Дар ҷомеаи муосир яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ риояи танзим дар зиндагии ҳаррӯза ба шумор меравад. Танзим на танҳо маҳдудият ё қоида, балки василаи таъмини адолат, сарфакорӣ, тартибот ва баракати зиндагӣ мебошад. Ҳар қадар инсон ва ҷомеа ба танзим пойбанд бошад, ҳамон қадар зиндагӣ осуда ва устувор мегардад.

Танзим ба маънои нигоҳ доштани меъёр, ҳад ва тартиб дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ мебошад. Ин мафҳум ҳам ба зиндагии шахсӣ ва ҳам ҷамъият дахл дорад. Танзим инсонро ба андеша кардан, ҳисобу китоб намудан ва боақлона рафтор намудан водор месозад. Дар натиҷа, инсон аз зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва бесарусомонӣ дур шуда, ба роҳи оқилона қадам мегузорад.

Дар фарҳанги миллии тоҷикон низ танзим ҷойгоҳи хос дорад. Анъанаҳои мардумӣ, урфу одат ва тарзи зиндагии гузаштагон дар асоси сарфакорӣ, қаноат ва андоза бунёд ёфтааст. Маҳз ҳамин тарзи зиндагӣ боис мегардад, ки дар оила баракат, дар ҷомеа оромӣ ва дар дилҳо қаноатмандӣ ҳукмфармо бошад.

Ҷ. МИРЗОЕВ,

нозир оиди кор бо омўзгорони Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДДМИТ