТ

Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби таҳаввули осори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйир ёфтани доираи мафҳуми «мо» мебошад.

Дар солҳои аввали истиқлол «мо» пеш аз ҳама мардуми Тоҷикистонро ифода мекард, ҷомеае, ки бояд аз парокандагӣ раҳо ёфта, сулҳро барқарор ва давлати соҳибистиқлоли худро ҳифз намояд.

Баъдан ин мафҳум мазмуни васеътар гирифт: миллати соҳибдавлате, ки таърих, забон, фарҳанг ва мероси тамаддунии худро эҳё мекард.

Дар марҳилаи баъдӣ «мо» Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Кишвар на танҳо манфиатҳои худро ҳимоя мекард, балки барои ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ низ пешниҳодҳо манзур менамуд.

Имрӯз ин доира боз ҳам васеътар гардида, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои об, иқлим, пиряхҳо ва рушди устувор саҳм мегузорад. Ҳамин тавр, доираи масъулият аз ҳифзи манфиатҳои дохилии давлат ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ густариш меёбад. Аз “мо”-и миллӣ то масъулияти муштарак дар назди ҷаҳон. Чунин метавон самти умумии ин таҳаввулро тавсиф кард.

Ин раванд, албатта, маънои камранг шудани манфиатҳои миллӣро надорад. Баръакс, таҷрибаи давлатсозӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ замина фароҳам меорад, ки кишвар масъалаҳои умумибашариро аз мавқеи худ ва бо дарназардошти манфиатҳои муштарак баррасӣ намояд.

ОСОР ҲАМЧУН ОИНАИ ТАЪРИХ ВА МАНБАИ АНДЕШАИ ДАВЛАТДОРӢ

Арзиши осори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо аз рӯйи шумораи китобҳо, балки пеш аз ҳама аз нигоҳи таҳаввули мавзӯъ, муҳтавои андеша ва заминаи таърихии онҳо бояд арзёбӣ кард.

Дар маҷмуъ, пайдарпайии муайяни фикрӣ ба назар мерасад:

- «Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ» — бозтоби ташаккули андешаи истиқлол ва худшиносии миллӣ;

- «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» ва дигар навиштаҳои таърихӣ — пайванди давлатдории навин бо хотираи таърихии миллат;

- «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» — ифодаи арзишҳои ҳувиятсоз ва маънавии ҷомеа;

- «Уфуқҳои Истиқлол» — ҷамъбасти таҷрибаи давлатдорӣ ва баррасии дурнамои рушди кишвар;

- силсилаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» — бозтоби бисёрсолаи раванди давлатсозӣ тавассути суханрониҳо, паёмҳо, мақолаҳо ва мусоҳибаҳо.

Албатта, ин асарҳо аз лиҳози жанр ва вазифа яксон нестанд. Қисме хусусияти таҳқиқотӣ дошта, қисми дигар суханрониҳо ва матнҳои расмии сиёсиро дар бар мегиранд. Аммо дар маҷмӯъ онҳо барои омӯзиши таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон, сиёсати фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва дипломатияи кишвар маводи фаровон фароҳам меоранд.

Дар ин замина силсилаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» аҳаммияти махсус дорад. Ҷилдҳои 18 ва 19-и он, ки солҳои 2019 ва 2020 дар нашриёти «Ирфон» ҳар кадом дар ҳаҷми 576 саҳифа ба табъ расидаанд, хусусияти фарогир ва солномавии маҷмуаи мазкурро нишон медиҳанд.

Ин силсила на танҳо рӯйдодҳои муҳими даврони истиқлолро бозтоб медиҳад, балки имконият фароҳам меорад, ки таҳаввули масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ дар заминаи таърихӣ таҳлил карда шавад. Аз ин ҷиҳат, он аҳаммияти муҳими манбаъшиносӣ низ дорад.

СУХАН ДАР ПАЙВАНДИ ЗАМОН: ЧАРО ИН ОСОРРО БОЯД ДИГАРГУНА ХОНД?

Ҳангоми омӯзиши осори сиёсатмадорон бояд як нуктаи методологиро ба назар гирифт: ҳар матн маҳсули замон ва воқеияти муайяни таърихист. Аз ин рӯ, осори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд дар иртибот бо рӯйдодҳои сиёсӣ, қарорҳои давлатӣ ва равандҳои иҷтимоии давраи таълиф мутолиа кард.

Сухан дар бораи сулҳро бе дарназардошти ҷанги шаҳрвандӣ, андешаҳои марбут ба Ваҳдати миллиро бе таҷрибаи парокандагии ҷомеа ва масъалаи худшиносиро бе эҳёи давлатдории навин пурра фаҳмидан имкон надорад. Ҳамин тавр, масъалаи обро бояд дар заминаи мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва нақши он дар низоми обии Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.

Мутолиаи хронологӣ ва муқоисавию таҳлилӣ имкон медиҳад, ки идомаи андешаҳо, тағйири масъалагузорӣ ва табдил ёфтани таҷрибаи дохилии давлатдорӣ ба ташаббусҳои байналмилалӣ муайян карда шавад. Аз ин нигоҳ, китобҳои солҳои аввали истиқлол на танҳо матнҳои сиёсии ҳамон давра, балки сарчашмаҳои муҳими омӯзиши таърихи ташаккули давлат мебошанд. Осори марбут ба худшиносӣ, забон ва фарҳанг барои таҳқиқи сиёсати ҳувиятӣ, матнҳои марбут ба об ва сиёсати хориҷӣ бошанд, барои омӯзиши дипломатияи муосири Тоҷикистон аҳаммияти хос доранд.

Пас, омӯзиши ин осор танҳо вазифаи таърихнигорон ва сиёсатшиносон нест. Онҳо барои иқтисоддонҳо, ҳуқуқшиносон, фарҳангшиносон, забоншиносон, рӯзноманигорон ва омӯзгорон низ сарчашмаи муҳими таҳлил ба шумор мераванд.

АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ПЕШНИҲОДИ ҶАҲОНӢ

Яке аз натиҷаҳои муҳими таҳлили осори мазкур дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлол тадриҷан аз мавқеи кишвари машғули ҳалли мушкилоти дохилӣ ба мавқеи кишвари пешниҳодкунандаи ташаббусҳои дорои аҳаммияти минтақавию байналмилалӣ расид.

Ин тағйирот танҳо натиҷаи фаъолияти дипломатӣ ё баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ нест. Дар паси он раванди тӯлонии давлатсозӣ, андӯхтани таҷрибаи сиёсӣ ва муайян гардидани афзалиятҳои миллӣ қарор дорад.

Дар солҳои аввали истиқлол Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои сарнавиштсози дохилӣ: сулҳ, ваҳдат, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, бозгашти гурезаҳо ва эҳёи иқтисод — ниёз дошт. Бо таҳкими давлатдорӣ имкони густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии манфиатҳои кишвар фароҳам омад.

Масъалаи об равшантарин намунаи ин раванд аст. Тоҷикистон бо такя ба мавқеи ҷуғрофӣ ва аҳаммияти захираҳои обии худ тавонист мавзӯи барои минтақа ҳаётан муҳимро ба яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил диҳад. Баъдан масъалаҳои пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва амнияти обӣ низ ба ин доираи ҳамкорӣ ворид шуданд. Маънои амиқи ин раванд дар он аст, ки таҷрибаи миллӣ ба забони манфиатҳои муштараки башарият ифода меёбад.

Албатта, пешниҳоди ташаббусҳо худ ба худ маънои ҳалли мушкилотро надорад. Самараи онҳо аз иҷрои санадҳои қабулшуда, ҳамкории кишварҳо ва татбиқи амалии пешниҳодҳо вобаста мебошад. Аммо ворид намудани масъалаҳои муҳим ба рӯзномаи байналмилалӣ ва ташаккули механизмҳои ҳамкорӣ худ қадами назаррас аст.

АЗ НАҶОТИ ДАВЛАТ ТО МАСЪУЛИЯТ ДАР НАЗДИ БАШАРИЯТ

Таҳаввули осори сиёсӣ, илмӣ ва публисистии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар солҳои 1992–2026 метавон раванди пайвастаи васеъ шудани доираи андеша ва масъулияти давлатдорӣ арзёбӣ кард.

Ин раванд аз зарурати ҳифзи давлати тозаистиқлол ва наҷоти ҷомеа аз буҳрони сиёсӣ оғоз ёфт. Сипас ба таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, таърихӣ ва маънавии давлатдорӣ гузашт. Баъдан худшиносии миллӣ бо шинохти тамаддун ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайваст гардид. Дар марҳилаи кунунӣ бошад, об, иқлим, пиряхҳо ва рушди устувор ба меҳвари муҳими масъалагузорӣ табдил ёфтаанд.

Ин роҳи тайшударо метавон бо як силсилаи мантиқӣ ифода кард:

Сулҳ - давлат - миллат - таърих - забон - фарҳанг - тамаддун - ҳамкорӣ - об - иқлим - пиряхҳо - рушди устувор  ҷаҳон. Аммо ин танҳо пайдарпайии мафҳумҳо нест, балки таърихи васеъ шудани доираи масъулият мебошад.

Дар оғози истиқлол масъулият пеш аз ҳама дар назди Ватан, давлат ва мардум қарор дошт. Баъдан масъулият дар назди таърих, забон, фарҳанг ва наслҳои оянда мазмуни бештар гирифт. Имрӯз бошад, дар баробари инҳо, масъулият дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои фаромиллӣ низ аҳаммияти хос пайдо кардааст. Зеро давлатдорӣ танҳо ҳифзи ҳудуд ва идоракунии равандҳои дохилӣ нест. Он ҳамзамон ҳифзи сулҳ, таҳкими хотираи таърихӣ, рушди маънавии ҷомеа, таъмини амнияти инсон ва саҳм гузоштан дар ҳалли мушкилоти муштараки башариятро дар бар мегирад.

Об, иқлим ва пиряхҳо сарҳадҳои сиёсиро намешиносанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоти вобаста ба онҳо тафаккури фаромиллӣ ва ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунад.

Албатта, байни чор марҳилаи зикршуда сарҳади қатъӣ вуҷуд надорад. Масъалаҳои сулҳ, истиқлолият, худшиносӣ, таърих ва фарҳанг дар давраҳои баъдӣ низ идома ёфтаанд. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷаҳонӣ аз оғози истиқлол дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ буданд. Аммо тағйири меҳвари масъалагузорӣ имкон медиҳад, ки таҳаввули умумии андеша дар чор марҳилаи асосӣ мушоҳида шавад.

Муҳим он аст, ки ин равандро на гузариши ногаҳонӣ аз масъалаҳои миллӣ ба масъалаҳои ҷаҳонӣ, балки натиҷаи мантиқии таҷрибаи беш аз сисолаи давлатсозӣ дарк кунем. Миллате, ки аз озмоишҳои душвори таърих гузашта, давлатдории худро ҳифз кардааст, дар марҳилаи баъдӣ имкони рӯ овардан ба масъалаҳои фарохтарро пайдо мекунад.

Шояд муҳимтарин хулосаи таҳлили ин осор низ ҳамин бошад: сухане, ки дар оғози истиқлол аз зарурати сулҳ ва наҷоти давлат сарчашма мегирифт, имрӯз ба андеша дар бораи ояндаи минтақа ва ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ пайванд хӯрдааст. Аз ин рӯ, роҳи тайшуда аз «сухани сулҳ» то «андешаи ҷаҳонӣ» танҳо тағйири мавзӯъҳо нест. Ин роҳи васеъ шудани доираи дид, масъулият ва ҷаҳонбинии давлатдорӣ мебошад. Зеро давлат нахуст дар воқеияти таърихӣ бунёд мешавад, сипас дар қонун устувор мегардад, дар хотираи миллӣ ҷой мегирад ва дар андешаи ҷомеа шакли пойдор пайдо мекунад.

Хулласи калом, аз сухани сулҳ то андешаи ҷаҳонӣ! Ҳамин аст яке аз роҳҳои асосии дарку арзёбии таҳаввули осори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон.Эзоҳи муҳими пеш аз нашр: Ихтисор асосан аз ҳисоби бартараф намудани такрори мазмун сурат гирифт, на аз ҳисоби кам кардани муҳтавои таҳлилӣ. Танҳо як тавсия: санаҳо, унвонҳои пурраи асарҳо, маълумоти библиографӣ ва номгузории расмии чорабиниҳои СММ, махсусан барои солҳои 2023–2026, бояд бо сарчашмаҳои расмӣ муқоиса карда шаванд.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ