Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Албатта, онҳое, ки мегӯянд, ифротгароӣ ва терроризм амалҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст?!

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост.

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализм, экстремизм ва терроризм маҳсуб меёбад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқобу шиорҳо ва арзишҳои гуногуни динии бебунёд сурат гирифтаанд ва мегиранд.

Тибқи омор, ҳар ду рӯз дар ҷаҳон як амали террористӣ ба вуқуъ меояд, ки дар натиҷаи он бисёр мардумони бегуноҳ кушта ва маҷруҳ мешаванд. Амалҳои дорои хусусияти радикалӣ, экстремистӣ ва террористидошта рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш мебошанд, шумораи қурбониёни чунин амалиёт зиёд гардида, ҳар як чунин амалиёти нав аз амалиёти пешинааш ваҳшатноктар ва ба таври муосир муҷаҳҳазонида мебошад.

Хусусиятҳои терроризм ё ин ки даҳшатафканӣ ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират, аз таҳсил дур мондан ва амсоли ин рӯ ба рӯ шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа, фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Аз ҳамин сабаб, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки он боиси вусъат пайдо намудани радикализим, экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон мешавад.

Бо мақсади равшанӣ андохтан ба умқи ин масъала бояд сараввал худи мафҳумҳои асосӣ ва дигаргуниҳои онҳоро шарҳ диҳем.

Радикализм (тундгароӣ), пеш аз ҳама, идеология, нақша, образҳои тахаюлот ва стратегия мебошад. Радикализм ё ин ки тундгароӣ, дар навбати худ, ин дастгирӣ ва пайравӣ кардан ба ақидаҳои бемуросо ва таҳаммулнопазир мебошад. Тундгароиро метавон ба динӣ, сиёсӣ, гендерӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва ғайра ҷудо намуд. Раванди тундгароии ҷомеа - афзоиши шумораи тарафдорони ақидаҳои яктарафае, ки нуқтаи назари дигарро таҳаммул надоранд, ягон намуди муросоро эътироф намекунанд ва ба муколамаи самаранок моил нестанд.

Раванди тундгароӣ метавонад ноаён бошад ва хеле оромона сурат гирад. Дурӣ ҷустан аз ҷомеа, тағйири рафтор, қатъи муносибат бо оила метавонад ҳамчун огоҳӣ хизмат намоянд, вале ба сари худ наметавонанд нишонаҳои аниқи тундгароӣ бошанд.

Дар партави сулҳ ва истиқлол, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди радикализм, экстремизм, терроризмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкурро ба инобат ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, як қатор қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ташкил кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон аз радикализм, экстремизм ва терроризм изҳори нигаронӣ намуда, қайд менамоянд, ки: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд».

Қобили қайд аст, ки бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул намудааст, ки дар он мақсади қабули қонун, маҳфуми терроризм, фаъолияти террористӣ, субъектҳои бевоситаи бо терроризм муборизабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои қудратии давлатӣ муайян карда шудаанд.

Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд.

Бо назардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари амалҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад, ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад.

Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин амалҳои ифротӣ сарҷамъ бошанд.

Ҳазратзода Темурҳон Ҳазрат,

н.и.и., муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии ДДМИТ