Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ба рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин амали зиддиахлоқиест, ки ба адолат, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои умумии ҷомеа зарар мерасонад.

Дар шароити рушди ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ мубориза бар зидди коррупсия яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос мебошад. Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон аҳамияти калон дорад.

Коррупсия истифодаи ғайриқонунии мансаб ё имкониятҳои хизматӣ барои ба даст овардани манфиати шахсӣ мебошад. Он метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла гирифтани пора, додани пора, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, хешутаборбозӣ ва истифодаи нодурусти маблағҳои давлатӣ зоҳир гардад.

Коррупсия ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа таъсири манфӣ расонида метавонад. Вақте ки шахс ба ҷойи дониш, қобилият ва меҳнати ҳалол бо роҳи пора ё шиносбозӣ ба мақсад мерасад, принсипи адолат поймол мегардад. Дар чунин шароит шаҳрвандони бовиҷдон зарар мебинанд ва эътимоди мардум ба қонун ва сохторҳои давлатӣ коҳиш меёбад.

Коррупсия барои ҷомеа оқибатҳои вазнин дорад. Пеш аз ҳама, он ба рушди иқтисодиёт халал расонида, истифодаи самараноки маблағҳои давлатиро маҳдуд мекунад. Маблағҳое, ки бояд барои сохтмони мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сарф шаванд, метавонанд ба манфиатҳои шахсӣ равона гарданд.

Оқибати дигари коррупсия афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ мебошад. Агар дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва имкониятҳо аз пардохти пора вобаста бошад, ҳуқуқи шаҳрвандон поймол шуда, баробарии онҳо дар назди қонун халалдор мегардад.

Коррупсия ба тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Агар ҷавонон мушоҳида кунанд, ки баъзе шахсон бо роҳи ғайриқонунӣ ба мақсад мерасанд, эҳтимоли коҳиш ёфтани эҳтироми онҳо ба меҳнати ҳалол ва қонун вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, пешгирии коррупсия масъалаи муҳими ахлоқию тарбиявӣ мебошад.

Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ҳар як шаҳрванд метавонад дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб саҳм гузорад.

Аввалан, бояд маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Ҳар шахс бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, талаботи қонунро риоя намояд ва аз амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ кунад.

Дуюм, дар фаъолияти муассисаҳои давлатӣ бояд шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ таъмин карда шавад. Дастрас будани маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти самараноки назоратӣ барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад.

Сеюм, тарбияи ахлоқӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд тақвият дода шавад. Ҷавонон бояд дар рӯҳияи ростқавлӣ, адолат, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун тарбия ёбанд. Ин арзишҳо заминаи ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафта мебошанд.

Ҳамчунин, шаҳрвандон бояд дар ҳолатҳои ошкор шудани амалҳои эҳтимолии коррупсионӣ бо риояи қонун ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд. Муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи насли наврас нақши муҳим доранд. Мактаб муҳити тарбияи инсони босавод, ватандӯст ва дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад.

Омӯзгорон бояд ба хонандагон фаҳмонанд, ки донишро бо роҳи ҳалол ба даст овардан, риояи қоидаҳо, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва иҷрои вазифаҳои худ аз муҳимтарин нишонаҳои шахсияти солим мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ баргузор намудани суҳбатҳо, мизҳои мудаввар, дарсҳои тарбиявӣ ва озмунҳо дар мавзуи муқовимат ба коррупсия метавонад маърифати ҳуқуқии хонандагонро баланд бардорад. Ҳамзамон, муносибати одилона ва шаффофи омӯзгорон бо хонандагон намунаи муҳими тарбияи амалӣ ба ҳисоб меравад.

Коррупсия монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори ҷомеа буда, ба иқтисодиёт, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди мардум зарар мерасонад. Мубориза бо он бояд пайваста, мақсаднок ва дар асоси талаботи қонун амалӣ карда шавад.

Барои пешгирии коррупсия танҳо қабули қонунҳо кофӣ нест. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида, таъмини шаффофият ва иштироки фаъоли шаҳрвандон низ зарур мебошад.

Ҳар яки мо бояд дарк кунем, ки ҷомеаи бе коррупсия аз рафтори ҳалол, виҷдони пок ва масъулияти ҳар як инсон оғоз меёбад. Агар мо адолатро риоя кунем, ба қонун эҳтиром гузорем ва манфиати ҷомеаро аз манфиати шахсӣ боло донем, метавонем барои бунёди ояндаи обод, одилона ва пешрафта саҳми арзанда гузорем.

 

Фарҳод МУРОДЗОДА,

ассисенти кафедраи математикаи олии ДДМИТ