Аз силсилаи “НОМОВАРОНИ ДДМИТ” ДОНИШ - ПОЯИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КАЛИДИ ПЕШРАФТ
Суҳбати ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Очилдиев бо донишҷӯи соли чоруми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ Мутриба Муҳаммадиева - ду карат ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён аз фанни сиёсатшиносӣ дар солҳои таҳсили 2024-2025 ва 2025-2026
Дар замони рушди босуръати илму технология дониш ва ҷаҳонбинии фарогир ба омилҳои муҳими ташаккули мутахассиси рақобатпазир табдил ёфтаанд. Ҷомеа ба ҷавононе ниёз дорад, ки на танҳо соҳиби донишҳои амиқи тахассусӣ бошанд, балки мустақилона андеша ронанд, равандҳои муосирро таҳлил кунанд ва дар пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, азхудкунии донишҳои замонавӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд. Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои ошкор сохтани истеъдоди ҷавонон, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотӣ нақши муҳим доранд.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ бо фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзӣ, дастгирии ташаббусҳои донишҷӯён ва иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар рушди неруи зеҳнии ҷавонон саҳм мегузорад.
Дастоварди донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии соли 2026 далели ин гуфтаҳост. Намояндагони донишгоҳ бо касби шаш ҷойи ифтихорӣ - се ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм дар раддабандии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мақоми чорумро ишғол намуданд.
Яке аз ғолибони ин сабқат Мутриба Муҳаммадиева мебошад, ки ду сол пайдарпай аз фанни сиёсатшиносӣ сазовори ҷойи дуюм гардид. Дар суҳбат бо ӯ аз омодагӣ ба олимпиада, нақши устодону роҳбарияти донишгоҳ, аҳамияти донишҳои муосир ва ҳадафҳои минбаъдааш пурсон шудем.
- Мутриба, нахуст шуморо бо дастоварди назаррас дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ табрик мегӯем. Ин муваффақият барои шумо чӣ аҳаммият дорад ва чӣ гуна ба он ноил гардидед?
- Ташаккури зиёд устод, барои табрик ва таваҷҷуҳатон! Сазовори ҷойи дуюм шудан дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, ки соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ва соли таҳсили 2025-2026 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид, барои ман, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмати пайваста, омодагии ҷиддӣ ва дастгирии устодон аст. Ин дастовард маро водор мекунад, ки боз ҳам бештар омӯзам, донишамро такмил диҳам ва дар озмунҳои минбаъда натиҷаҳои беҳтар ба даст орам.
Ҳангоми омодагӣ кӯшиш мекардам, ки маводи таълимиро на танҳо аз ёд намоям, балки моҳияти масъалаҳоро дарк карда, робитаи онҳоро бо воқеияти ҷомеа муайян созам. Дар ин раванд роҳнамоии омӯзгорон, бахусус роҳбари илмиям Сиёвуш Ҳабибов хеле муҳим буд. Ин муваффақиятро танҳо дастоварди шахсии худ намедонам. Он натиҷаи ҳамкорӣ бо устодон, истифодаи имкониятҳои таълимӣ ва муҳите мебошад, ки барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ фароҳам оварда шудааст.
- Шумо дар ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит таҳсил мекунед, аммо дар олимпиада аз фанни сиёсатшиносӣ муваффақ гардидед. Чӣ шуморо ба омӯзиши ин фан ҳавасманд кард?
- Ба андешаи ман, мутахассиси муосир бояд на танҳо дар соҳаи интихобкардаи худ донишманд бошад, балки аз равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа низ огоҳӣ дошта бошад. Донишҳои фарогир ба инсон имкон медиҳанд, ки воқеиятро амиқтар дарк кунад, масъалаҳоро аз паҳлуҳои гуногун баррасӣ намояд ва хулосаҳои асоснок барорад.
Фанни сиёсатшиносӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ, тафаккури таҳлилӣ ва дарки муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекунад. Ҳамчун донишҷӯи соҳаи молия ва иқтисод, ман зарурати пайванди донишҳои тахассусиро бо илмҳои ҷамъиятӣ муҳим мешуморам.
- Гуфтед, ки дар муваффақияти худ аз роҳбари илмиятон Сиёвуш Ҳабибов сипосгузоред. Вале мушаххасан иброз надоштед, ки ин саҳм аз чӣ иборат буд?
- Саҳми устод Сиёвуш Ҳабибов дар омодагии ман назаррас аст. Роҳнамоӣ, тавсияҳои методӣ, шарҳи масъалаҳои мураккаб ва талқин намудани муносибати таҳлилӣ ба маводи таълимӣ барои беҳтар омода шуданам кумак карданд. Устод ҳамеша таъкид менамуданд, ки донишҷӯ бояд на танҳо маълумотро аз худ кунад, балки қобилияти мустақилона андешидан, далелҳоро муқоиса кардан ва назари худро асоснок намуданро низ инкишоф диҳад. Ин тарзи омӯзиш дар омодагӣ ба олимпиада ба ман хеле муфид буд. Бовар дорам, ки ҳамкории самарабахши омӯзгор ва донишҷӯ яке аз омилҳои муҳими муваффақият дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ мебошад.
- Албатта, дар чунин дастовардҳо на танҳо талоши донишҷӯ, балки муҳити таълимӣ ва дастгирии муассисаи таҳсилоти олӣ низ муҳим аст. Шумо саҳми роҳбарияти донишгоҳро дар рушди қобилиятҳои донишҷӯён чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ба андешаи ман, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас, пеш аз ҳама, муҳити мусоиди таълимӣ, дастгирии омӯзгорон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди донишҷӯён зарур аст.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои илмию маърифатӣ замина фароҳам меорад. Чунин муносибат ҷавононро ба омӯзиши амиқ, такмили дониш ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҳавасманд мекунад. Ҳамчунин, қадрдонии молиявии донишҷӯёни муваффақ ва роҳбарони илмии онҳо боиси афзоиши масъулият ва ҳавасмандӣ мегардад. Барои ман низ муҳим аст, ки меҳнату талоши донишҷӯён қадр карда мешавад. Ин гуна дастгирӣ неруи тоза мебахшад ва водор месозад, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои боз ҳам беҳтар кӯшиш намоем.
Мехоҳам аз номи худ ба роҳбарияти донишгоҳ барои таваҷҷуҳ ба рушди зеҳнии донишҷӯён ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму омӯзиш изҳори миннатдорӣ намоям.
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаҳои рушди илму маориф, омӯзиши илмҳои муосир ва тарбияи ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Шумо ин сиёсатро дар роҳи донишандӯзии ҷавонон то кадом андоза муҳим медонед?
- Ман чунин фикр дорам, ки таваҷҷуҳ ба илму маориф ва фароҳам овардани имконият барои донишандӯзии ҷавонон яке аз шартҳои муҳими пешрафти ҷомеа мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқотҳои худ бо аҳли маориф ва ҷавонон пайваста зарурати баланд бардоштани сифати таълим, азхуд кардани донишҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро таъкид мекунанд. Ин ҳидоятҳо барои мо, ҷавонон, аҳаммияти амалӣ доранд. Имрӯз имкониятҳои таҳсил ва дастрасӣ ба манбаъҳои гуногуни дониш бештар шудаанд. Вазифаи мо истифодаи самараноки ин имкониятҳо, омӯзиши пайваста ва омода шудан ба талаботи бозори меҳнати муосир мебошад. Ман низ кӯшиш мекунам, ки ин имкониятҳоро самаранок истифода намуда, донишҳои тахассусӣ ва ҷаҳонбинии илмии худро пайваста такмил диҳам.
- Шумо дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ фаъол ҳастед. Чӣ гуна таҳсил, омодагӣ ба олимпиада ва иштироки ҷамъиятиро бо ҳам мувофиқ месозед?
- Ба назари ман, донишҷӯӣ танҳо иштирок дар дарсҳо ва омодагӣ ба имтиҳонҳо нест. Ин давраи муҳимми ташаккули шахсият, омӯзиши масъулият, рушди малакаҳои муошират ва омодагӣ ба фаъолияти мустақилона мебошад. Кӯшиш мекунам, ки вақти худро дуруст тақсим намуда, барои омӯзиш, такрори маводи таълимӣ ва иштирок дар чорабиниҳои донишгоҳӣ имконият пайдо кунам. Албатта, ин кор интизоми шахсӣ ва банақшагириро талаб мекунад.
Фаъолияти ҷамъиятӣ ба ман имкон медиҳад, ки таҷрибаи нав андӯзам, бо ҳамсабақон ҳамкорӣ намоям ва дар чорабиниҳои муҳими донишгоҳ саҳм гузорам. Ман чунин мешуморам, ки дониши хуб, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ бояд ҳамдигарро пурра созанд.
- Ҳадафҳои минбаъдаи шумо кадоманд ва дар оянда худро ҳамчун мутахассис дар кадом самт дидан мехоҳед?
- Ҳадафи асосии ман амиқтар аз худ кардани донишҳои тахассусӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва омодагӣ ба фаъолияти мустақилона мебошад. Мехоҳам дар баробари азхуд кардани нозукиҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, ҷаҳонбинии илмӣ ва қобилияти таҳлилии худро низ инкишоф диҳам.
Ҳамчунин, ният дорам дар озмуну олимпиадаҳои минбаъда фаъолона иштирок карда, натиҷаҳои бадастовардаро беҳтар намоям. Имрӯз барои ҳар як ҷавон муҳим аст, ки донишҳои назариявиро бо малакаҳои амалӣ пайванд дода, ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва бозори меҳнат омода бошад.
Мехоҳам дар оянда мутахассиси босалоҳият гардида, донишҳои андӯхтаамро барои рушди соҳаи интихобкарда ва пешрафти иқтисоди миллӣ истифода барам. Ба назари ман, дастоварди имрӯза танҳо оғози роҳ аст; муҳим он аст, ки инсон пайваста омӯзад, таҷриба андӯзад ва дар назди ҷомеа масъулият эҳсос намояд.
- Ба ҳамсолони худ, ки орзуи иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва расидан ба дастовардҳои назаррасро доранд, чӣ гуфтаниед?
- Ба ҳамсолонам тавсия медиҳам, ки ба неруи худ бовар дошта бошанд ва барои расидан ба ҳадафҳояшон пайваста талош намоянд. Муваффақият худ аз худ ба даст намеояд. Он заҳмат, сабру таҳаммул, интизом ва истифодаи дурусти имкониятҳоро талаб мекунад.
Аз омӯзгорон бештар омӯзанд, китоб мутолиа кунанд, савол диҳанд ва аз мушкилоти омӯзишӣ ҳарос надошта бошанд. Ҳар як нокомиро бояд таҷрибае барои ислоҳи камбудиҳо ва такмили дониш донист. Ҳамчунин, ҷавонон бояд имкониятҳои фароҳамовардаи муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии давлатро самаранок истифода баранд. Бовар дорам, ки агар ҳар як ҷавон барои рушди худ кӯшиш кунад, донишҳои андӯхтаашро такмил диҳад ва масъулияти шаҳрвандии худро дарк намояд, метавонад ҳам ба ҳадафҳои шахсӣ расад ва ҳам дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузорад.
Тоҷ
Рус
Eng