КОРРУПСИЯ ЯКЕ АЗ МОНЕАҲОИ ҶИДДИИ РУШДИ ҶОМЕА
Дар ҷомеаи имрӯза яке аз бадтарин тамоюлҳои манфӣ ва доғи доимии ҷамъият коррупсия ё фасод мебошад, ки ҷомеа пайваста дар муқобили он муборизаи беамон мебаранд. Аз ин лиҳоз, коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Коррупсия имрӯз чӣ дар адабиёти илмӣ ва чӣ дар сатҳи муносибатҳои сиёсии давлат дар ҷомеа мавриди баҳсу мунозираи илмиву ҳаётӣ қарор гирифтааст. Мафҳуми коррупсияро дар маънии пора, ришва, порадиҳӣ ва ришвахӯриву ришвадиҳӣ дар шакли туҳфа ва ғайра истифода мебаранд. Воқеан, дар баъзе мавридҳо ибораи фасод, фасодкорӣ ва фасодзадагии одамон дар ҷомеа низ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Тибқи муқаррароти сархати якуми моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714 зери мафҳуми коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин, ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.
Коррупсия аз нигоҳи илмӣ, амали иҷтимоию иқтисодӣ маҳсуб ёфта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шаклҳои гуногун ба амал меояд. Ҳатто имрӯзҳо одамон барои зудтар анҷом додани масъалаи душвор, кори таъҷилӣ, иҷрои кори муайян, ҳалли масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, пӯшондани ҷиноят ё раҳоӣ бахшидан аз ҷиноят ва дигар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд.
Ҷиҳати роҳ надодан ё пешгирии коррупсия дар олами муосир ва бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия иқдомҳои зиёде, ба монанди муборизаи муташаккил тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси ниҳодҳои дахлдори муқовиматкунанда ба коррупсия амалӣ мегарданд. Қобили зикр аст, ки 31 октябри соли 2003 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид «Конвенсия оид ба мубориза алайҳи коррупсия»-ро қабул намуда, муқаррар кард, ки бо мақсади ҷоннок намудани мубориза бар зидди коррупсия 9-уми декабр ҳамасола Рӯзи байналхалқии мубориза бо коррупсия дар ҷаҳон пазируфта шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҳанӯз 10 декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул намуда, бо назардошти қабул гардидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия 25 июли соли 2005, таҳти №100 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифта буд. Баъдан, бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, таҳти №374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714 фазои зиддикоррупсионии кишвар ва заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам карда шуд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат се санади барномавии дурнамо: «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, таҳти №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504; «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Вазифаи асосии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва ошкор кардану безарар гардонидани амалҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Агентӣ мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии молиявиро оид ба самарабахшии истифодаи воситаҳо ва амволи давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи пешгирӣ, ошкорсозӣ, огоҳсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта иҷро менамояд.
Дар маҷмуъ, коррупсия танҳо хоси як гурӯҳи одамон набуда, он барои кулли шахсоне, ки мақсадҳои гуногуни номатлуб доранд, мавриди истифода қарор мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.
Воқеан, таъсири манфӣ ва зарари коррупсия аз дигар кирдорҳои ҷиноятӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм кам нест. Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва яке аз ҷиноятҳои хатарнок ба ҳисоб рафта, пешгирӣ накардани он, ба аҳолӣ ва давлат монеа эҷод намуда, хатари ҷиддӣ ба амнияти кишвар ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон оварда мерасонад.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин зуҳурот ба таври муташаккилона муқовимат бурда, ташвиқу тарғибро низ ба муқобили он ба таври густурда ба роҳ монем.
Шавкат ОЧИЛДИЕВ,
мутахассиси маркази ахбор ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng