Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузорандаи рушди воқеии  тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат мебошад. Бидуни ин руйдоди муҳим тасаввур кардани рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳама соҳаҳо мушкил ва имконнопазир аст. Ин руйдоди таърихӣ тавонист халқи Тоҷикистонро ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мушарраф гардонад.

Ташаккули қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад. Яке аз бахшҳои муҳими қонунгузории миллӣ ин бахши молия ва иқтисоди кишвар  мебошад, ки рушди он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба тадриҷ афзудааст.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зарурии қонунҳо аз тарафи мақомоти қонунгузории мамлакат бо назардошти талаботи ҷомеаи мусири Тоҷикистон   дар соҳаи молиявӣ ва иқтисодӣ қабул ва мавриди истифода қарор гарифтаанд. Ин иқдоми мақомоти қонунгузории мамлакат имкон медиҳад, ки танзими тамоми бахшҳои фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии иштирокчиёни муносибатҳои молиявӣ дар ҳоли рушд қарор гирад.

Метавон гуфт, ки яке аз  санадҳои муҳиме, ки поягузори фаъолияти субъектҳои муносибатҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад, ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 мебошад. Мутобиқи муқаррароти моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».

Ин муқаррароти конститутсионӣ заминагузорандаи муҳимтарини таҳким ва таъмини ҳуқуқии қонунгузории соҳаҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар айёми соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Дар заминаи ин меъёрҳои бунёдии Конститутсияи кишвар баъдан ташаккули қонунҳо дар соҳаи молия ва  иқтисод дар мисоли Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ», «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бори фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ», «Дар бораи бозори коѓазҳои қиматнок», «Дар бораи фаъолияти суѓуртавӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблаѓгузории хурд», «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ», «Дар бори ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи ҳимоя аз рақобат» қабул гардидаанд, ки барои танзими бемайлони муносибатҳои ҷамъиятӣ дар бахши мазкур саҳми авалиндараҷа доранд.

Мусаллам аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зарурии қонунҳо аз тарафи мақомоти қонунгузории мамлакат бо назардошти талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар соҳаи молиявӣ ва иқтисодӣ қабул ва мавриди истифода қарор гарифтаанд.  

Қабули қонунҳои сершумор дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар бахши молия ва иқтисод имкон дод, ки тӯли 35-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди воқеии муносибатҳо дар бахши фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии кишвар ба таври аъло эҳсос гардид ва фаъолияти субъектони ин муносибатҳо низ дар сатҳи зарурӣ танзим карда шуда, ҳимояи ҳуқуқи субъектони муносибатҳои молиявӣ  ва иқтисодӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти молиявии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин соҳаи бонкдорӣ маҳсуб мешавад, ки бо танзими ҳуқуқии ҳамаҷониба таъмин буда, айни ҳол дар рақамикунонии иқтисодиёт ва хизматрасониҳои электронӣ нақши муассир дорад.

Зикр кардан зарур аст, ки дар байни қонунҳои қабулшуда аз ҷониби бисёр пажуҳишгарони ватанӣ нақши калидӣ ба ташаккули қонунгузории молиявӣ ва иқтисодӣ баъд аз Конститутсия ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикстон дода шудааст.

Қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва ва қабул шудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд»,  «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»  низ дастоварди беназир дар таҳким ва рушди устувори муносибатҳои ҷамъиятии соҳаи молия ва иқтисод дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар маҷмуъ, давоми 35 соли Истиклолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва зерқонунии зарурӣ дар бахши молиявӣ ва иқтисодӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки барои устувор гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия ва иқтисод саҳми беназир доранд ва имрӯз рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ дар доираи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи молиявӣ ва иқтисодӣ қабулгардида дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад.

 

Сулаймон ДӮСТОВ -

муаллими  кафедраи ҳуқуқи

иқтисодӣ  ва молиявии ДДМИТ