БИРАВ, ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР!
Дар ҳама давру замон омӯзгор дар ташаккули шахсияти инсон, тарбияи насли наврас ва пешрафти ҷомеа нақши муассир доштааст. Омӯзгор бо рафтору гуфтор, таҷрибаи зиндагӣ ва панду насиҳатҳои худ шогирдонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Аз ин ҷост, ки эҳтироми омӯзгор дар фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик аз қадим ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро омӯзгор меъмори маънавии ҷомеа ва роҳнамои наслҳои оянда низ мебошад.
Имрӯз вақте аз муносибати бархе аз хонандагону донишҷӯён ба омӯзгорон ва ҳамсолони худ хабар меёбам, сахт нигарон мешавам. Муноқишаҳои байни хонандагон, истифодаи силоҳи сард, захмӣ кардани якдигар ва ҳатто аз ҳаёт маҳрум сохтани ҳамсолон ҳодисаҳои ниҳоят ташвишоваранд. Беэҳтиромӣ нисбат ба омӯзгор, паст задани шаъну шарафи ӯ ва нодида гирифтани заҳматҳои чандинсолаи устод низ аз масъалаҳое мебошанд, ки набояд ҷомеаро бетараф гузоранд.
Охир, мо ҳам замоне талаба будем. Китоб мехондем, аз омӯзгор илму дониш мегирифтем ва эҳтиром гузоштан ба устодро аз одоби ҳамидаи инсонӣ медонистем. Падару модари худро самимона ҳурмат мекардем ва ба насиҳатҳои онҳо гӯш медодем. Дар ёд надорам, ки падару модари мо боре ба назди омӯзгор рафта, барои муносибати ӯ бо фарзандашон баҳсу мунозира карда бошанд. Агар омӯзгор моро барои рафтори нодуруст танбеҳ медод, на ҳамеша ҷуръат мекардем, ки инро ба хона нақл кунем. Зеро медонистем, ки падару модар низ пеш аз ҳама ҳаққи устодро эътироф намуда, моро ба ислоҳи рафторамон водор мекунанд.
Албатта, замон дигар шудааст. Талаботи зиндагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва низоми таълиму тарбия низ тағйир ёфтаанд. Муносибати омӯзгору шогирд бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки эҳтиром, одоб ва қадршиносии устод аз байн равад. Эҳтироми омӯзгор набояд бо поймол шудани ҳуқуқи шогирд ҳамроҳ бошад. Баръакс, муносибати солиму созанда бояд бар пояи эҳтироми дуҷониба, адолат, масъулият ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд гардад. Ҳуқуқи шогирд ва шаъну шарафи омӯзгор ҳар ду арзишманданд ва ҳифзи онҳо вазифаи тамоми ҷомеа мебошад.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз маро ба андеша водор месозад, муносибати ҷавонон ба китобхонӣ ва илмомӯзист. Ҳангоми донишҷӯӣ қисми зиёди вақти мо дар собиқ Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ мегузашт. Китобхона барои мо муҳити ҷустуҷӯ, андеша, омӯзиш ва ташаккули ҷаҳонбинӣ ба ҳисоб мерафт. Мо соатҳои тулонӣ дар байни рафҳои китоб мегаштем, асарҳои заруриро меҷустем, мутолиа мекардем ва бо ҳамин донишу ҷаҳонбинии худро ғанӣ мегардондем.
Имрӯз бошад, суоле ба миён меояд, ки чаро қисме аз ҷавонони мо ба китобхонӣ, илмомӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар чандон майл надоранд? Магар китобхонӣ танҳо бо номнавис шудан дар китобхона анҷом меёбад? Албатта, не! Номнавис шудан дар китобхона ҳанӯз маънои китобхон буданро надорад. Ин танҳо қадами аввал аст. Китобро бояд мутолиа кард, мазмуни онро дарк намуд, аз андешаҳои муаллиф баҳра гирифт ва донишҳои андӯхтаро дар зиндагӣ истифода бурд. Дар акси ҳол, чунин муносибат бештар ба худфиребӣ монанд мешавад.
Барои китобхон шудани ҷавонон, пеш аз ҳама муҳити мусоиди маънавӣ фароҳам овардан, завқи мутолиаро бедор намудан ва худи калонсолонро ба намунаи ибрат табдил додан зарур аст. Зеро фарзанд бештар аз он ки ба суханони падару модар гӯш медиҳад, ба рафтори онҳо тақлид мекунад. Ҷавонон низ вақте ба китобу дониш шавқ пайдо мекунанд, ки дар атрофи худ муҳаббат ба илму маърифатро эҳсос намоянд.
Мутаассифона, баъзан шоҳиди он мегардем, ки шахсе нисбат ба устоди худ беэҳтиромӣ мекунад, дар ҳаққи ӯ суханони носазо мегӯяд, шахсияташро паст мезанад ва заҳматҳои кашидаашро нодида мегирад. Вақте чунин манзараҳоро мебинам, худ ба худ мегӯям: эй кош, нобино мебудаму ин саҳнаҳои нанговарро намедидам; эй кош, кар мебудаму ин суханҳоро намешунидам. Зеро омӯзгор касест, ки барои ташаккули шахсияти шогирд солҳои зиёд заҳмат мекашад. Ӯ дар паси ҳар як муваффақияти шогирд саҳми худро дорад: дониш медиҳад, роҳ нишон медиҳад, хатоҳои ӯро ислоҳ мекунад ва барои ба камол расиданаш талош меварзад. Шояд шогирд баъди гузашти солҳо дарк кунад, ки чӣ қадар аз заҳматҳои омӯзгораш бехабар мондааст ва чӣ андоза қадри ӯро ба ҷо наовардааст. Аммо дар зиндагӣ на ҳамеша имкони ҷуброни беэҳтиромӣ ва қадрношиносиро пайдо кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, бояд қадри устодро дар зинда буданаш донем ва заҳматҳои ӯро сари вақт қадр намоем.
Дар баробари ин, муносибати омӯзгору шогирд бояд бар асоси самимият, эҳтиром ва эътимод бошад, на манфиатҷӯӣ ва тамаллуқкорӣ. Мақоми устодро на бо хушомадгӯӣ, балки бо донишандӯзӣ, одоб, рафтори шоиста ва қадршиносии самимӣ бояд гиромӣ дошт.
Ҳамчунин, дар ҷомеа баъзан бо шахсоне рӯ ба рӯ мешавем, ки дар донишгоҳ таҳсил кардаанд, вале аз он солҳои пурқимат донишу маҳорати зарурӣ андӯхта натавонистаанд. Ин ҳолат суоли ҷиддиеро ба миён меорад: пас, ин ҳама солҳо барои чӣ сарф шуданд? Оё ҳадафи таҳсил танҳо гирифтани диплом аст ё соҳиби дониш, малака ва касбу ҳунар гардидани инсон?
Беҳуда нагуфтаанд: «Лимчаи холӣ рост намеистад». Ин мақол ба он маъност, ки инсон бояд дар зиндагӣ аз худ чизе дошта бошад: дониш, таҷриба, маҳорат ва ҷаҳонбинии мустақил. Агар шахс солҳои зиёд дар муҳити таълимӣ қарор гирифта, вале аз он баҳра набардошта бошад, чӣ гуна метавон аз ӯ фаъолияти босамари касбиро интизор шуд? Солҳои донишҷӯӣ сармояи гаронбаҳои умр мебошанд ва беҳуда сарф кардани онҳо, пеш аз ҳама, зиён ба ояндаи худи инсон аст.
Ҳайфи умри рафта ва ҳайфи айёми ҷавонӣ! Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд: «Илм дар хурдӣ нақш бар санг аст». Донише, ки инсон дар даврони ҷавонӣ бо заҳмат ва шавқу рағбат аз худ мекунад, дар тамоми умр ҳамсафари ӯ мемонад.
Айёми донишҷӯӣ айёми тиллоист. Ин давра бояд барои аз худ намудани илмҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар, таҳқиқ, мутолиа ва таҷрибаандӯзӣ самаранок истифода шавад. Донишҷӯ бояд дар тули солҳои таҳсил донишҳои худро дар амал татбиқ намояд, таҷрибаи амалӣ андӯзад ва худро ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ омода созад.
Донишҷӯ бояд дарк намояд, ки масъулияти асосии донишандӯзӣ, пеш аз ҳама бар дӯши худи ӯст. Омӯзгор роҳнамоӣ мекунад, донишгоҳ шароит фароҳам меорад, вале аз худ намудани дониш заҳмату талоши шахсии донишҷӯро талаб менамояд.
Дар ин миён интихоби касб низ аҳаммияти ниҳоят муҳим дорад. Ба андешаи ман, вақте инсон пешаеро интихоб мекунад, бояд кӯшиш намояд, ки онро бо тамоми нозукиҳояш аз худ кунад ва ҳамқадами пешрафти илму техника бошад. Агар касби худро дӯст дорӣ, ба он содиқ бошӣ, пайваста омӯзӣ ва маҳорати худро такмил диҳӣ, он метавонад воситаи зиндагии шоиста ва сарбаландонаи ту гардад. Аммо агар касби интихобкардаатро дӯст надорӣ, ба он беаҳамиятӣ кунӣ ва барои такмили донишу маҳорати худ кӯшиш нанамоӣ, дар маҷрои пурталотуми зиндагӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ хоҳӣ шуд. Зеро дар шароити имрӯза танҳо доштани диплом кофӣ нест. Мутахассис бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошад, донишашро такмил диҳад ва ба тағйироту талаботи замон мутобиқ гардад.
Хулоса, ҷомеаи пешрафта бе омӯзгори соҳибэҳтиром, донишҷӯи донишманд ва мутахассиси соҳибкасб тасаввурнопазир аст. Эҳтироми устод, муҳаббат ба китоб, аз худ намудани илму дониш, соҳибкасб шудан ва содиқ будан ба пешаи интихобкарда бояд шиори зиндагии ҳар як ҷавон бошад.
Бояд фаромӯш накард, ки солҳои донишҷӯӣ дигар барнамегарданд. Имрӯз фурсат дорем, ки омӯзем, таҷриба андӯзем, худро бисозем ва барои ояндаи худ заминаи устувор гузорем. Зеро дар зиндагӣ касе наметавонад ба ҷойи мо дониш омӯзад, касб интихоб кунад, таҷриба андӯзад ва масъулияти ояндаи моро бар дӯш гирад. Пас, қадри омӯзгорро бидон, аз китобу дониш дурӣ маҷӯй, айёми ҷавониро ғанимат шумор ва касби интихобкардаатро бо муҳаббату масъулият аз худ намо.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng