МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ БАҲРИ ТАЪМИНИ ОСОИШТАГӢ
Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.
Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.
Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд.
Иқтибос аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо ақидаву андешаву назарҳо дар мавриди зуҳуроти хавфноки замони муосир кам нестанд, ки ҳар яке баҳри решакан намудани онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳҳои наву муассиро пешниҳод намудаанд. Дар ин баробар, мо ҳамарӯза аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар бораи мавзуъҳои доғи рӯз - терроризму экстремизм, одамрабоӣ ва нашъамандиву дигар зуҳуроти номатлуб хабару гузоришҳоро мехонему мебинем ва мешунавем, ки ин ҳама огоҳии ҷомеаро ба равандҳои замони муосир бештар намуда, аз ҳар як фарди худшиносу худогоҳи ҷомеа зираку ҳушёр буданро талаб менамояд.
Саволе ба миён меояд, ки чаро бо вуҷуди тадбирандешӣ ва чораҷӯӣ ҳанӯзам масъалаи пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб, бахусус терроризму экстремизм мавзую масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст. Зеро ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа буда, нафарони ноогоҳ ва дур аз донишҳои замони муосир ва иродаи сиёсӣ ҳар лаҳза метавонанд, ки ба доми шахсон ва гурӯҳҳои тандгарою манфиатҷӯ афтанд ва ҳаёти худу хешовандонашонро доғдор созанд.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар намудҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир нақши сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҳамзамон, Сарвари давлат масъулияти падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро дар тарбияи дурусти насли наврас бисёр муҳим арзёбӣ менамоянд.
Тавре дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ояндаи давлату миллат аз насли босавод, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, ватандӯсту худогоҳ ва дур аз таассубу хурофот вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҷараёнҳои ифротӣ кори дастҷамъона буда, саҳми ҳар як шаҳрванди бедордилро тақозо менамояд.
Дар ҳамин замина, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва худогоҳии миллӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар донишгоҳ бо мақсади таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пешгирии кирдорҳои номатлуб мунтазам чорабиниҳои маърифативу тарбиявӣ баргузор мегарданд.
Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ҳамчун қутбнамои сиёсати давлатӣ самтҳои асосии рушди Тоҷикистонро муайян намуда, дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа нақши муассир мебозанд. Паёми навбатӣ низ афзалиятҳои стратегиро барои рушди минбаъдаи кишвар мушаххас намуда, ҷомеаро ба ҳамбастагӣ ва масъулияти бештар ҳидоят менамояд.
Мастура БУРИЕВА,
декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng