ДДМИТ ВА РОҲИ ИЛМУ ИННОВАТСИЯ: АЗ НАЗАРИЯ ТО АМАЛ
Дар шароите ки ҷаҳони муосир бо суръати бесобиқа ба сӯи иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои замонавӣ ҳаракат мекунад, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бахусус донишгоҳҳои соҳавӣ беш аз ҳар вақти дигар муҳим гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин равандҳо дар канор нест. Дар ин замина, фаъолияти илмию инноватсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) ҳамчун яке аз марказҳои асосии омодасозии мутахассисони иқтисодӣ ва молиявӣ таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад.
Дар зимн, сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Маҳмадалӣ Очилдиев бо муовини ректори ДДМИТ оид ба илм ва инноватсия Муқимов Қутбиддин Мирзоҷонович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки дар он масъалаҳои муҳими рушди илм, татбиқи инноватсия, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши донишгоҳ дар пешрафти иқтисоди миллӣ баррасӣ гардиданд.
- Қутбиддин Мирзоҷонович мехостам суҳбатамонро аз як саволи умумӣ, вале муҳим оғоз кунем: имрӯз ДДМИТ худро дар харитаи илму инноватсияи кишвар чӣ гуна ҷой медиҳад?
- Ташаккури зиёд! Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, таҳти №315 «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе» таъсис ёфта, сипас соли 2006 ба Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон тағйири ном карда, соли 2012 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муттаҳидсозӣ бо Донишкадаи молияи Тоҷикистон «Муассисаи таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Бо назардошти дастовардҳои беназир дар самти таълиму тарбия ва боло рафтани мақом ва нақши муассиса дар низоми миллии омодакунии кадрҳои баландихтисос Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли 2018 ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору қонунҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҷомеа рӯ ба пешравӣ оварда, Ватани соҳибистиқлоли мо ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар чунин марҳилаи созандагӣ ва тармими ҳаёти воқеии шаҳрвандони кишвари азизамон масъалаи мактабу маориф ва дар ин поя дастрасӣ ба технологияи пешрафти муосир, тибқи талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, огоҳии комил аз асрори кашфиёти илми ҷаҳонӣ ва дар ин замина, таъмин намудани рушди босуръати Ватани азизамон аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Дар Паёми худ санаи 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи илму маориф чунин қайд намуданд, ки: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд.”
- Ба андешаи ман ҳадафи ҳар боргоҳи маърифат дар шароити кунунӣ бояд омода кардани мутахассиси на танҳо донанда, балки офарандаи дониш бошад. Акнун биёед, андаке дар масъалаи кадрҳо низ тамаркуз намоем. Оё донишҷӯёни имрӯз ба талаботи илми муосир ҷавобгӯ ҳастанд?
- Донишгоҳ дар давраи начандон зиёди фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, тавассути меҳнати софдилонаи устодону кормандон ва дастовардҳои донишҷӯёну магистрон ба яке аз муассисаҳои пуриқтидори соҳавии таҳсилоти олии касбии кишвар мубаддал гардида, мувофиқи рейтинги соҳа ба чоргонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.
Донишгоҳ бо назардошти иқтидори кадрӣ ва илмию таълимӣ иштирокчии фаъоли низоми илму маориф буда, маркази муосири омодакунии кадрҳои баландихтисос ба ҳисоб меравад. Таъминоти мукаммали раванди таълим бо омӯзгорони касбӣ, маводи зарурӣ, инфрасохтори инкишофёфтаи таълимӣ, моддию техникӣ ва фароҳамсозии муҳити мусоид имконият медиҳанд, ки нуфузу эътибори донишгоҳ тақвият ёфта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа мавқеи мустаҳкамро касб кунад.
Раёсати илм ва инноватсия барои пешрафти самти илми донишгоҳ тамоми кӯшишу имконотро сафарбар намуда, ҷиҳати таҳкими неруи зеҳнӣ, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фаъолияти пурбор дорад.
- Пӯшида нест, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун як боргоҳи илму маърифати пешрафта барои тадқиқот ва инноватсия кӯшиш мекунад, то дар рушди илм ва технология нақши калидӣ дошта бошад. Лутфан, бигӯед, ки дар роҳи расидан ба ин ҳадаф кадом тадбирҳои муассир ва судмандро роҳандозӣ карданист?
- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун макони илму дониш ва маърифат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос дар пешрафти самтҳои асосии молиявию иқтисодии мамлакат ҳиссагузорӣ менамояд. Дар донишгоҳ тамоми шароитҳои зарурӣ ҷиҳати илмомӯзӣ барои омӯзгорону донишҷӯён муҳайё буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти наву замонавӣ таъмин мебошанд.
Дар ин зимина, мақоми илму инноватсия дар донишгоҳ ҷойгоҳи хосса дорад. Ҳайати профессорию омӯзгории донишгоҳ ба корҳои илмию тадқиқотӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, илмро ба истеҳсолот ва таҷриба алоқаманд месозанд. Ҳоло корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯи 14 самт, 14 муаммо ва 26 мавзуъ вобаста ба масъалаҳои иқтисод ва молия аз ҷониби ҳайати профессорию омӯзгории донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.
- Табиист, ки имрӯз илм набояд танҳо дар доираи аудиторияҳо маҳдуд шавад. Дар идомаи суоли боло. Донишгоҳ чӣ барномаҳо ва ташаббусҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва илми маҳаллӣ роҳандозӣ намуда истодааст?
- Донишгоҳ ташаббускори озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномасози беҳтарин» ва олимпиадаи “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни донишҷӯёни МТОК буда, ҳамасола ин озмунҳоро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор менамояд. Дар донишгоҳ аз моҳи октябри соли 2025 сар карда, маҳфили донишгоҳии донишҷӯёни ДДМИТ таҳти унвони “Дурахши илм” ва Шурои илмӣ-инноватсионӣ таҳти унвони “Навоварон” амал мекунанд, ки дар онҳо теъдоди зиёди донишҷӯён аъзо буда, пайваста бо маърузаҳои худ дар мавзуъҳои рӯзмарраи соҳаи иқтисоду молия баромад намуда, лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии худро низ тариқи рӯнамо пешниҳод менамоянд. Беҳтарин лоиҳаҳо барои дар амал тадбиқ намудан ба Парки технологии донишгоҳ пешниҳод мегарданд ва ё барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» сафарбарӣ карда мешаванд.
- Мусаллам аст, ки ДДМИТ дар замони имрӯза барои рушди тадқиқоти илмӣ ва амалӣ яке аз пойгоҳҳои устувори кишвар аст. Вақте ки дар бораи таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва назарҳои илмии муосир, махсусан дар соҳаҳои молия ва иқтисоди рақамӣ сухан меравад, аз назари Шумо, оё донишгоҳ қодир ҳаст, ки барои рушди иқтисод ва соҳаҳои илмии кишвар дар роҳи инноватсия ва муосирсозӣ заминагузорӣ кунад?
- Дар замони муосир, ки пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва рақобатҳои илмӣ-техникӣ рӯз то рӯз бештар ба чашм мерасанд, бахши илму инноватсия ба яке аз сутунҳои асосии рушди кишварҳои олам табдил ёфтааст. Имрӯз дигар пешрафтро бе такя ба дониш, таҳқиқот ва илму инноватсия тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд, бо мавқеъгирии муайян ба рушди соҳаи илм ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар яке аз суханрониҳои хеш Роҳбари давлат чунин таъкид намуданд: «Мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».
Раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ ҳамчун яке аз сохторҳои таркибӣ дар татбиқи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ нақши созгор ва фаъол дорад. Сохтори мазкур дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ фаъолият намуда, ҳамоҳангсозӣ, банақшагирӣ ва назорати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионии донишгоҳро таъмин мекунад ва ҷараёни омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, рушди фаъолияти илмии омӯзгорону донишҷӯён, ташкили конфронсу семинарҳо, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар амал, таҳлили фаъолияти илмӣ ва такмили сиёсати соҳа, инчунин, назорати иҷрои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти маориф ва илмро ба роҳ мемонад.
- Мо огаҳем, ки ДДМИТ дар тадқиқоти илмӣ ва амалӣ як қатор лоиҳаҳои тозаро рӯйи даст гирифтаву дар садади амалӣ сохтани онҳост. Оё шумо метавонед бо мисолҳои мушаххас перомуни ин лоиҳаҳо, ки дар рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ саҳмгузоранд, маълумоти бештар диҳед?
- Фаъолияти раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, дар маҷмуъ, ба татбиқи раванди иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ дар соҳаи илм бахшида шудааст. Кормандони раёсат фаъолияти хешро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву роҳнамоиҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда, мекӯшанд, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои ҷорӣ, заминаҳои устувори рушди илму инноватсияро барои солҳои минбаъда фароҳам оранд. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Дар замони мо, яъне, давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд».
Яке аз иқдомҳои муҳим ва мондагор дар рушди илми кишвар баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» мебошад, ки бо ташаббуси бевосита ва таҳти сарпарастии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Озмуни мазкур имрӯз ба як падидаи ҷиддӣ ва муҳимму таъсиргузор дар фазои илмии кишвар табдил ёфтааст. Агар солҳои аввал онро бештар ҳамчун як чорабинии маърифатӣ қабул мекарданд, имрӯз он ба майдони воқеии рақобати зеҳнӣ ва кашфи истеъдодҳо мубаддал гардидааст.
Донишҷӯёни донишгоҳ ҳамасола дар ин озмун иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро ишғол менамоянд. Масалан, соли 2025 донишҷӯи донишгоҳ Абдуназаров Дилшод аз рӯи номинатсияи география дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардид, ки шарафи донишгоҳро дар байни дигар МТОК-и кишвар ҳимоя намуд.
Дар сатҳи баланд баргузор шудани ин озмун ва бо ҳам омадани хонанда, донишҷӯ ва олим дар як фазои илмӣ худ як дастоварди бузург мебошад. Илова гардидани номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ низ ба рафти озмун бетаъсир намонд. Танҳо ҳамин тағйирот боис гардид, ки шумораи иштирокдорон нисбат ба соли пештар дар даври донишгоҳӣ зиёд гадидаистодааст. Ин нишондиҳанда гувоҳи возеҳи он аст, ки ҷавонон ба самти илмҳои муосир, махсусан, технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи бештар пайдо кардаанд.
Соли ҷорӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» донишҷӯи донишгоҳ Холназарзода Анис иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Қадрдонии ғолибони озмуни мазкур дар маросими бошукӯҳ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик сурат гирифт.
- Ба назар мерасад, ки ДДМИТ на танҳо ҳамчун як маркази таълимии миллӣ, балки ба ҳайси як хати илмии байналмилалӣ низ амал мекунад. Лутфан бигӯед, ки пойгоҳи илмиву инноватсионии донишгоҳ дар кадом сатҳ қарор дорад ва Шумо дурнамои рушди илмро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?
- Сатҳи рушди илми ҳар як донишгоҳ, пеш аз ҳама, аз фаъолияти олимон ва мавҷудияти кадрҳои баландихтисосу дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ вобаста мебошад.
Ҳоло дар донишгоҳ 21 нафар доктори илм, 138 нафар номзади илм ва 244 нафар муаллими калон ва ассистентон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Ҳамасола устодони донишгоҳ дар дохил ва берун аз донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дар мавзуъҳои рӯзмараи ҷомеа ҳимоя намуда истодаанд, ки сафи олимони донишгоҳро ба ин васила бештар мегардонад.
Ҳамин ҳам ҳаст, ки роҳбарияти донишгоҳ бо дастгириҳои ҳамешагии худ ҷавонони болаёқатро ба фаъолиятҳои илмӣ боз ҳам бештар ҷалб менамояд.
Фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ низ дар донишгоҳ хуб ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки айни замон ду Шурои диссертатсионӣ дар донишгоҳ амал мекунад. Соли ҷорӣ дар назди ДДМИТ Шурои диссертатсионии КОА 6D.КОА-108 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050607 - иқтисодиёти нақлиёт ва 6D050612 - иқтисоди сабз ва истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои 5.2.8. - иқтисодиёти нақлиёт ва логистика, 5.2.15. - иқтисодиёти сабз ва истифодаи захираҳои табиӣ” таъсис ёфт, ки шаҳодатномаи он дар ҳайати 11 нафар докторону профессорон ба муҳлати 2 соли фаъолият тасдиқ шудааст.
Дар 4 моҳи соли 2026 9 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дар Шуроҳои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ намудаанд, аз ҷумла 1 нафар рисолаи докторӣ ва 8 нафари дигар рисолаи номзадӣ.
Дар донишгоҳ барои омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ шуъбаи алоҳида амал мекунад, ки дар магистрантон ва докторантони PhD ба таҳсил ва ирои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Ҷараёни таҳсил дар зинаҳои магистратура, докторантура ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ пайваста мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
- Ба назар мерасад, ки донишгоҳ имкониятҳо ва заминаҳои хуби илмӣ барои рушд дар соҳаи молия ва иқтисоди рақамӣ муҳайё мекунад. Ба андешаи Шумо, рушди илм ва инноватсия дар оянда барои Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт? Минбаъд чӣ гуна ин рушд ба таҳкими иқтисоди кишвар ва муваффақият дар минтақа ва ҷаҳон таъсир хоҳад кард?
- Зиндагии имрӯзаро бе рушди илму инноватсия ва дастовардҳои рӯзафзуни он наметавон тасаввур кард, аз ин рӯ, нақши илм ва тафаккури илмӣ дар пешрафти кишвари азизамон басо назаррас аст. Тавре устоди илму ахлоқ Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Бояд қайд кард, ки силсилаи конференсия, мизҳои мудаввар, семинарҳо ва ҳамоишҳои сатҳи баланди илмӣ оид ба мавзуъҳои муҳим дар донишгоҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии донишгоҳ баргузор гардида истодаанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии муҳаққиқон, рушди тафаккури илмӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ равона гардидаанд. Албатта, чунин чорабиниҳо ба муаррифии дастовардҳои нави илмӣ, мубодилаи таҷриба байни олимону муҳаққиқон ва баррасии роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа мусоидат менамоянд.
Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад, ки ин рамзи эҳтиром ба дониш, заҳмати олимон ва ҷустуҷӯи пайвастаи тадқиқотҳои илмӣ аст.
ДДМИТ низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи илмии кишвар перомуни Рӯзи илми тоҷик як қатор конфаронсу мизҳои мудаввар, семинарҳову дигар чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ва омӯзишии сатҳи баланд баргузор намуд.
Ҳоло дида истодаем, ки бо татбиқи барномаҳои давлатӣ, рушди инфрасохтори илмӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба соҳаи илм дар кишвар ба марҳилаи нави пешрафту комёбиҳо ворид мегардад.
Аҳли илмро мебояд, дар баробари омӯхтану аз худ кардани илмҳои мухталиф ва ба ҷомеа муфид, ташвиқи атрофиён ба илму ҳунаромӯзӣ амал кардан аз рӯйи дониставу омӯхтаҳояшонро ҳадафи аслии хеш қарор диҳанд.
Тоҷ
Рус
Eng