«Мо дар назди табиати бою саховатманди мамлакатамон, ки дар давраи буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодии бар дӯши халқи мо омада имкон дод онро пушти cap намоем, сипосгузорем ва минбаъд он барои наслҳои имрӯза ва ояндаи кишвар хизмат хоҳад кард».

Эмомалӣ Раҳмон

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст. Ин нишондод 527 млрд. кВт соатро дар як сол ташкил дода, аз рӯи ин нишондиҳандаи мутлақ Тоҷикистон дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Ҷумҳурии демократии Конго, Ҳиндустон ва Канада ҷои ҳаштумро ишғол мекунад. Аз рӯи нишондиҳандаҳои нисбӣ, яъне аз рӯи тақсимоти захираҳои гидроэнергетикӣ ба ҳар сари аҳолӣ (87,8 ҳазор кВт соат сол/одам), ҷои дувум ва аз рӯи тақсимоти захираҳои гидроэнергетикӣ ба ҳар як километри квадратӣ дар як сол (3682,7 ҳазор кВт соат сол/км2) ҷои якумро ишғол мекунад.

Бояд қайд кард, ки саноати энергетика якҷоя бо хоҷагии қишлоқ, яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёт маҳсуб мешаванд, чунки дараҷаи инкишофи иқтисодии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро муайян карда, дар як вақт вазифаҳои иҷтимоии таъмини талаботи табиии аҳолиро ба гармӣ ва равшанӣ қонеъ мегардонанд. Лекин дар асл заминаи табиии инкишофи соҳаи саноати электроэнергетика дар Тоҷикистон танҳо гидроэнергетика мебошад, чунки Тоҷикистон дорои захираҳои беинтиҳои тамомнашавандаи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ки мутаассифона, ҳоло ҳамагӣ 6-7%-и ин захираҳо истифода мешаванду халос. Имрӯз 95% истеҳсоли неруи барқро дар Тоҷикистон гидроэнергетика ташкил медиҳад, ки бо самаранокии зиёди худ фарқ мекунад.

Истеҳсоли неруи барқ аз об (НБО) аз истеҳсоли барқи сарчашамаҳои мухталиф, яъне (неругоҳҳои барқии ҳароратӣ - НБҲ ва неругоҳҳои барқии атомӣ - НБА аз ҳама арзон буда, арзиши аслии он нисбати барқи аз НБА истеҳсолшаванда 6-8 маротиба паст аст ва ин фарқият оянда дар натиҷаи зиёд шудани нархи нефт ва газ боз ҳам меафзояд.

Имкониятҳои таъмини бехатарии амнияти энергетикӣ ва рақобатпазирии энергетикии Тоҷикистон ба захираҳои мавҷуда асос меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ бо номи «Тоҷикистони соҳибистиклол 15-сола шуд» дар Фаслномаи илмии «Ирано-Славика», Маскав, 2 (10), 2006 менависанд, ки «...Аз рӯйи таҳқиқи коршиносон, дар дунё захираи манобеи табиии сӯхт ва монанди инҳо рӯз аз рӯз коҳиш меёбад. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергияи об аст ва қодир хоҳад буд, то неруи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромадзо ва аз ҷиҳати экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз, мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи энергетика мебинем».

Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба захираҳои беинтиҳои гидроэнергетикӣ, ташаббускори истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар миқёси минтақа ва ҷаҳон мебошад. Маҳз бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ассамблеяи Генералии СММ бо Қарори худ таҳти №5/196 аз 20.12.2000 соли 2003-ро соли «Соли байналмилалии Оби тоза» ва бо Қарори дигари худ таҳти № 58/217 аз 23.12.2003 солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон дошт.

Ҳамчунин, боиси фараҳу сарфарозӣ ва саодати мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки санаи 22 декабри соли 2016 дар 7-умин форуми “Байналмилалии об”, ки дар Кореяи ҷанубӣ баргузор шуд, аз ҷониби Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид ва дар матбуоти ҷаҳон ба тасвиб расид. Ба ин минвол, дар маҷмуъ, 7 пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ дастгирӣ ёфтаву дар арсаи байналмилалӣ ҳамовозӣ пайдо карда, татбиқи амалии худро пайдо менамоянд, ки ин бозгӯйи бебаҳси ҷойгоҳ, мартаба, нуфуз ва эътибори ҷаҳонии кишвари мо мебошад.

Мояи ифтихори тоҷикони ҷаҳон аст, ки амалӣ гаштани ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дошта, мавқеи устувор касб менамоянд. Зеро аксари пешниҳодҳои Тоҷикистонро бе гуфтугӯ кулли давлатҳои аъзои СММ якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Дар доираи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» чандин лоиҳаҳои дигарро Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур намудаву дар татбиқи онҳо саҳмгузории бевосита менамояд. Ин аст, ки даҳсолаи мазкур ба рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқ ва пешбарии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкорӣ ва ширкат ҷиҳати татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат намуда, таҳкими самаранокии истифодаи захираҳои об, ғизо, энергия ва муҳити зистро фаро мегирад. Пас ҳар яки моро месазад, ки бо чунин диёри зебоманзару биҳиштосо ифтихор намуда, нисбати ин иқдом бетараф набошем.

Тоҷикистон қариб нисфи захираҳои обии минтақаро доро бошад ҳам, лекин сиёсати истифодаи оқилонаи обро дар асоси принсипҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба роҳ мондааст. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоти минтақавӣ ва глобалии марбут ба об аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дастгирӣ ёфтааст. Ибтикороти Президенти Тоқикистон оғози раванди умумиҷаҳонии муносибатҳои нав ба захираҳои обӣ гаштааст.

Мутобиқи принсипҳои инкишофи устувори протоколи Киото, мақсади асосии инкишофи минбаъдаи энергетикаи ҷаҳонӣ, кам кардани саҳми истеҳсоли барқ аз сарчашмаҳои анъанавӣ ва иваз кардани онҳо ба сарчашмаҳои ғайрианъанавӣ мебошад. Таҳти таъсири тағйирёбии глобалии иқлим дар бахши энергетика низ дигаргуниҳои муайян бояд ба вуҷуд оянд. Дақиқ кардани эҳтиёҷот, қабули тадбирҳои мутобиқгардонӣ ва таъмини рушди соҳаи энергетика бо назардошти иқлими тағйирёбанда, бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун масъалаи афзалиятноки расидан ба рушди устувор баррасӣ гардад.

Муаммои асосии соҳаи энергетика дар давлатҳо, ин таъсири манфии он ба табиат ва истифодаи захираҳои минералии барқарорнашаванда мебошад. Ҳарчанд ин coҳa муаммоҳои экологиро тезутунд кунад ҳам, лекин истифода бурда тавонистани энергия ҳамеша роҳи наҷоти инсоният будаву боқӣ мемонад. Ва ҳоло дараҷаи истеъмоли энергияи ба ҳар сари аҳолӣ, яке аз муҳимтарин нишондиҳандаи на танҳо иқтисодӣ, балки нишондиҳандаҳои иҷтимоиро низ дар бар гирифта, дар бисёр ҳолатхо сатҳи зиндагии мардумро пешгӯӣ мекунад. Ин аст, ки бисёр вақт мегӯянд, ки энергетика ҷаҳонро идора мекунад.

Ҳалли ин проблема, яъне инкишофи мунтазами иқтисодиёт ва роҳ надодан ба инкишофи соҳаи энергетика, ки табиати атрофро ифлос мекунад, муаммои асосии ҷамъияти муосир мебошад. Яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энергияи барқароршаванда мебошад, ки бе шакк он гидроэнергетика мебошад. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад, тамоми минтақаро бо барқи арзони аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба истилоҳ, «энергияи сабз» таъмин намояд. Ҳоло дар ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 170 млрд кВт с дар як сол барқ истифода мешавад, ки ин аз нишондиҳандаҳои техникии Тоҷикистон ду маротиба кам аст. Дар як вақт соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон масъалаи дигари муҳим, масъалаи танзими ҷараёни дарёҳо ва обёрикунии заминҳоро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми давлатҳои минтақа ҳал мекунад. Маҳз ҳамин унсурҳо вазъияти имрӯзаи энерегетикаи Тоҷикистон ва стратегияи дурнамои инкишофи онро муайян мекунад.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ