Модар-Ватан ду вожаи муқаддасест, ки барои ҳар як шахси баору номус аз ҳама ганҷи дунё волотар аст. Инсон аз вақте худро мешиносад ва ба моҳияти аслӣ пай мебарад, ҳис мекунад, ки дар вуҷуди ӯ маҷмуи эҳсосоти мухталиф ҷойгузин шудааст. Эҳсосоти мазкур дар тули умр ҳамрадифу ҳамқадами ӯ буда, тамоми зиндагии ӯро рангин месозаду зебоӣ мебахшад. Бешубҳа, барои ҳар як инсони худшинос ватандӯстӣ эҳсоси басо гуворост. Пас, вазифаи аз ҳама бузурги падарону модарон дар он аст, ки ин эҳсоси бузургро дар ниҳоди фарзандон аз хурдӣ ҷой намоянд ва онро парвариш диҳанд.

Шояд суоле пайдо мешавад, ки ин эҳсос, ки чизе диданиву дасткарданӣ нест, бо чӣ шевае метавон онро дар вуҷуди фарзандон макону маъво дод?

Посухи ин суол ниҳоят осон аст. Мо адабиёту фарҳанг ва таърихи пурифтихоре дорем, ки фарогири намунаҳои олии мавзуи ватандориву ватандӯстист. Бузургмардони адабиёти классики мо ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи зиёде намудаанд. Танҳо зикри «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ метавонад дар ин бахш муште аз хирвор бошад. «Шоҳнома» саропо дарси муҳаббату покӣ, садоқату дӯстӣ ва меҳанпарастӣ аст. Корнамоии Рустам - қаҳрамони асосии ин шоҳасар рӯшантарин мисол барои эҳсоси ватандӯстист.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ҷавонони азиз, дар шароити кунунии дунёи пурталотум, ки ҳар лаҳза дар тағйиру таҳаввулот асту ақоиди тундгароёна чун бало сайёраро ба боди самум мубтало сохтааст, моро беш аз пеш зарур аст, ки фарзанди содиқу асили Ватани биҳиштосои хеш бошем. Бо такя ба панди бузургонамон эҳсоси ватандӯстиро дар тану ҷони худ тарбия намоему сайқал диҳем. Ба таъкиди ҳамешагии Пешвои миллат зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамзамон, шукронаи оромию ободии Ватан кунему онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Салмон МАҚСАДУЛЛОЗОДА,

донишҷӯи соли дуюми факултети иқтисод ва идораи давлатӣ,

ихтисоси 1-25010728