САДА - НИШОН АЗ МЕҲРПАРАСТӢ ВА НОЗАНИНТАРИН ҶАШНИ АҶДОДӢ
Гузаштагони ориёиҳо аз худ мероси гаронбаҳои фарҳангӣ боқӣ гузоштаанд. Аз зумраи он мероси аҷдодӣ ойину ҷашнҳои суннатӣ - Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон маҳсуб ёфта, дар рушди маънавиёти ҷомеа мавқеи махсусро ҷойгузин мебошанд. Яке аз вижагиҳои муҳими ҷашнҳои эрониён дар ин аст, ки бар хилофи бисёре аз миллатҳои гуногун, бештар аз падидаҳои иқлимӣ, иҷтимоӣ ва кайҳонӣ мебошад. Аммо, ҳамвора дар ҳар замон пайравони бархе адён кӯшиш кардаанд то ҷашнҳои муҳим ва густурдаро ба ҳар шакл ба дин пайванд зананд, ба он тобиши мазҳабӣ диҳанд.
Ҷашнҳои мазкур рӯзгори ҳамешагӣ, фалсафаи ҳаёт, афкору ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва хислатҳои равонии ҷомеаро таҷассум карда, ҳар яке дар мавсимҳои дигаргуншавии табиат, ки бо зиндагии созандаи кишоварзон иртибот дорад, ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз - рӯзи нав, яъне фарорасии соли нав, ки дар рӯзи якуми моҳи фарвардин, (мутобиқ ба 21-22-уми март); Меҳргон - мавсими ҷамъоварии ҳосил, ки дар рӯзҳои 16-21-уми Меҳрмоҳ, (мутобиқ ба рӯзҳои 23-уми сентябр - 25-уми октябр) ва ниҳоят, Сада мавсими омодагӣ ба кишту кор, ки дар рӯзи даҳуми Баҳманмоҳ, (мутобиқ ба 30-31-уми январ) доир шуда, бо хусусиятҳои аз ҳам фарқкунанда, бо суруру нишот ва шодмонӣ ҷашн гирифта мешуд.
Дар ин рӯз базмгоҳҳо, оташкадаҳо ва хонаҳо зиннат меёфтанд. Маликону амирон ба раияте баргузида, рӯ ба рӯ ва паҳлуяшон дар атрофи гулхан менишастанд.
Ба қавли Аҳмади Тӯсӣ, оташ неъмати Худованд аст, ки аз кас дареғ надошт, на аз маликон ва на мискинон. “Ва ин атои Офаридгор аст, ки дар ҳаққи бандагон кард, то гадову амир дар он яксон бошанд”. Мувофиқи амри шоҳон, дар талу пуштаҳо ва базмгоҳҳо ҳезум аз гавзу бодом барчида, дар як вақту соат фурӯзон мекарданд. Рӯшаниву сурхӣ ҳама ҷоро фаро мегирифт”.
Абурайҳони Берунӣ чунин ривоят мекунад, ки эрониён дар шаби Сада дуд меангезанд, то дафъи музиррот кунанд, афрӯхтан ва шуълавар гардондани оташ дар ин шаб ва об додани ҳайвоноти ваҳшӣ ва тафреҳ намудан ҷузъи русуми ин ҷашн аст, дар Хуросон ин ҷашн тақрибан дар тамоми рустоҳо бо суруру шодӣ ва шукӯҳи хос баргузор мешавад. Бо вуҷуди гузашти чанд ҳазор сол ҳанӯз дар миёни мардум зиндаву ҷовид мондааст.
Ҷашни Сада дастурхони ба худ хосеро дошт, ки дар атрофи он нишаста маҷлиси рақсу бозӣ меоростанд, овозхонӣ ва бадеҳагӯӣ мекарданд ва он то бомдоди дигар идома меёфт. Рӯзи баъд шоҳону мулукон ба пазироӣ менишастанд ва маҷлис ба мусобиқаи шоирону мадеҳагӯён табдил меёфт. Барои баргузории ин ҷашн дар ҷойҳои махсус мардум ҷамъ гашта, онро таҷлил менамуданд. Ҳар тане ҳунару сарвати худро намоиш медод.
Чигунагии маросими ҷашни Сада дар Бағдодро Ҳошими Розӣ дар аҳди Маликшоҳи Салҷуқӣ ва Абулфазли Баҳақӣ дар “таърих”-и худ ҷашнгирии ин идро дар замони фармонравоии Султон Масъуд тасвир намудааст.
Мувофиқи иттилои Байҳақӣ, дар ҷараёни сафари Султон Масъуд рост омадааст. Султон дастур дод, ки дар роҳи Марв садопардае дар лаби ҷӯй бизананд, тоқҳо дуруст кунанд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фаро расид, Султон ба сари тахт нишаст, надимону мутрибон биомаданд ва оташ ба ҳезум заданд ва пас аз он шунидам, ки қариб аз даҳ фарсах фурӯғи он оташ дида буданд... ва чунон Садае буд, ки дигар он чунон надидам ва он бо хуррам ба поён омад. Дар “Таърих”-и Байҳақӣ ҷашнҳои дигари Сада, ки дар қаламрави хилофат барпо мегардиданд, тасвир шудаанд.
Дар такя ба расму оин Берунӣ таъкид мекунад, ки мардумон “Садаро дар муқобили аз дӯзах ба рӯйи олам баровардани зимистон”, ба миён оварданд, ки то гармиро афзун кунанд. Ба оташи афрӯхта рустаниҳойи хушбӯйро меандохтанд, ки осебу зиёни сардӣ андак шавад. Ба қавли Ироншоҳ бинни Абдулхайр (“Баҳманнома”) аҳду паймонро маъмулан дар канори об ва оташ мебастанд ва савганди садоқат изҳор медоштанд.
Хуллас, Сада яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, аз замонҳои ниҳоят қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намешуд.
Аз сабаби аз даврони дури таърихӣ омада расиданаш, оид ба маъно, пайдоиши он ривояту нақлҳои фаровон ва ҳатто мухталиф мавҷуданд. Сада нозанинтарин ҷашни аҷдод аст. Таҷлилаш ҳеҷгоҳ ба оташпарастӣ намекашад. Нишон аз меҳрпарастӣ ва ихтирои бузурги инсоният дорад. Сада аз пой то сар ба зоҳиру ботин намунаи барҷастаи ҳикмати кӯҳан буд. Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззат ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр ва рӯ овардан ба рӯшанист. Тавлиди оташ таҷаллии нури Парвардигор, мазҳари ҳастӣ ва пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот ва дод бар бедодист.
Қутбия ҲОМИДОВА,
н.и.т., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng