Таърихи ҳар як миллат аз рӯйдодҳое иборат аст, ки дар сарнавишти он нақши тақдирсоз дошта, роҳи минбаъдаи рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онро муайян менамоянд. Дар таърихи миллати тоҷик низ чунин рӯйдодҳои бузургу фаромӯшнашаванда кам нестанд. Яке аз муҳимтарин ва сарнавиштсози онҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон мақоми хосса дорад.

Иҷлосияи мазкур дар шароите баргузор гардид, ки Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ қарор дошт. Ҷомеа ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳбарии устувор ва қабули қарорҳои муҳимми сиёсӣ ниёзи шадид эҳсос мекард. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ вакилони мардумӣ масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини амният ва ба эътидол овардани вазъи ҷомеа қарорҳои муҳим қабул карданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими иҷлосия интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин интихоб дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ сурат гирифта, барои оғози давраи нави давлатсозӣ ва ташаккули низоми сиёсии кишвар замина гузошт. Дар он вазъияти душвор роҳбарии давлат аз шахси масъул иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ, ҷасорат, масъулияти баланд ва эҳсоси ватандӯстиро тақозо мекард. Маҳз зарурати барқарор намудани сулҳу субот, ҳифзи истиқлол ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти нави кишвар қарор дошт.

Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки он барои барқарор намудани фаъолияти мақомоти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар заминаи муҳим фароҳам овард. Дар ҷараёни иҷлосия як қатор санадҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба барқарорсозии сохтори идоракунии давлатӣ, ҳифзи истиқлолияти кишвар, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ба эътидол овардани вазъи ҷомеа равона шуда буданд.

Яке аз масъалаҳои меҳварии иҷлосия таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тамомияти арзии кишвар ва барқарор намудани ҳаёти осоиштаи ҷомеа буд. Зеро дар шароите, ки пояҳои давлатдорӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, ҳар як қарори сиёсӣ метавонист ба сарнавишти минбаъдаи миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон таъсири амиқ расонад. Аз ин рӯ, қарорҳои қабулшуда дар иҷлосия дар раванди ташаккули давлатдории навини миллӣ аҳаммияти бузург доштанд.

Иҷлосияи XVI бори дигар собит сохт, ки давлатдорӣ танҳо бо доштани рамзҳои миллӣ ва эълон намудани истиқлол маҳдуд намешавад. Барои пойдории давлат ниҳодҳои устувори давлатӣ, заминаи мукаммали ҳуқуқӣ, низоми самараноки идоракунӣ, амнияти миллӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба ояндаи кишвар заруранд. Маҳз дар чунин шароит истиқлолияти давлатӣ метавонад таҳким ёфта, барои рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид фароҳам орад.

Омӯзиши таърихи Иҷлосияи XVI набояд танҳо бо азёд намудани санаҳо ва номҳои шахсиятҳои таърихӣ маҳдуд гардад. Муҳим он аст, ки насли ҷавон сабабҳои баргузорӣ, шароити таърихӣ, ҷараён ва натиҷаҳои ин рӯйдоди сарнавиштсозро амиқ дарк намуда, аз он сабақҳои муҳимми ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва давлатдорӣ бигирад.

Ин рӯйдоди таърихӣ ба мо меомӯзонад, ки сарнавишти миллат аз масъулиятшиносӣ, хиради сиёсӣ, ягонагӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои миллӣ вобастагии зич дорад. Таҷрибаи солҳои аввали истиқлол собит намуд, ки танҳо дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ метавон ба таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори кишвар ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои мардум ноил гардид.

Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи рушди худро идома медиҳад, омӯзишу арҷгузорӣ ба чунин саҳифаҳои муҳими таърихӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки сабақҳои таърихиро фаромӯш насозанд, арзиши истиқлолу озодиро дарк намоянд, барои таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузоранд ва дар ободии Ватани азиз фаъолона иштирок кунанд.

Зеро таърих танҳо ёдгории гузашта нест, балки роҳнамои оянда низ мебошад. Арҷгузорӣ ба Иҷлосияи XVI пеш аз ҳама эҳтиром ба таърихи давлатдории миллӣ, шинохти арзиши истиқлолият, дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси қарзи фарзандӣ дар назди Ватан ва наслҳои оянда мебошад.

 

Фариза ИЛҲОМЗОДА,

донишҷӯи курси якуми факултети молия ва қарзи ДДМИТ