Бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатиро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо ба масъалаи мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он диққати ҷиддӣ медиҳем ва гузашта аз ин, мубориза бо кирдорҳои коррупсиониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардаем.

                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Маълум аст, ки коррупсия ё фасод дар низоми иқтисодию амниятии ҷаҳон таъсири манфӣ расонида, њамеша барандаи сабабҳои буҳронҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсї ва маънавию иљтимои мегардад, ки на фаќат ба буҷети давлат балки ба авзои иљтимоию сиёсї зарари калон мерасонанд. Дар ҷаҳони муосир пешрафту тараққиёти ҷамъият, глобализатсия ва бархӯрди тамаддунҳо дар назди башарият мушкилиҳои нав ба навро эҷод мекунанд. Яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ин фасод мебошад, ки дар баробари пешрафту тараққиёти олам густурдатар гардида, дар қишрҳои гуногуни ҷомеа, дар манотиқи мухталифи дунё реша давонидааст.

Омилҳои асосии афзоиши коррупсия дар ҷомеаи мо коршиносони масоили сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ буда, аз як тараф, дар паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар, омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он медонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Ин далелҳо гувоҳанд, ки имрӯзҳо коррупсия ба як мушкилии умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, бобати ҳалли ин масъала ягон давлату мамлакате бетараф буда наметавонад. Тоҷикистон ҳам барои рушди ҳамаҷониба ва суботи ояндаи миллати хеш дар қатори дигар мамолики дунё имрӯзҳо баҳри нест намудани ин падидаи номатлуб кӯшишҳо карда истодааст.

Пас аён мегардад, ки аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон, дар заминаи имкониятҳои мавҷуда мақомоту сохторҳои гуногун таъсис  дода шуд. Бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардида, соли 2007 Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия табдил дода шуд. Соли 2008-ум аз ҷониби Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба тасвиб расид ва меъёрҳои қонунгузории милии Тоҷикистон ба он мутобиқ карда шуд.

Имрӯз коррупсия амалест, ки натанҳо ҷомеаи як давлатро, балки кулли башариятро ба ташвиш овардааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар пешрафти давлату миллат монеаҳои бузургро эҷод намуда, имкон намедиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум боло равад. Пеш аз ҳама, роҳи пешгирии ин амали нангин, дар тарбияи дурусти насли наврас баланд бардоштани шуури сиёсӣ-ҳуқуқии мардум, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аст, ки ин ҳама метавонад, то ҷое ҷомеаи муосирро аз амалҳои коррупсионӣ амон бахшад. Ин ҳамаро ба назар гирифта, Президенти кишвар зимни суханрониашон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба сохторҳои гуногун супоришҳои махсус доданд: «…бояд корҳо дар самти ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо коррупсия, робита бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷрои меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ аз тарафи аҳли ҷомеа вусъат бахшида шавад».Бояд қайд кард, ки пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар кишвари мо яке аз масъалаҳои асосии сиёсати кишвар ба шумор рафта, ҳар сол ҷиҳати пешгирии ин падидаи нангин аз ҷониби сохторҳои давлатии босалоҳият санҷишҳо гузаронида мешавад.  

Бояд қайд намуд, ки барои пешгирӣ намудан аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия, соли 2003 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид,  Конвенсияи зидди коррупсия қабул гардида, ҳамзамон бо ташаббуси Маҷмааи кулли созмони зикргардида, 9 - уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон гардид.

Дар ин росто пай дар пай қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26-уми январи соли 2008 таҳти №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-юми августи соли 2013 таҳти №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021 таҳти №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.

Конвенсияву стратегияҳои мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда дар ин самт мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида мешавад.

Бояд қайд кард, ки пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар кишвари мо яке аз масъалаҳои асосии сиёсати кишвар ба шумор рафта, ҳар сол ҷиҳати пешгирии ин падидаи нангин аз ҷониби сохторҳои давлатии босалоҳият санҷишҳо гузаронида мешавад. Имрӯз коррупсия амалест, ки натанҳо ҷомеаи як давлатро, балки кулли башариятро ба ташвиш овардааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар пешрафти давлату миллат монеаҳои бузургро эҷод намуда, имкон намедиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум боло равад. Пеш аз ҳама, роҳи пешгирии ин амали нангин, дар тарбияи дурусти насли наврас баланд бардоштани шуури сиёсӣ-ҳуқуқии мардум, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аст, ки ин ҳама метавонад, то ҷое ҷомеаи муосирро аз амалҳои коррупсионӣ амон бахшад. Ин ҳамаро ба назар гирифта, Президенти кишвар зимни суханрониашон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба сохторҳои гуногун супоришҳои махсус доданд: «…бояд корҳо дар самти ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо коррупсия, робита бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷрои меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ аз тарафи аҳли ҷомеа вусъат бахшида шавад».

Бояд қайд намуд, ки барои пешгирӣ намудан аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия, соли 2003 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид,  Конвенсияи зидди коррупсия қабул гардида, ҳамзамон бо ташаббуси Маҷмааи кулли созмони зикргардида, 9 - уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон гардид.

Дар ин росто пай дар пай қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26-уми январи соли 2008 таҳти №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-юми августи соли 2013 таҳти №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021 таҳти №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.

Конвенсияву стратегияҳои мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда дар ин самт мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида мешавад.

 Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки кирдорҳои коррупсионӣ имрӯзҳо то ҷое падидаи нангину номатлуб дониста шудааст, ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ саъй бар он дорад, ки аз ин “вабои аср” наҷот ёбад. Пас, мо-халқи дорои фарњанги бою ѓании ќадима бояд бо мақсади равшан намудани фардои миллату давлати худ дар қатори ҷомеаи мутамадддини дунё бар зидди чунин зуҳуроти номатлубу амалҳои нангин мубориза бурда, дар роҳи расидан ба мақсадҳои сиёсӣ-иқтисодии худ фаъол бошем.

 

Х. НОЗИМОВ,

устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДМИТ