Либосҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар тули таърих на танҳо воситаи пӯшиш, балки нишондиҳандаи сатҳи рушди ҷомеа, шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷаҳонбинӣ, эътиқод, зебоипарастӣ ва ҳувияти миллии мардум аст. Омӯзиши либосҳои миллӣ барои дарки амиқи таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллат аҳамияти махсус дорад.

Ташаккули либосҳои миллӣ ба давраҳои хеле қадими таърих рост меояд. Дар ибтидои ҷамъияти инсонӣ либосҳо асосан вазифаи муҳофизат аз сармо, гармӣ ва таъсири муҳити атрофро иҷро мекарданд. Бо мурури замон, бо рушди ҳунармандӣ, бофандагӣ ва рангубори матоъ, либосҳо шакли зеботар ва мураккабтар гирифтанд. Дар ҳар давраи таърихӣ либосҳо тағйир ёфта, хусусиятҳои замони худро инъикос менамуданд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар сарзамини Тоҷикистон, либосҳои миллӣ зери таъсири тамаддунҳои қадимаи ориёӣ, исломӣ ва шарқӣ ташаккул ёфтаанд. Ин омезиш ба гуногунрангӣ ва ғановати либоси миллӣ замина гузоштааст.

Либосҳои миллии тоҷикон бо содагӣ, зебоӣ ва мувофиқ будан ба шароити иқлимӣ фарқ мекунанд. Либоси занона асосан аз куртаҳои дароз, шалвор, рӯймол ва сарпӯшҳои гуногун иборат аст. Истифодаи матоъҳои атлас, адрас, чакан ва бахмал ба либоси занона ҳусни махсус мебахшад. Чакандӯзӣ яке аз шаклҳои муҳими ҳунари мардумӣ буда, рамзи зебоӣ, покӣ ва суннатҳои қадимаи тоҷикон маҳсуб меёбад.

Либоси мардона аз чапан, курта, шалвор, тоқӣ ва камарбанд иборат аст. Чапан дар гузашта на танҳо либос, балки нишонаи мақоми иҷтимоӣ ва эҳтироми шахс буд. Тоқӣ бошад, ҳамчун рамзи фарҳангӣ ва миллӣ нақши муҳим дорад ва бо нақшҳои гуногун оро дода мешавад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими либосҳои миллӣ рамзшиносӣ мебошад. Нақшҳо ва гулдӯзиҳо танҳо ороиш нестанд, балки маъноҳои амиқи фалсафӣ ва иҷтимоӣ доранд. Масалан, нақшҳои геометрӣ рамзи тартиботи олам, нақшҳои наботӣ рамзи ҳаёт ва нашъунамо ва нақшҳои офтобмонанд рамзи нур ва зиндагӣ мебошанд. Рангҳо низ аҳамияти рамзӣ доранд: сурх - ҳаёт ва ҷасорат, сафед - покӣ ва садоқат, сабз - табиат ва умед.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои хориҷӣ хатари аз байн рафтани анъанаҳои миллӣ вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, солҳои охир таваҷҷуҳ ба либосҳои миллӣ афзоиш ёфтааст. Дар чорабиниҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва намоишҳои мӯд истифодаи либосҳои миллӣ бештар ба назар мерасад. Тарроҳони муосир кӯшиш мекунанд, ки унсурҳои анъанавиро бо услуби замонавӣ муттаҳид созанд, ки ин ба зинда нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ мусоидат мекунад.

Либосҳои миллӣ дар тарбияи ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим доранд. Пӯшидани либоси миллӣ, махсусан, дар байни ҷавонон, боиси болоравии эҳтиром ба таърих ва фарҳанги ниёгон мегардад. Онҳо ҳамчун воситаи пайвасткунандаи гузашта, имрӯз ва оянда хизмат мекунанд.

Омӯзиши илмии либосҳои миллӣ дар соҳаи этнография, фарҳангшиносӣ ва таърих аҳамияти калон дорад. Ҳифзи ин мерос тавассути осорхонаҳо, марказҳои ҳунармандӣ ва барномаҳои таълимӣ амалӣ мегардад. Дастгирии ҳунармандони мардумӣ ва тарғиби маҳсулоти миллӣ яке аз роҳҳои муҳими нигоҳдории ин арзишҳо мебошад.

Дар натиҷа, метавон гуфт, ки либосҳои миллӣ танҳо унсури зоҳирӣ нестанд, балки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии миллат мебошанд. Онҳо таҷассумгари ҷаҳонбинӣ, завқи зебоӣ ва анъанаҳои мардум мебошанд. Дар шароити муосир ҳифз ва рушди либосҳои миллӣ вазифаи муҳим ва масъулияти ҳар як шаҳрванди огоҳ ба ҳисоб меравад.

 

Маҳтоб ҲАМИДОВА,

муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ