ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ: ТАҲДИДИ ҶИДДӢ БА СУЛҲ ВА АМНИЯТ
Дар ҷаҳони имрӯза, ки пур аз ихтилофҳо ва таҳдидҳои нав аст, терроризм ва экстримизм ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба ҳаёти осоиштаи одамон баромад кардаанд. Ин зуҳурот на танҳо ҷонҳои бегуноҳро қурбон мекунанд, балки суботи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро вайрон намуда, тарсу ваҳмро дар байни аҳолӣ паҳн мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаҳоро «вабои аср» номида, таъкид кардаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Дар Тоҷикистон, ки ҳамсарҳади минтақаҳои ноором аст, ин масъала аҳамияти махсус дорад ва ҳамаи мо аз ҳар як шаҳрванд то давлат бояд барои пешгирии он саъй кунем.
Экстремизм ин аз ҳад гузаштан дар ақидаҳо ва амалҳо мебошад. Он метавонад дар соҳаҳои сиёсӣ, динӣ, миллӣ ё иҷтимоӣ зоҳир шавад. Экстремистҳо ақидаҳои дигаронро қабул намекунанд, ба тафриқаандозӣ ва ҳатто даъват ба зӯроварӣ рӯ меоранд. Терроризм бошад, шакли шадидтарини экстремизм аст. Он истифодаи қасдонаи зӯроварӣ, таркишҳо, қатлу куштор ва амалҳои даҳшатнокро барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё динӣ дар бар мегирад. Дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (соли 2020) ва «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ин амалҳо равшан муайян шуда, фаъолияти чунин гурӯҳҳо манъ карда шудааст. Экстремизм аксар вақт ба терроризм меорад, зеро ақидаҳои ифротӣ замина барои амалҳои ҷиноятӣ мешавад.
Сабабҳои асосии паҳншавии ин зуҳурот мураккабанд, аммо онҳоро метавон ба чанд гурӯҳ ҷудо кард. Яке аз асосиҳо омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошанд: бекорӣ, камбизоатӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ. Ҷавонони ноумед, ки имкониятҳои рушд надоранд, осонтар ба ваъдаҳои қалбакӣ дода мешаванд. Сабаби дигар сатҳи пасти маърифати динӣ ва шаҳрвандӣ аст. Баъзеҳо бидуни дониши амиқи дин ба даъватҳои ифротӣ афтода, тафсирҳои нодуруст қабул мекунанд.
Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз абзори асосии таблиғ гардидаанд. Гурӯҳҳои ифротӣ (боқимондаҳои ДИИШ, ҳаракатҳои манъшуда мисли ҲНИ ва дигарон) тавассути видеоҳо, паёмҳо ва гурӯҳҳои пинҳонӣ ҷавононро ҷалб мекунанд. Таъсири берунӣ аз минтақаҳои ноором (мисол, ҳолатҳои Афғонистон), мушкилоти оилавӣ, бепарвоии волидайн ва ҳатто ҳисси беадолатӣ низ ба ин мусоидат мекунанд. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди пешрафтҳои зиёд ин омилҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд ва ҳар яки мо бояд онҳоро эътироф кунем.
Оқибатҳои терроризм ва экстремизм хеле вазнинанд ва ба ҳамаи соҳаҳо таъсир мерасонанд. Аввалан, талафоти ҷонӣ, ки ҳазорҳо марду зан ва кӯдакон ҳар сол қурбон мешаванд. Дуюм, зарари иқтисодӣ, ки хароҷот барои амният афзуда, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ коҳиш меёбад, инфрасохтор хароб мешавад. Сеюм, таъсири равонӣ ва иҷтимоӣ, ки дар ҷомеа ҳолати тарс ва бовар надоштан ба оянда пайдо мешавад, муносибатҳои байни миллатҳо ва динҳо суст мешаванд.
Дар Тоҷикистон мо аз таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум медонем, ки чӣ гуна нооромӣ метавонад ҳама чизро вайрон кунад. Ҳоло низ ҳар як ҳодисаи террористӣ метавонад суботи кишварро зери хатар гузорад ва обрӯи байналмилалии моро паст кунад. Мувофиқи Индекси глобалии терроризм (GTI) соли 2025 Тоҷикистон дар ҷои тақрибан 70-ум қарор дорад, ки хатари миёнаро нишон медиҳад, аммо ҳатто як ҳодисаи хурд метавонад вазъро тағйир диҳад.
Барои муқовимат бо ин хатарҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассир ва маҷмуӣ меандешад. Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст, ки ба пешгирӣ, ошкорсозӣ ва барҳам додани сабабҳо равона шудааст. Мақомоти давлатӣ - Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти маҳаллӣ корҳои профилактикӣ мебаранд. Дар муассисаҳои таълимӣ барномаҳои махсус оид ба таҳаммулпазирӣ, ватанпарастӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ҷорӣ шудаанд. Нақши оила, дар ин самт бисёр муҳим аст, зеро ки волидайн бояд фарзандонро дар руҳияи ватанпарастиву худшиносии миллӣ тарбия намоянд.
Хулоса, мубориза бар зидди ин амалҳои номатлуб танҳо кори давлат нест, балки салоҳияти ҳар як шаҳрванд дар ин самт масъулияти калон дорад. Терроризм ва экстремизмро танҳо бо муттаҳидии тамоми ҷомеа мағлуб кардан мумкин аст. Тоҷикистони мо кишвари сулҳ, ваҳдату ягонагӣ буда, мо бояд ҳаргиз иҷозат надиҳем, ки душманони беруна ва дохилӣ ин суботро вайрон кунанд. Ҳама якҷоя барои ояндаи дурахшони Ватан, барои ҳаёти осудаи фарзандон ва наслҳои оянда сайъ намоем. Танҳо бо дониш, зиракӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдат мо метавонем ин вабои асрро маҳв кунем ва ҷомеаи пешрафтаи шукуфон бунёд намоем.
Ишқина ТАВАКАЛОВА,
ҳуҷҷатнигори кафедраи забони русӣ
Тоҷ
Рус
Eng