СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ВА МЕХАНИЗМҲОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ
Сиёсати зиддикоррупсионӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати дохилии ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Он маҷмуи чорабиниҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва маърифатиро дар бар мегирад, ки ба пешгирӣ, маҳдудсозӣ ва бартараф намудани коррупсия ҳамчун кирдори иҷтимоии хатарнок равона гардидааст. Ҳадафи асосии ин сиёсат аз байн бурдани сабабҳо ва шароитҳое мебошад, ки ба пайдоиш ва густариши рафторҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд.
Коррупсия танҳо қонуншиканӣ набуда, балки амалест, ки ба рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ, эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти давлатӣ ва амнияти миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди коррупсия бояд хусусияти низомнок, пайваста ва илман асосёфта дошта бошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коррупсия дорои решаҳои гуногун мебошад. Ба ин омилҳо метавон сабабҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ (сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ), ташкилӣ-идоракунӣ (бюрократия, назорати суст), ҳуқуқӣ (номукаммалии қонунгузорӣ) ва ахлоқӣ (паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ ва маънавӣ) ишора намуд. Бинобар ин, пешгирии самараноки коррупсия танҳо дар ҳолате имконпазир мегардад, ки давлат чорабиниҳои маҷмуӣ ва ҳамоҳангшударо татбиқ намояд.
Дар доираи сиёсати зиддикоррупсионӣ як қатор самтҳои калидӣ муайян карда шудаанд, ки амалисозии онҳо метавонад сатҳи коррупсияро ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Яке аз самтҳои муҳим банақшагирии чораҳои зиддикоррупсионӣ дар сатҳи умумидавлатӣ мебошад. Ин раванд таҳия ва татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатии махсусро дар бар мегирад, ки барои давраҳои муайян қабул мегарданд. Банақшагирии илман асосёфта имкон медиҳад, ки чораҳо ҳадафманд ва самаранок бошанд.
Илова бар ин, таъмини назорати пурсамари ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз болои тақсимот ва истифодаи маблағҳои буҷетӣ, таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани самаранокии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, тақвияти сохторҳои давлатӣ аз ҷиҳати ҳисоботдиҳӣ ва масъулиятнокӣ, самтҳои муҳими пешгирии коррупсия маҳсуб меёбанд.
Дар шароити муосир рақамикунонии равандҳои идоракунии давлатӣ, рушди ҳукумати электронӣ ва коҳиши тамоси мустақими шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ ҳамчун самтҳои иловагии муассири пешгирии коррупсия баромад мекунанд.
Банақшагирӣ ҳамчун унсури асосии идоракунии давлатӣ дар сиёсати зиддикоррупсионӣ нақши ҳалкунанда дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки давлатҳое, ки барномаҳои мушаххас ва дарозмуддати зиддикоррупсионӣ доранд, дар коҳиши сатҳи коррупсия ба натиҷаҳои беҳтар ноил мегарданд.
Банақшагирии умумидавлатӣ таҳия ва қабули Барномаи (Стратегияи) давлатии мубориза бар зидди коррупсияро дар бар мегирад. Пеш аз таҳияи чунин барнома гузаронидани таҳқиқоти амиқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва оморӣ ҳатмӣ мебошад. Ин таҳқиқот имкон медиҳанд, ки сабабҳо, шаклҳо ва соҳаҳои осебпазири коррупсия муайян карда шаванд.
Барномаҳои давлатӣ одатан самтҳои афзалиятнок, муҳлати иҷро, мақомоти масъул, манбаъҳои маблағгузорӣ ва механизмҳои назоратро муайян менамоянд. Шарти муҳими муваффақияти чунин барномаҳо ҷалби фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои соҳибкорӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад.
Дар баробари ин, дар асоси барномаи умумидавлатӣ таҳия ва татбиқи чорабиниҳои идоравии зиддикоррупсионӣ низ аҳамияти калон дорад. Назорат аз болои иҷрои барномаҳо ва ҷорӣ намудани низоми ҳисоботдиҳӣ барои арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ зарур мебошад.
Одоб низоми меъёрҳои ахлоқие мебошад, ки рафтори хизматчии давлатиро танзим мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин талабот дар Кодекси одоби хизматчии давлатӣ муқаррар гардидаанд. Риояи одоб, росткорӣ, беғаразӣ ва масъулиятнокӣ шартҳои асосии пешгирии коррупсия дар хизмати давлатӣ ба шумор мераванд.
Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар ин самт ихтилофи манфиатҳо мебошад, ки зери он зиддияти байни манфиатҳои шахсӣ ва вазифаҳои расмии хизматчии давлатӣ фаҳмида мешавад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо як қатор маҳдудиятҳоро муқаррар намудааст, аз ҷумла манъи фаъолияти соҳибкорӣ барои ашхоси мансабдор ва талаботи пешниҳоди декларатсияи даромад ва амвол.
Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ ҳамчун воситаи дарозмуддат ва стратегӣ дар пешгирии коррупсия аҳамияти махсус дорад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҷаҳонбинии оштинопазир нисбат ба коррупсия ва тарбияи масъулияти шаҳрвандӣ, махсусан, дар байни ҷавонон шарти муҳими муваффақият мебошад.
Ташкили курсҳои махсус барои ашхоси мансабдор, омӯзиши усулҳои муқовимат ба коррупсия барои соҳибкорон, баланд бардоштани сатҳи касбии журналистон ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии зиддикоррупсионӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо метавонад ба коҳиши назарраси коррупсия мусоидат намояд.
Фаррухи Маҳмадисо Табарзода,
сармутахассиси раёсати молия ва муҳосиботи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng