ДОШТАНИ ЧУНИН МОДАР БАРОЯМ ИФТИХОРИ БУЗУРГ АСТ!
Бимирам дар ҳама ҳарфу садоят,
Бигардам хок, Модар, пеши поят.
Намеёбам сухан, эй Модари ҷон,
Ки он арзад ба қадри бебаҳоят.
Ростӣ, фикр мекардам, ки навиштани чизе дар бораи Модар кори аз ҳама осон ва саҳл аст, вале ҳоло дарк намудам, ки аз ҳама мушкилтарин кор навиштани калимае дар бораи Модар будааст.
Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон Модар рамзи баҳор аст. Воқеан ҳам, боиси сарфарозист, ки Модари ман барои ман ҳам Модар ва ҳам устод дар ҷодаи зиндагӣ ва кору фаъолиятам мебошанд.
Дар ҳақиқат, устод дар ҳаёт роҳнамои ҳар як шогирд мебошад. Вақте ки ман аввалин бор қадамҳои нахустини худро ба даргоҳи илму маърифати собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон гузоштам ва сазовори номи пуршарафи донишҷӯ шудам, баъд аз як соли таҳсил, яъне дар курси дуюм, воқеае рӯй дод, ки ҳаргиз аз хотирам намеравад. Маро собиқ ректори донишкада Гулмирзоев Д. (руҳашон шод, ҷояшон ҷаннат бод), тасодуфан вохӯрда, ба наздашон даъват намуданд. Он кас дар он вақт ҳатто намедонистанд, ки ман духтари Ҳомидова Қутбия ҳастам.
Баъдан ман ба утоқи кории ректор ворид шудам. Пас аз суҳбат, он кас маро ба кор даъват намуданд. Ман аз ҳаяҷон чизе гуфта натавонистам ва тамоми вуҷудамро тарс фаро гирифт. Сипас гуфтам, ки Модари ман дар ҳамин ҷо фаъолият доранд. Модарамро ба наздашон даъват карданд ва таъкид намуданд, ки ман бояд ариза нависам. Ҳамон ҷо Модарам маро ҳидоят карданд, ки ариза нависам.
Бо роҳнамоии Модар ариза навишта, онро имзо намудам. Аз ҳаяҷон меларзидам, зеро ин аввалин фаъолияти кориам буд. Дар ҳамон вақт маро ба ҳайси ҷонишини бахши кор бо ҷавонони донишкада таъин намуданд.
Аз ҳамон лаҳзаҳои хотирмон то имрӯз ман бо Модарам якҷоя кор мекунам. Устоди аввалини ман чун хуршеданд, ки нурҳои зиёбахши илму маърифаташон ба ман равшанӣ ва гармӣ мебахшанд. Бо дастгирии Модар то имрӯз дар самтҳои гуногуни ДДМИТ фаъолият намудам ва бо амри тақдир ба омӯзгорӣ расидам. Ман касби модарро пеша кардам, касби пуршарафу пурифтихор.
Модар сарчашмаи ҳаёт, меҳрубонӣ ва фидокорист. Ӯ аввалин омӯзгор, аввалин дӯст ва такягоҳи инсон аст. Модар бо сабр фарзандро ба воя мерасонад, шабҳо бедорӣ мекашад ва ғаму шодии фарзандро аз дил мегузаронад. Дар ҳама фарҳангҳо ва динҳо мақоми Модар баланд аст. Эҳтироми Модар эҳтироми ҳаёт аст. Модар равшангари дилҳо ва роҳнамои роҳи рост дар зиндагӣ мебошад.
Ҳамин тавр, Модари бузургвори ман дар зиндагӣ ҳам аввалин устод ва ҳам аввалин мураббии ман мебошанд.
Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд...
Устоде, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагиро ба ман омӯхт, устоде, ки дар шебу фарози зиндагӣ роҳнамои ман аст, устоде, ки роҳи илму маърифат ва зиндагии солимро ба ман нишон дод, ин Модари ман мебошад.
Ҳар он чизе, ки дар зиндагӣ барои ман нофаҳмо аст, аз Модарам мепурсам ва ӯ бо тамкину ҳикмати хосашон ҳар саволи маро ҷавоб медиҳанд. Модари ман шахси меҳрубон, дилсӯз ва ҳамзамон, сахтгир мебошанд. Он кас ҳамчун омӯзгор ва шахсияти пурмасъулият дар соҳаи илму маориф фаъолияти пурсамар дошта, дар рушди ҷавонон ва донишгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд.
Ман ифтихор мекунам, ки чунин Модари олима, босавод ва меҳрубон дорам. Устоди аввалин касест, ки ба инсон илму маърифат меомӯзонад ва дари бахту саодатро ба рӯяш мекушояд.
Чунон ки шоир гуфтааст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ ханҷар оҳани тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Фарзанд аз лаҳзаи таваллуд зери тарбияи волидайн ба воя мерасад. Баъдан таҳти роҳнамоии мураббӣ, яъне Модар ба камол мерасад. Барои ман ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар касб устоди аввалин Модарам мебошанд.
Муаллим шахсест, ки мисли Модар меҳрубон, вале сахтгир аст. Ҳамаи дониш ва таҷрибаи худро барои тарбияи шогирдон сарф мекунад. Модари ман низ чунин шахсият мебошанд.
Модар! Чӣ калимаи зебо ва муқаддас! Меҳри ӯ мисли хуршед аст, ки ба тамоми олам нур мебахшад. Ӯ боғбони меҳрубонест, ки ниҳоли умеди фарзандро парвариш медиҳад.
Ба дастонам қалам додӣ,
Қалам аз дасти ман ларзид.
Зи ларзиши дасти ман,
Дили пурмеҳри ту ларзид.
Устоди аввалини ман Қутбия Ҳомидова барои ҳар ҳарфе, ки ба ман омӯхтанд, заҳматҳои зиёд кашидаанд. Ман ҳаргиз инро фаромӯш намекунам. Бо дастгирии Эшон ба омӯзгорӣ расидам ва мехоҳам дар оянда низ фахри Модар бошам.
Имрӯз ҳар дарсе, ки медиҳам, суханони Модар пеши назарам меоянд ва онҳоро сармашқи кори худ қарор медиҳам. Агар заҳмати устод намебуд, ҷаҳон аз илму маърифат маҳрум мегардид.
Устоди аввалини ман Модарам - идеали зиндагии ман мебошанд. Модари ман, номзади илмҳои таърих, Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ Ҳомидова Қутбия Ҳалимхоновна аст.
Мехоҳам мисли Модарам ростқавл, устувор ва масъулиятшинос бошам.
Гӯшаи роҳат дуои Модар аст,
Гӯшаи ҷаннат ризои Модар аст.
Қадри Модарро бидон дар зиндагӣ,
Лутфу раҳмат аз дуои Модар аст.
Имрӯз беҳтарин рӯз аст, зеро Худованд беҳтарин фариштаро офарид, то Модари ман бошад.
Осмонро гуфтам: метавонӣ рӯҳи Модар шавӣ?
Гуфт: не, ман чунин нуру гармиро надорам...
Эй болотар аз осмон, эй офтоби зиндагӣ, ҳамеша дурахшон бимонӣ!
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки муҳаббат, меҳрубонӣ ва ғамхории модарон неруи бузурги маънавиест, ки ҷомеаро рушд медиҳад. Маҳз бо чунин арзишҳо мо метавонем насли наврасро донишманд, бофарҳанг ва масъулиятшинос тарбия намоем.
Зодрӯзи хуҷастаатон муборак бошад, Модарҷони меҳрубонам!!!
Муборак МИРЗОАЛИЕВА,
ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng