Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз чумла ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси сар задани оқибати нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, бенизомӣ, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб натанҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона низ рахнаандозӣ намуда истодааст.

Экстремизм аз калимаи фаронсавии “extremisme” ва лотинии “extremus” амалҳои тундравона, аз ҳад гузашта аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм, ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Терроризм бошад, аз забони лотинии terror - даҳшат, ҳарос гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирхои асри XVIII хангоми Инқилоби бузурги Фаронса истифода шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала дар суханронии худ доимо қайд менамоянд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Қурбонии терроризм дар ҳамаи минтақаҳо асосан ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Муболиғони ҳаракатҳои ифротӣ барои ба доми худ даровардани ҷавонон бештар аз технологияҳои иттилоотии муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд.

Вақте ки фикру ақидаҳои ифротгароён дар майнаи ҷавонон ҷойгир мешавад, онҳо оҳиста-оҳиста аз ҳама дур шудан мегиранд ва дар дил нисбати ҳамагон кинаву нафрат пайдо мекунанд ва бо мурури замон бераҳмиву зӯровариро пешаи худ мекунанд. Сабабгори пайвастани ҷавонон ба равияҳои динӣ-экстремистидошта, пеш аз ҳама, аз назорати волидайн дур мондани фарзандон ба ҳисоб меравад.

Мо аз ҷавонон даъват ба он дорем, ки ба ҳар гуна ақидаҳои хурофотпарастӣ дода нашаванд ва шукрона аз ватани ободу тинҷу осоишта намоянд.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон ва хусусан падару модарро масъулияти бузурге мебояд, зеро диққати ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди амали нанговари ҷомеаи имрӯза - терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҷавонони сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд ва фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгаронаи динӣ ва душманонаи миллати тоҷик намегарданду барои роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизу маҳбубамон ҳам амалан ва ҳам маънаван муборизаи беамони худро дареғ намедоранд.

Давлатҷон ҲУКМАТОВ,

н.и.и., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ