Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ марҳилаҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян намуда, масъалаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро дар маркази сиёсати рушди миллӣ қарор дод.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобати афзояндаи технологӣ ва тағйирёбии босуръати бозорҳо, истифодаи зеҳни сунъӣ дигар танҳо як интихоби техникӣ набуда, балки зарурати объективии таъмини рушди устувор, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Паёми соли 2025 ин равандҳоро бо далелҳои мушаххас асоснок намуда, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон омода аст ба марҳилаи нави рушди ба дониш ва навоварӣ асосёфта ворид гардад. Дар Паёми мазкур таъкид гардид, ки тайи даҳ соли охир иқтисоди миллии кишвар рушди устувор дошта, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфтааст ва суръати миёнаи рушди солона 7,6 фоизро ташкил намудааст.

Ин нишондиҳандаҳо натиҷаи татбиқи пайгиронаи стратегияҳои давлатӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва такмили идоракунии иқтисодӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, Роҳбари давлат ба таври возеҳ таъкид намуданд, ки нигоҳ доштани чунин суръати рушд дар шароити печидашавии равандҳои ҷаҳонӣ танҳо бо истифодаи захираҳои анъанавӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи асосии баланд бардоштани маҳсулнокӣ, самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ пешниҳод мегардад.

Яке аз далелҳои равшани самаранокии рақамикунонӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат оварда шудааст, таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика мебошад. Пеш аз татбиқи ин низом, 30-40 фоизи истифодабарандагон ҳаққи истифодаи неруи барқро пурра пардохт намекарданд, ки ин ҳолат боиси талафоти калон ва беадолатиҳои иҷтимоӣ мегардид. Пас аз ҷорӣ шудани биллинг, сатҳи пардохт ба 100 фоиз расида, талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе аз 20 то 13 фоиз коҳиш ёфт. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки кам кардани таъсири омили инсонӣ тавассути технологияҳои рақамӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ метавонад шаффофият, интизоми молиявӣ ва самаранокии идоракуниро ба таври назаррас баланд бардорад. Ин мисол собит менамояд, ки зеҳни сунъӣ ва системаҳои рақамӣ метавонанд на танҳо воситаи техникӣ, балки абзори сиёсати давлатӣ бошанд. Истифодаи чунин технологияҳо дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла идоракунии молияи давлатӣ, маъмурикунонии андоз, хизматрасониҳои давлатӣ ва сиёсати иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки қарорҳо бар асоси таҳлили додаҳо ва далелҳои воқеӣ қабул гарданд. Дар Паёми навбатӣ гузариши пурра ба идоракунии рақамии молияи давлатӣ ҳамчун вазифаи стратегӣ муайян гардида, таъкид мешавад, ки истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад мониторинги иҷрои буҷет, баҳогузории самаранокии хароҷоти давлатӣ ва таҳлили натиҷавияти барномаҳои давлатиро дар сатҳи сифатан нав таъмин намояд.

Дар шароите, ки ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ расидааст, масъалаи самаранок истифода бурдани маблағҳо аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Зеҳни сунъӣ метавонад бо роҳи таҳлили ҷараёнҳои хароҷот, ошкор намудани хавфҳои фискалӣ ва пешгӯии таъсири қарорҳои сиёсӣ ба устувории молиявӣ ба такмили сиёсати буҷетӣ мусоидат намояд. Бартарии дигари стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Роҳбари давлат таъкид гардид, захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва имконияти истеҳсоли неруи барқи «сабз» мебошад.

Дар шароите, ки марказҳои коркарди маълумот ва системаҳои зеҳни сунъӣ ба захираҳои бузурги неруи барқ ниёз доранд, Тоҷикистон метавонад худро ҳамчун кишвари ҷолиб барои ҷойгиркунии дата-марказҳои «сабз» муаррифӣ намояд. Пешниҳоди таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди маълумот гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати давлатӣ ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи кишвар дар соҳаи захираҳои табиӣ ва энергетикӣ равона гардидааст.

Ҳамзамон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи сармояи инсонӣ ҳамчун омили калидии татбиқи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бе кадрҳои соҳибихтисос, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва таҳлилгарони додаҳо, татбиқи зеҳни сунъӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, рушди маориф, омӯзиши фанҳои дақиқ, технологияҳои рақамӣ ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ҳамчун авлавияти сиёсати давлатӣ муайян мегардад. Зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф метавонад на танҳо ҳамчун самти омӯзиш, балки ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим, баҳодиҳии шаффоф ва инфиродисозии раванди таълим истифода шавад.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зеҳни сунъиро ҳамчун муҳаррики асосии рушди миллӣ дар марҳилаи нави таърихӣ муаррифӣ намуда, гузариш аз Паём то амалро вазифаи стратегии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа муайян мекунад. Ин раванд далелнок будани татбиқи зеҳни сунъиро дар сиёсати рушди миллӣ тибқи Паёми Роҳбари давлат тасдиқ менамояд.

Амалӣ гардидани ин ҳадафҳо танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки иқдомҳои эълоншуда бо механизмҳои мушаххаси ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва молиявӣ таъмин гардида, ҳамоҳангии байни давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи илмӣ тақвият ёбад. Дар ин ҳолат, зеҳни сунъӣ метавонад ба омили воқеии рушди устувор, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон табдил ёбад.

Парвиз ҒАФУРОВ,

муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент