(Бахшида ба 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар таърихи давлатдории ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки фаъолияти сиёсӣ ва роҳбарии онҳо бо марҳалаҳои муҳими ташаккули давлат, таҳкими истиқлолият ва рушди ҷомеа пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон низ марҳалаи соҳибистиқлолӣ ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо равандҳои ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ иртиботи амиқ дорад.

Ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана имконияти муҳим барои омӯзиши таърихи давлатдории навин, арзёбии дастовардҳои даврони истиқлолият ва дарки нақши ниҳоди президентӣ дар таъмини суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.

Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ барои мамлакат давраи ниҳоят ҳассос ва сарнавиштсоз буданд. Дар чунин шароити мураккаб баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 ба яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ табдил ёфт. Маҳз 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Ин марҳала дар раванди барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар аҳаммияти хосса дошт.

Баъдан, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро муқаррар намуд. Ҳамзамон, ниҳоди президентӣ дар низоми идоракунии давлатӣ мақоми конститутсионии худро пайдо кард.

16 ноябри соли 1994 маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ ва рушди институтҳои конститутсионии мамлакат робитаи мустақим дорад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июни соли 1997 мебошад. Ин санади таърихӣ ба хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва фароҳам омадани шароити мусоид барои барқарорсозии иқтисодиёт, рушди иҷтимоӣ ва таҳкими институтҳои давлатӣ замина гузошт.

Таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ омили бунёдии таъмини амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва устувории давлатдорӣ мебошад. Зеро бе суботи сиёсӣ татбиқи барномаҳои дарозмуддати иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори миллӣ душвор мегардад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳалаҳои гуногуни ислоҳоти иқтисодӣ, барқарорсозии инфрасохтор ва ташаккули муносибатҳои бозориро паси сар намуд. Дар сиёсати давлатии кишвар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян гардиданд.

Дар ин замина, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти инфрасохторӣ барои васеъ гардидани имкониятҳои иқтисодии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Махсусан, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ ба рушди иқтидори истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона гардидааст.

Бо вуҷуди пешрафтҳои бадастомада, иқтисодиёти кишвар ҳанӯз бо як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, рушди технологияҳои инноватсионӣ, диверсификатсияи истеҳсолот ва тақвияти иқтидори содиротӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ҳалли ин масъалаҳо такмили минбаъдаи низоми идоракунии давлатӣ, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва ҷалби васеи имкониятҳои сармоягузориро тақозо менамояд.

Дар марҳалаи муосир яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Рақамикунонии идоракунии давлатӣ метавонад ба баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳокимият, содагардонии расмиёти маъмурӣ, коҳиш додани хароҷоти хизматрасонӣ ва беҳтар намудани робитаи давлат бо шаҳрвандон мусоидат намояд.

Дар ин раванд, рушди ҳукумати электронӣ, тавсеаи хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва такмили низоми мубодилаи иттилоот байни мақомоти давлатӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунанд.

Татбиқи самараноки ин ташаббусҳо ба таҳкими амнияти иқтисодӣ, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сифати идоракунии давлатӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Аз ин нуқтаи назар, сиёсати навсозии идоракунии давлатӣ бояд бо рушди сармояи инсонӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои таълиму тарбия, рушди илм, дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ҷойгоҳи муҳим доранд.

Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва фаъоли ҷомеа метавонанд дар рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти технологияҳои муосир, таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадоранд, ки мутахассисони дорои донишҳои назариявӣ, кадрҳои соҳибкасб, ташаббускор, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии муосирро омода намоянд.

Омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия, риояи қонунгузорӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳимми ташаккули насли созанда ва ватандӯст ба ҳисоб мераванд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки ҷомеа ба роҳи тайкардаи давлат дар даврони истиқлолият назар афканда, дастовардҳо, таҷрибаи таърихӣ ва вазифаҳои минбаъдаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад.

Аҳаммияти ин рӯз, пеш аз ҳама, дар шинохти арзишҳои давлатдории миллӣ, таҳкими эҳтиром ба Конститутсия, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дарки масъулияти муштараки шаҳрвандон барои ояндаи мамлакат ифода меёбад.

Имрӯз рушди устувори Тоҷикистон аз ҳамкории самараноки мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, муассисаҳои илмӣ ва тамоми шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Зеро пешрафти давлат натиҷаи фаъолияти муштараки ҷомеа, татбиқи сиёсати созанда, меҳнати бунёдкорона ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои миллӣ мебошад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини миллӣ ҷойгоҳи хосса дошта, бо марҳалаҳои муҳими ташаккули низоми конститутсионӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва рушди давлатдории соҳибистиқлол алоқаманд мебошад.

Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои гуногуни таърихи муосири кишвар бо равандҳои сулҳофаринӣ, таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайванд дорад.

Дар баробари ин, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди минбаъдаи мамлакат масъулияти муштараки давлат ва ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бо меҳнати содиқона, фаъолияти созанда, риояи қонунҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа метавонад дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда дошта бошад.

Ҳамин тариқ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсатест барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватан. Арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот бояд меҳвари фаъолияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

 

Абдукарим МУМИНЗОД,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,

декани факултети молия ва қарзи ДДМИТ