Дар замони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти тезутунди сиёсӣ тамоми гӯшаву канори сайёраро фаро гирифтаанд, экстремизму терроризми байналмилалӣ ба яке аз мушкилоти аслӣ, даҳшатбор ва глобалии башарият табдил ёфтаанд. Ин зуҳуроти номатлуб ва марговар боиси тарс, ваҳм, хунрезӣ, харобкорӣ ва нооромӣ мегардад. Шахсоне, ки ба ин гурӯҳҳои тундрав ва хунхор мепайванданд, тамоми арзишҳои инсониву ахлоқиро поймол карда, мақсаду ҳадафи асосии худро танҳо дар эҷоди бесуботӣ, коштани тухми нифоқ ва харобкории давлатҳои обод мебинанд. Ин зуҳуроти номатлуб мисли як вабо доман паҳн мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо бо ҳамбастагӣ, муттаҳидии тамоми тамаддунҳо ва ҳамкории содиқонаи давлатҳо метавон ин амали манфурро нест кард.

Имрӯзҳо ҷараёнҳои тундрав бо истифода аз эътиқоди динии мардум ва номукаммал будани дониши диниву дунявии ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки дини мубини Исломро барои расидан ба мақсадҳои нопоку ғайриинсонии худ истифода баранд. Вале дар асл, амалҳои ин гурӯҳҳои ҷоҳил бо арзишҳои пок, раҳму шафқат ва созандаи дин ҳеҷ гуна умумият ва алоқае надоранд.

Ҷуғрофияи нооромиҳо ва низоъҳо дар сайёра торафт васеътар шуда, миллионҳо нафар одамони бегуноҳро зери оташи ҷангу хонавайронӣ ва оворагии маҷбурӣ қарор додааст.

Мубориза алайҳи ин таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои калидӣ, ҳаётан муҳим ва аввалиндараҷаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат маҳсуб меёбад. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар гузаштаи начандон дур оқибатҳои ҷанги таҳмилиро аз сар гузаронида буданд, имрӯз дар сафи пеши ин набарди умумиҷаҳонӣ қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми босазо ва таърихӣ мегузоранд.

Дар ин шароити ҳассоси таърихӣ, ки хатарҳо ҳар лаҳза метавонанд ба суботи мо таҳдид кунанд, ҳар як фарди худогоҳ ва шаҳрванди баномуси ватан, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба қадри Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ бирасанд.

Ҳифзи оромӣ, ягонагии ҷуғрофӣ ва якпорчагии кишвар қарзи шаҳрвандӣ, масъулият ва шарафу номуси ватандории ҳар як инсони бедордил аст. Насли ҷавон, ки қишри ояндасоз, неруи пешбаранда ва хазинаи тиллоии миллат мебошад, бояд бо илмомӯзӣ, маърифати баланд ва иродаи матини худ собит созад, ки ҳеҷ гоҳ фирефтаи шиорҳои дурӯғин, ваъдаҳои пуч ва мафкураи харобкори гурӯҳҳои тундрав намешавад. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони ватандӯсту боғайрати мо тамоми неру ва кӯшиши худро барои рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол равона хоҳанд кард.

Хуллас, шукрона аз Истиқлолият, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати созандаи давлат кафолати ояндаи дурахшон, амну осоиш ва пойдории Тоҷикистони азизи мо мебошад.

 

Алишер БУРИЕВ,

ассистенти кафедраи забони русии ДДМИТ