Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи амалҳои хатарноки замони муосир ба ҳисоб рафта, ба амнияти давлат, сулҳу суботи ҷомеа, ҳаёти инсон ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо таҳдид менамояд. Ин ду зуҳурот на танҳо дар шакли амалҳои зӯроварона, балки тавассути таблиғоти ғояҳои ифротӣ, истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ паҳн мешаванд.

Экстремизми сиёсӣ дар ҳолатҳое зуҳур мекунад, ки шахс ё гурӯҳ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва зӯроварӣ истифода мебарад. Экстремизми миллӣ ва этникӣ бошад, ба паҳн намудани ақидаҳои бадбинӣ нисбат ба миллат ё гурӯҳи дигар алоқаманд мебошад. Дар чунин ҳолатҳо эҳтироми байниҳамдигарӣ ва ваҳдати ҷомеа осеб мебинад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм ба миллат, давлат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дошта, террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Яке аз масъалаҳои муҳим пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро ба ҳисоб меравад. Ҷавонон неруи асосии ҷомеа ва ояндаи давлат мебошанд. Агар онҳо соҳиби дониши кофӣ, ҷаҳонбинии солим ва тафаккури мустақил бошанд, онҳо ҳуқуқҳои хешро ҳимоя карда, дар муқобили амалҳои номатлуб муборизаи беамон мебаранд. Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, наворҳои иғвоангезона ва даъватҳои эҳсосӣ кӯшиш менамоянд, ки ба мафкураи ҷавонон таъсир расонанд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд пеш аз бовар кардан ба иттилооти интернетӣ манбаи онро санҷида, мазмун ва ҳадафи онро таҳлил намояд. Ҷавоне, ки таърих, фарҳанг, қонун, арзишҳои миллӣ ва дини худро хуб медонад, метавонад иттилооти дурӯғро аз ҳақиқат фарқ кунад. Волидон бояд ба мушкилоти фарзандон бетараф набошанд, дар ҳолати пайдо шудани тағйироти ҷиддӣ дар рафтору муносибати онҳо сари вақт чора андешанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба масъалаи пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Қонунгузории кишвар муқовимат ба экстремизм ва терроризмро танзим намуда, барои пешгирии ин зуҳурот ва ҳифзи амнияти шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Қабули барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ низ аз аҳамият холӣ нест.

Мубориза бо экстремизм танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, дар ин самт ҳар як шаҳрванд масъулият дорад. Хусусан, ҷавонон бояд дарк кунанд, ки ояндаи Тоҷикистон ба дониш, меҳнат, масъулият ва мавқеи фаъоли онҳо вобаста аст. Ҷавоне, ки ба илм, касбомӯзӣ, варзиш, фарҳанг ва фаъолияти созанда машғул аст, барои ҷомеа қувваи бузурги пешбаранда мебошад. Ҷавоне, ки ба доми ғояҳои ифротӣ меафтад, пеш аз ҳама ояндаи худ ва баъдан оромии ҷомеаро зери хатар мегузорад.

Муассисаҳои таълимӣ низ дар пешгирии экстремизм нақши муҳим доранд. Мактаб ва донишгоҳ бояд муҳити тарбияи шаҳрвандони масъул бошанд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми намояндагони дигар миллату фарҳангҳо ба таҳкими ҷомеаи солим мусоидат мекунад.

 

Хуршед ДАВЛАТОВ,

датсенти кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ