Ба ифтихори 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

35 сол дар таърихи як созмони ҷамъиятӣ фурсатест барои бознигарии роҳи тайшуда, арзёбии саҳми он дар ҳаёти ҷомеа ва муайян кардани вазифаҳое, ки замон дар назди насли имрӯзу фардо мегузорад. Барои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ин сана, пеш аз ҳама, имкони андешидан дар бораи рисолати аслии ҳаракати ҷавонон, ҷойгоҳи он дар таҳкими давлатдорӣ ва масъулияташ дар тарбияи шаҳрвандони худогоҳу ватандӯст мебошад.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 12 октябри соли 1991 дар марҳалаи оғози ташаккули давлатдории мустақили кишвар таъсис ёфт. Он замон Тоҷикистон ба давраи нави таърихӣ ворид мешуд. Ҳарчанд истиқлоли давлатӣ ба даст омада буд, аммо таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини суботи ҷомеа ва муттаҳид сохтани неруҳои созанда аз вазифаҳои мубрам ба шумор мерафтанд. Дар чунин шароит ташкили созмоне, ки тавонад ҷавононро ба фаъолияти ҷамъиятӣ ҷалб намуда, ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватанро тақвият бахшад, аҳамияти хос дошт.

Дар остонаи 35-солагии таъсисёбии Иттифоқ, суоли асосӣ на танҳо ин аст, ки созмон дар гузашта чӣ нақш бозидааст, балки ҳамчунин ин аст, ки он дар шароити муосир то куҷо метавонад ба ниёзҳои ҷавонон ҷавобгӯ бошад ва барои ояндаи Тоҷикистон чӣ саҳми муассир гузорад?

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар даврае таъсис ёфт, ки ҷомеа ба муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби неруи ҷавонон ба корҳои созанда эҳтиёҷи ҷиддӣ дошт.

Дар таърихи муносибатҳои давлат ва ҷавонони Тоҷикистон нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи пайваста ба масъалаҳои насли ҷавон ва зарурати ҷалби он ба равандҳои созандаи кишвар пайванд дорад.

Мулоқоти 17 марти соли 1994 бо намояндагони ҷавонон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шароите баргузор шуд, ки кишвар ба сарҷамъӣ, қатъи хунрезӣ ва барқарорсозии субот ниёз дошт. Масъалаҳои муттаҳид сохтани ҷавонон ва сафарбар намудани онҳо ба корҳои созанда аз меҳварҳои муҳими он мулоқот буданд.

Дар ин замина, Иттифоқ дар анҷумани ғайринавбатии худ 17 марти соли 1994 номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва дастгирӣ кард. Ин рӯйдодро метавон ҳамчун як далели мушаххаси мавқеи сиёсию ҷамъиятии созмон дар марҳалаи ҳассоси ташаккули давлатдории миллӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, масъалаи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба анъана ё иродаи ташкилот вобаста нест, балки заминаи ҳуқуқӣ дорад. Моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро дар қатори дигар субъектҳои муайяншуда ба шумори ташкилотҳое дохил мекунад, ки метавонанд дар анҷуману конференсияҳои худ, мутобиқи оиннома номзадро пешбарӣ намоянд.

Ин меъёр мақоми ҳуқуқии Иттифоқро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ муайян мекунад, аммо истифодаи чунин ҳуқуқ масъулияти ҷиддӣ низ дорад, зеро ҳар гуна қарор бояд дар доираи қонун, оиннома ва бо назардошти манфиатҳои ҷомеа қабул шавад.

Ба назари ман, дастгирии сиёсати созанда ва ҳадафҳои стратегии давлат бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи Иттифоқ ифода ёбад: дар тарбияи ҷавонони донишманду ватандӯст, мусоидат ба рушди касбӣ, эҳтиром ба қонун, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҷалби насли ҷавон ба корҳои бунёдкорона. Меъёри асосии чунин дастгирӣ натиҷаи амалист, то чӣ андоза ҷавонон ба неруи соҳибмаърифат, масъул ва созандаи ҷомеа табдил меёбанд.

Таърих дарси масъулият аст. Агар наслҳои гузашта дар шароити душвор барои ҳифзи давлатдорӣ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар талош карда бошанд, вазифаи насли имрӯза аз он иборат аст, ки истиқлолу суботро ҳифз намуда, онро бо дониш, меҳнати софдилона, навоварӣ ва фарҳанги баланди шаҳрвандӣ таҳким бахшад.

Шояд бархе суол пеш оранд, ки дар шароити мавҷудияти сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва имкониятҳои фаровони иттилоотӣ зарурати фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар чист?

Посух ба ин суол бояд аз моҳияти худи фаъолияти ҷамъиятӣ оғоз шавад. Давлат сиёсати ҷавононро таҳия ва амалӣ менамояд, муассисаҳои таълимӣ мутахассис омода мекунанд, оила бошад, дар ташаккули ахлоқу ҷаҳонбинии фарзанд нақши аввалиндараҷа дорад. Аммо дар баробари ин, ниҳодҳо фазое низ зарур аст, ки ҷавонон дар он ташаббускорӣ, ҳамкорӣ, масъулияти иҷтимоӣ, роҳбарӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеаро омӯзанд. Дар ин раванд, маҳз ИҶТ метавонад чунин майдон бошад: мактаби ташаккули мавқеи шаҳрвандӣ, тарбияи худшиносии миллӣ, рушди малакаҳои ташкилотчигӣ ва татбиқи ташаббусҳои созанда.

Созмони ҷавонон дар сурате зарурат ва эътибори худро нигоҳ медорад, ки ба зиндагии воқеии ҷавонон наздик бошад, мушкилоти онҳоро бишиносад, андешаи онҳоро шунавад ва барои амалӣ шудани иқдомҳои судмандашон шароит фароҳам оварад. Аз ин рӯ, зарурати мавҷудияти Иттифоқро бояд дар қобилияти он барои пайванд додани манфиатҳои ҷавонон бо ҳадафҳои созандаи ҷомеа ҷустуҷӯ кард.

Давлатдории миллӣ бар пояи Конститутсия, қонун, волоияти ҳуқуқ ва иштироки масъулонаи шаҳрвандон устувор мегардад. Ҳифзи сохти конститутсионӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, он ҳамчунин, масъулияти ҳар шаҳрванди кишвар аст. Нақши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ин самт бояд, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги сиёсӣ, эҳтиром ба қонун ва пешгирии зуҳуроти ифротгароёна, таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагӣ равона гардад. Зеро ҷомеаи устувор ба ҷавононе ниёз дорад, ки бо дарки оқибатҳои амал ва масъулияти шаҳрвандӣ қарор қабул мекунанд.

Ин аст, ки моҳияти ваҳдати миллӣ дар қобилияти зиндагӣ ва кор кардан дар атрофи арзишҳои муштарак, эҳтироми гуногунандешӣ дар доираи қонун ва болотар гузоштани манфиатҳои умумимиллӣ зоҳир мешавад.

Мусалламан, ки ҳоло дар Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон заминаи ҳуқуқӣ дошта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки 23 декабри соли 2021 қабул шудааст, асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодии рушди ҷавононро муайян менамояд. Ҳадафи чунин сиёсат фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди насли ҷавон, истифодаи неруи зеҳнию маънавии он ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад.

Бешакк, дар чунин низом Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шарики фаъол буда, масъалаҳои воқеии ҷавонон сари вақт муайян карда мешаванд, ташаббусу пешниҳодҳои ин ниҳод ба сохторҳои дахлдор расонида мешаванд ва барои татбиқи ташаббусҳои судманд имкон фароҳам меоранд.

Ба андешаи ман, яке аз самтҳои муҳимтарини ин фаъолият дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, мусоидат ба касбомӯзӣ ва шуғли онҳо, рушди соҳибкории ҷавонӣ, таҳкими малакаҳои рақамӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ихтиёрӣ мебошад. Чунки ҷавоне, ки имкони омӯзиш, меҳнат ва рушди қобилиятҳои худро дорад, метавонад ҳам барои ояндаи хеш ва ҳам барои пешрафти ҷомеа саҳми бештар гузорад.

Бояд эътироф намуд, ки шахсан барои ман Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон танҳо номи як сохтори ҷамъиятӣ нест, зеро узвиятам дар ин ташкилот аз соли 2013 оғоз гардида, минбаъд ба як бахши муҳими фаъолияти ҷамъиятӣ ва касбиам табдил ёфт. Солҳои 2015-2017 ба ҳайси роҳбари бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият доштам. Дар солҳои 2017-2018 роҳбарии намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамин ноҳияро ба уҳда гирифтам. Баъдан, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сардори шуъбаи ҷавонон ва варзиш шуда, ҳамзамон фаъолияти намояндагии Иттифоқро дар донишгоҳ роҳбарӣ кардам. Ин таҷриба ба ман имкон дод, ки бо муҳити гуногуни ҷавонон, талаботу интизориҳои онҳо ва аҳамияти кори ташкилӣ аз наздик шинос шавам. Ҳамкории мустақим бо ҷавонон нишон медиҳад, ки онҳо ба суханони умумӣ камтар ва ба имкониятҳои воқеии омӯзиш, ташаббус, иштирок ва рушди шахсӣ бештар ниёз доранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар фаъолияти ҷамъиятӣ танҳо ташкил кардани чорабинӣ кофӣ нест. Муҳим он аст, ки пас аз анҷоми он чӣ натиҷа ба даст меояд? Оё ҷавоне соҳиби малакаи нав шуд, оё ташаббусе амалӣ гардид, оё мушкиле роҳи ҳал пайдо кард, оё иштирокчиён масъулияти бештарро эҳсос намуданд? Гумон мекунам, ба чунин пурсишҳо посухи воқеӣ гардонидан маънои баҳогузории амиқ ба фаъолияти иттифоқро дорад.

Имрӯз низ ҳамчун узви фаъоли Иттифоқ бар он назарам, ки таҷрибаи андӯхта бояд барои такмили фаъолияти минбаъда истифода шавад. Ҳар давра талаботи худро дорад ва созмоне, ки мехоҳад дар ҷомеа ҷойгоҳи устувор дошта бошад, бояд ҳамеша омӯзад, таҷдиди назар шавад ва бо ниёзҳои воқеии ҷавонон ҳамқадам гардад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо тарбияи ҷавонон вазифаи боз ҳам мураккабтар шудааст. Онҳо ҳамарӯза бо иттилооти гуногун, андешаҳои мухталиф ва таъсири муҳитҳои рақамӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, танҳо даъват ба ватандӯстӣ кофӣ нест. Ҷавонон бояд таърихи миллатро омӯзанд, сарчашмаҳои иттилоотиро санҷанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, технологияҳои муосирро истифода баранд ва дар баробари имкониятҳои нав масъулияти худро дарк намоянд.

Дар ин самт низ Иттифоқ метавонад лоиҳаҳои таърихию маърифатӣ, вохӯриҳои байнинаслӣ, озмунҳои дониш, барномаҳои ихтиёрӣ ва ташаббусҳои иҷтимоиро дастгирӣ кунад. Мақсад бояд ташаккули ҷавоне бошад, ки аз гузаштаи миллат огоҳ, ба имрӯз масъул ва барои оянда омода аст.

Имрӯз бо таҳкими давлатдориву ташаккули ҳисси ватандорӣ ва боло рафтани дарки худшиносии миллӣ масъалаи ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳ ба таҳсил, омода кардани мутахассисон, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, рушди варзиш, касбомӯзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа аз ҷанбаҳои муҳими ин сиёсат ба шумор мераванд. Аммо ҳар гуна имкон танҳо дар сурате самарабахш мешавад, ки бо ташаббус, кӯшиш ва масъулияти худи ҷавонон пайваст гардад. Айни ҳол Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон метавонад миёни имкониятҳои мавҷуда ва ҷавонони ташаббускор нақши пайвандгарро иҷро кунад. Барои ин зарур аст, ки дар бораи барномаҳо, озмунҳо, грантҳо, имкониятҳои таҳсилу таҷрибаомӯзӣ ва роҳҳои татбиқи ташаббусҳо иттилооти дастрас пешниҳод намояд. Ҳамчунин, зарур аст, ки ҷавонон дар омода кардани лоиҳаҳо, ҷустуҷӯи шарикон ва баҳогузории натиҷаҳо роҳнамоӣ карда шаванд.

Барои он ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шароити имрӯза таъсиргузор бошад, фаъолияти он бояд ба талаботи замон мутобиқ гардад. Албатта, таҷрибаи гузашта арзишманд аст, аммо такрори шаклҳои пешина бе навсозии мазмун наметавонад ба ниёзҳои насли имрӯз пурра ҷавоб диҳад. Бинобар ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи Иттифоқ бо ҷавонон мунтазам ва натиҷамеҳвар бошад ва фаъолияти он бештар ба рушди малакаҳои амалӣ равона гардад. Дар баробари ин, зарур аст, ки ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корфармоён ва соҳибкорон тақвият ёфта, ҳамзамон, ба ҷавононе, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд ё имкониятҳои маҳдудтар доранд, таваҷҷуҳи махсус ва дастгирии амалӣ зоҳир карда шавад. Зеро истеъдод ва ташаббус набояд танҳо дар манотиқи ба марказҳои калон вуҷуд дошта бошанд.

Ҳамзамон, барои дурнамои рушд ва тақвияти нуфузу эътибори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон истифодаи самараноки таҷрибаи собиқадорон аз манфиат холӣ нест. Ба ин маънӣ, онҳое, ки солҳои зиёд дар соҳаи кор бо ҷавонон фаъолият кардаанд, метавонанд ҳамчун роҳнамо, мушовир ва иштирокчии барномаҳои омӯзишӣ саҳм гузоранд. Пайванди таҷрибаи наслҳои гуногун барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва омода кардани роҳбарони ҷавон аҳамияти калон дорад.

Дар умум, агар ба 35 соли роҳи тайшудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз таъсису ташаккул то такомулу дурнамои фаъолияти минбаъдаи он бо эҳтиром ва умед ба оянда бо масъулият назар андозем, ин ҳама масири пурифтихор тайшуда бо марҳалаҳои муҳими ташаккули давлатдории миллӣ, талошҳо барои сарҷамъии ҷомеа ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созанда пайванд доранд. Вале арзиши воқеии ин таърих дар он аст, ки аз он барои фаъолияти имрӯза ва оянда сабақ гирифта шавад.

Барои ман, ки аз соли 2013 узви Иттифоқ ҳастам ва дар марҳалаҳои гуногун дар соҳаи ҷавонон ва фаъолияти намояндагии он кор кардаам, муҳимтарин бардошт ҳамин аст, ки ИҶТ дар сурате зиндаву таъсиргузор мемонад, ки дар паҳлуи ҷавонон бошад, андешаи онҳоро шунавад, ташаббусҳои созандаашонро дастгирӣ кунад ва барои натиҷаи кори онҳо масъулият эҳсос намояд.

Зеро тавре Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанду сиёсати иҷтимоии давлат низ ин гуфтаро собит месозад, ояндаи Тоҷикистон аз ҷавононе вобаста аст, ки Ватанро дӯст медоранд, таърихи онро мешиносанд, қонунро эҳтиром мекунанд, дониш меомӯзанд ва бо меҳнати софдилона дар пешрафти кишвар саҳм мегузоранд. Тарбияи чунин насл вазифаи муштараки оила, мактаб, ҷомеа, давлат ва созмонҳои ҷамъиятӣ мебошад.

35-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бояд марҳалаи нави фаъолияти натиҷамеҳвар бошад. Марҳалае, ки дар он ҳар ҷавон худро иштирокдори воқеии ободии Ватан ва масъули ояндаи миллат эҳсос мекунад.