Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҳуҷҷати роҳнамоест, ки фарогири ҳамаи самтҳои асосии кишвар, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра мебошад. Дар Паём масъалаҳои дар соҳаҳои номбаршуда мавҷудбуда баррасӣ гардида, барои боз ҳам рушду нумуъ ёфтани соҳаҳои мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраҳои минбаъда вазифагузориҳо карда шудаанд. Дар баробари масъалаҳои номбаршуда, чор ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳиму самарабахш амалӣ карда шудааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки пешниҳодҳои неки Сарвари давлат низ, чун дигар нақшаҳои қаблӣ, амалӣ мегарданд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори кишварҳои рушдкарда қарор мегирад.

Воқеан, дигар рӯйдоди таърихие, ки дар Паёми соли 2025 ироа гардид, ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расиданд, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж, 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул карда шуданд, ки пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ба ҳисоб мераванд.

Тавре аз Паёми навбатӣ бармеояд, ММД 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш меёбад. ММД ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ дар давраи татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар (солҳои 2019-2025), беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойҳои корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд, баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.

Барои расидан ба ҳадафи дуюми стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ, ин бунёди як қатор неругоҳҳои обӣ, офтобӣ ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва аз байн бурдани талафоти неруи барқ дар кишвар мебошад. Дар Паёми навбатӣ роҳбари давлат қайд карданд, ки ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт - 250 мегаватт - дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт - дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.

Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад. Ва ормони чандинсолаи миллати заҳматкашу меҳнатқарини тоҷик ҷомаи амал хоҳад пӯшид.

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори ҳадафҳои стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида мешавад. Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат, баҳри расидан ба мақсаде, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар равона карда шудааст, тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Сарвари давлат зимни ироаи Паём, аз тағйирёбии иқлим, ҳарорати баланди ҳаво ёдоварӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.

Пешвои миллат бо қаноатмандӣ аз кишоварзон қайд намуданд, ки бо назардошти чунин шароити ногувор, кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самаранок аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла обу замин, ҳосили фаровон мерӯёнанд ва амнияти озуқавории кишварро беҳтар таъмин менамоянд.

Дар Паёми навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат Сарвари давлат супориш доданд, ки Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.

Қисмати ҷамъбастии Паёми Пешвои милллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз дурнамои хуби кишвар дарак медиҳад, моро хело ҳам руҳбаланд менамояд. Мо бояд аз Истиқлолияту озодӣ ва соҳибдавлатӣ шукрона намоем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо биёрем, ҳама саъю кӯшиши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Ҳамаи ин созандагиҳо, ғамхориҳои Пешвои маҳбуби миллат баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона гардидаанд ва таҳти роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамоянд. Паём бори дигар Пешвои муаззами миллати моро ҳамчун як сиёсатмадори оқилу ояндабин, сиёсатмадоре, ки такя ба воқеият мекунад, нишон медиҳад.

А. БАРОТОВ,

и.в. мудири кафедраи аудит ва ревизия,

н.и.и., муаллими калон