ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАСЪУЛИЯТИ СОЗАНДАГИВУ ИФТИХОРМАНДӢ
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар саршор аз тавсифи дастовардҳои бузургу беназири даврони соҳибистиқлолӣ ва суботу оромии ҷомеа буда, шаҳодати он аст, ки давлат ва миллати тамаддунсози тоҷик дар ҳалли масъалаҳои калидии ҷомеаи башар ва таъмини амнияту оромии минтақа нақши босазо доранд.
Рӯзи 16 декабри соли равон мо - устодони ДДМИТ бо тамоми мардуми шарафманди тоҷик бо як рӯҳияи баланди ватандорӣ дастҷамъона Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироагардидаро тамошо намуда, ҳар як ҳидояташро сармашқи кори худ қарор додем. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муҳим самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян карда, роҳнамои марҳалаи нави тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои ҳар як фарди ватандӯст ва хештаншиноси кишвар раҳнамои фардои дурахшон аст. Хусусан, эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” далели равшани ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ободии сарзаминамон ва тақвияти ҳисси миллӣ миёни шаҳрвандон мебошад. Ин ташаббус на танҳо моро водор месозад, ки барои рушду тараққиёти деҳа, маҳалла ва ноҳия саҳм гузорем, балки ба худшиносиву худогоҳии миллӣ такони тоза бахшем.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки худшиносӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ омили муҳим дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи кишвар мебошад. Ин арзишҳои муқаддас бояд дар зеҳну тафаккури ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли ҷавон реша давонад.
Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” мо – омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва ҳар як сокини масъулиятшиносро водор месозад, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, инчунин, баҳри ободии маҳал, беҳдошти муҳити зист, рушду пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ ва тақвияти ҳисси миллӣ саҳмгузор бошем.
Боварӣ дорем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи дастуру супоришҳои ин Паёми муҳиму тақдирсоз, соли 2026 ба соли татбиқи амалии ормонҳои миллӣ, худшиносии мардум ва густариши корҳои ободонӣ дар саросари кишвар табдил меёбад, то ин ки ҷашни муҳиму тақдирсози миллат 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварро бо дастовардҳои аз ин ҳам арзандатар пешвоз гирем.
Дар ин робита, Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон дар баробари баррасии дигар масъалаҳои муҳим ба инкишофи илми ватанӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Дар Паём таъкид карданд, ки дар шароити ҷаҳони имрӯза илм нақши калидӣ дошта, рушду тараққиёти давлатро таъмин менамояд.
Масъалаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат ба он диққати махсус дода шуд, мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккул додани афкори эҷодии халқ ва гиромидошти арзишҳои милливу фарҳангӣ мебошад. Татбиқи ин нукта имкон медиҳад, ки дастовардҳои гаронбаҳои фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифта, намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда шаванд.
Пешвои муаззами миллат олимона қайд карданд, ки “Мо набояд ба решаи фарҳанги бегона об диҳем. Бо хурофот давлат тараққӣ намекунад. Имрӯз марҳилаи худшиносии миллӣ фаро расид. Вақти баланд бардоштани маърифати миллати тоҷик омадааст” - ин нукта даъвати бедории миллати тамаддунофари тоҷик аст.
Боиси зикр аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ, балки роҳнамои аслии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии мардуми кишвар мебошад.
Қабул кардани Паём ҳамчун дастурамали рӯимизии мо маънои онро дорад, ки ҳар як роҳбару корманди масъул, ҳар як вакил, омӯзгор, коргар, ҷавонон ва шаҳрвандони фаъол бояд аз нуктаҳои муҳим ва ҳадафҳои стратегӣ огоҳ бошанд ва онро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ татбиқ намоянд.
Паём – пандест барои амал, роҳнамоест барои рушд ва калиди бедории маънавии миллат. Пешвои миллат моро ба худшиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва заҳмату амалҳои созанда даъват менамоянд. Аз ин рӯ, масъулияти ҳар яки мо татбиқи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дасти ҳам гирифтаву дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалӣ намудани ин барномаи мукаммали иқтисодию иҷтимоӣ, бо нияти расидан ба фардои дурахшони кишвар ва зиндагии босаодати ҳар як ҳамватан қадам ба сӯйи пеш гузорем.
Умарзода Наврӯз Нурулло,
декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ,
вакили Маҷлиси вакилони халқи н. Сино
Тоҷ
Рус
Eng