Рӯзи ҷашнат, Пешво, бар тоҷикон фархунда бод!

Сулҳу ваҳдат то абад бар мулки мо поянда бод!

Аз самими қалб дӯстдори туем, эй Пешво,

Меҳри покат дар дили мо то абад поянда бод!

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста, ходими намоёни давлатӣ ва шахсияти таъсиргузори таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таҳкими сулҳу субот, барқарорсозии сохти давлатдорӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ нақши муҳим гузоштаанд. Фаъолияти сиёсии ӯ бо яке аз марҳилаҳои ҳассостарини таърихи навини миллати тоҷик — давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози раванди барқарорсозии давлатдории миллӣ — пайванди ногусастанӣ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба арсаи роҳбарии сиёсӣ ворид гардиданд, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар натиҷаи мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ гирифтор шуда буд. Ихтилофҳои дохилӣ, дахолатҳои беруна ва бархӯрдҳои мусаллаҳона кишварро ба вартаи парокандагӣ ва бесарусомонӣ оварда буданд. Ҷанг боиси талафоти зиёди ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардида, ба истиқлолият, якпорчагии кишвар ва ояндаи давлатдории миллӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекард.

Дар чунин шароити тақдирсоз зарурати роҳбарии устувор, хиради сиёсӣ, ҷасорат ва қабули қарорҳои масъулона ба миён омада буд. Эмомалӣ Раҳмон бо ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат барои барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ иқдом намуданд.

Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон нафар ҳамватанони мо маҷбур шуданд, ки манзилу макони худро тарк намуда, ба кишварҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳо паноҳ баранд. Тоҷикистон дар он солҳо ба яке аз нуқтаҳои доғи хабарҳои расонаҳои байналмилалӣ табдил ёфта буд. Дар чунин вазъияти фоҷиабор Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва эҳсоси баланди масъулият барои баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, барқарорсозии сулҳ ва таъмини амнияти мардум талош меварзиданд.

Суханони машҳури ӯ дар бораи ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва ором намудани кишвар баёнгари азми қатъӣ дар роҳи расидан ба сулҳу субот буданд. Ин мавқеъ дар амал низ бо сафарҳо, мулоқотҳо ва музокироти пайваста бо намояндагони неруҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷонибҳои даргир идома ёфт.

Президенти тозаинтихоби кишвар барои ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, расидан ба ризоияти миллӣ ва барқарор намудани сулҳу субот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурданд. Сафарҳои ӯ ба минтақаҳои гуногуни кишвар, мулоқот бо сокинон ва вохӯриҳо бо гурезаҳо, аз ҷумла дар қаламрави Афғонистон, ки он замон низ вазъи мураккаби сиёсӣ дошт, аз талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли мусолиматомези низоъ шаҳодат медиҳанд.

Раванди музокироти байни тоҷикон, ки аз соли 1994 то соли 1997 идома ёфт, яке аз марҳилаҳои муҳимтарини таърихи навини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат ҳашт даври музокироти расмӣ, як қатор машваратҳо ва мулоқотҳои сатҳи олӣ баргузор гардиданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва талошҳои муштараки ҷонибҳо барои ба даст овардани созиши сиёсӣ заминаи зарурӣ фароҳам омад.

Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа замина гузошт. Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз низ ҳамчун намунаи муҳими ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Имрӯз Тоҷикистон бо такя ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ роҳи рушди мустақилонаи худро идома медиҳад. Дар ин раванд ташаббусҳои байналмилалии кишвар, бахусус дар масъалаҳои марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшидаанд.

Бо ташаббуси Тоҷикистон масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсус пайдо кардаанд. Пешниҳодҳои созандаи кишвар дар ин самт аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти умумибашарӣ мусоидат намудаанд.

Дар соҳаи иқтисод низ даврони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи барномаҳои муҳими рушд, бунёди иншооти инфрасохторӣ, роҳу пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ тавсиф мешавад. Ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи муҳим фароҳам овардаанд.

Бо бунёди роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои замонавӣ имкониятҳои нави иртиботӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон васеъ гардидаанд. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, бахусус сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Амалӣ гардидани ин ҳадафҳо на танҳо барои рушди иқтисоди миллӣ, балки барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ низ имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти сиёсӣ ва саҳми худ дар раванди сулҳофарӣ аз шахсиятҳои шинохтаи таърихи муосири Тоҷикистон ба шумор мераванд. Нақши ӯ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими омӯзиши таърихи сиёсӣ ва давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи сулҳи миллӣ, сиёсати хориҷии мутавозин ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои таҳкими мавқеи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ талош меварзад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки натиҷаи музокирот, гузаштҳои мутақобила ва иродаи сиёсии ҷонибҳои даргир буд, барои кишварҳое, ки бо низоъҳои дохилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, аҳаммияти омӯзишӣ дорад.

Дар ин замина, яке аз иқдомҳои муҳимми байналмилалии Тоҷикистон пешниҳоди эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад. Ин ташаббус бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, 25 июни соли 2026 бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид.

Ҳадафи асосии ин ташаббуси байналмилалӣ таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколамаи созанда, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳаммулпазирӣ, ҳамбастагии байни наслҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба хотири таъмини сулҳу суботи пойдор мебошад. Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад дар ташаккули фарҳанги сулҳ ва пешгирии низоъҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирад.

Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид низ масъалаҳои муҳими замони муосир, аз ҷумла таъмини амният, пешгирии низоъҳои мусаллаҳона, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро фаро мегиранд. Чунин ташаббусҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои умумибашарӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ мусоидат мекунанд.

Дар ҷаҳони муосир, ки бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошад, ҳифзи сулҳ ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит месозад, ки сулҳ неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз масъулиятшиносӣ, хиради сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ вобаста аст.

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд ба қадри сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем. Зеро маҳз дар фазои осоишта метавон ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти илму маориф, таҳкими фарҳанги миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ноил шуд. Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Хусусан, ҷавонон бояд аз таърихи пуршебуфарози миллати худ сабақ гирифта, арзиши сулҳу ваҳдатро дарк намоянд ва бо дониш, маърифат, меҳнати созанда ва ҳисси баланди масъулият дар ободии Ватан саҳм гузоранд. Зеро ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ танҳо бо иштироки фаъолонаи тамоми шаҳрвандон имконпазир аст.

Тоҷикон миллати дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни бузург мебошанд. Имрӯз мо бояд аз он ифтихор дошта бошем, ки дар сарзамини соҳибистиқлоли худ дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем. Ин неъмати бузург моро водор месозад, ки барои ҳифзи ваҳдати миллӣ, таҳкими дӯстиву бародарӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз ҳамеша талош намоем.

Эмомалӣ Раҳмон - ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо нақши худ дар раванди сулҳофарӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мақоми хосса доранд. Арҷгузорӣ ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

 

Б. ДАВЛАТЁРОВА,

муаллими калони кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор