ЭҶОДКОРӢ ВА ОМӮЗИШ
Ман 2 сентябри соли 2008 дар ноҳияи Шаҳритус, дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, 1 сентябри соли 2014 қадами нахустини худро ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 гузоштам. Пас аз хатми маълумоти нопурраи мактаби миёна, соли 2023 тавассути имтиҳон ба Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар ноҳияи Данғара дохил шуда, соли 2025 онро бомуваффақият хатм намудам.
Соли 2025 тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, айни замон донишҷӯи курси дуюми ин донишгоҳ мебошам.
Аз хурдӣ ба мутолиаи китоб шавқу рағбати зиёд доштам. Китобхонӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати маънавӣ ва рушди қобилияти эҷодии ман нақши муҳим бозидааст. Ҳамзамон, ҳисси баланди эҷодкорӣ аз даврони кӯдакӣ дар вуҷуди ман ташаккул ёфта, маро ба омӯзишу мутолиаи бештар ҳидоят кардааст.
Бо муҳаббат ба китоб ва адабиёт дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» иштирок намуда, дар даври ноҳиявӣ ва даврҳои минбаъдаи озмун ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидам. Иштирок дар чунин озмунҳо барои ман василаи хуби такмили дониш, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати эҷодӣ мебошад.
Тасмим гирифтаам, ки дар оянда ба мутолиаи китоб ва омӯзиши пайваста аҳамияти бештар дода, дониш ва ҷаҳонбинии худро такмил диҳам. Ҳадафи ман ин аст, ки бо истифода аз дониш, меҳнат, истеъдод ва кӯшишҳои пайваста ба шахси муваффақ ва барои ҷомеа муфид табдил ёбам ва ҳамеша барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ватани азизам - Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорам.
ПЕШВОИ МО
Шиори мост дар олам каломи Пешвои мо,
Каломи пурсафову роҳнамову роҳкушои мо,
Ба озодӣ барад моро зи покӣ ҷониби хуршед,
Зи иқболаш шарафмандем, ба дида чун зиёи мо,
***
Ба миллат роҳнамоӣ кард, ба азмаш дилкушоӣ кард,
Намуд обод кишварро, ба хирад шуд давои мо.
Шиносонид ба илмаш ӯ ҷаҳонро аз накӯкорӣ,
Ташаббусаш ҷаҳонгир шуд, зиҳӣ, эй кадхудои мо,
***
Шуҷоат дар сиришти ӯ, зи ваҳдат сарнавишти ӯ,
Ба истиқлол оламгир, тавонаш муттакои мо.
Ба зоти қудсияш фахрем, зи ҳар кораш фараҳмандем,
Ба минбарҳо ташаббускор, садои мо, нидои мо.
Сокина ПИРОВА,
донишҷӯи курси 2 факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng