КОРРУПСИЯ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕХОҲАД
Яке аз масъалаҳои мубраме, ки ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст, ин мубориза бар зидди омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия ба ҳисоб меравад.
Коррупсия ин сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, қудрат ва робитаҳо ба манофеи шахсӣ ё гурӯҳӣ (ришвагирӣ, азонихудкунӣ, хешутаборбозӣ) мебошад. Ин фаъолияти ғайриқонуние мебошад, ки бовариро ба ниҳодҳои давлатӣ коҳиш медиҳад, ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунад ва ба рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат зарари ҷиддӣ мерасонад.
Муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар замони имрӯза коррупсия яке аз мушкилоти умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми самтҳои ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад. Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуданд, ки бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил дода шудааст.
Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар ин самт тадбирњои муайян роҳандозӣ мешаванд.
Намудҳои асосии коррупсия - ин ришваситонӣ ҳангоми иваз кардани пул ё ашёи қиматбаҳо ба манфиатҳои ғайриқонунӣ, инчунин, сӯиистифода аз ваколат, масалан, дар тақсимоти шартномахои давлатӣ ва манфиатҳои “шахсӣ” ба ҳангоме ки даромадҳои ғайриқонунӣ ба муомилоти қонунӣ ворид карда мешаванд, ба ҳисоб мераванд.
Сабабҳои пайдоиши коррупсия гуногунанд. Онҳо дар табиати инсонӣ ва майли манфиатҳои шахсӣ, дар шароити иҷтимоӣ, аз қабили фақр, таҳсилоти паст ва маоши кам ва омилҳои фарҳангӣ, ки баъзан фасод ҳамчун як кори маъмулӣ қабул мешавад, реша мегиранд. Оқибатҳои ин падида глобалӣ ва харобиовар аст.
Барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама бояд сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Қонунҳо бояд сахт ва одилона татбиқ гарданд. Инчунин, шаффофият дар фаъолияти идораҳо роҳандозӣ ва иҷрои он қатъиян назорат карда шавад. Ҳар як шаӣрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи умумии аҳли ҷомеа аст.
Хуллласи калом, коррупсия монеаи ҷиддӣ барои пешрафти ҷомеа мебошад. Танҳо барои ҳамкории давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифат ва риояи қонун метавонем ин мушкилро кам намоем ва ҷомеаи одилона бунёд кунем.
Муродалӣ ҲУСАЙНОВ -
мудири кафедраи андозбандӣ ва суғурта, дотсент
Тоҷ
Рус
Eng