ФАКТУ РАҚАМҲОИ ГУНОГУН ДАР БОРАИ САВДОИ ОДАМ
Савдои одам (Human trafficking) ҳамчун нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ҳисобида шуда, ҷинояти вазнин маҳсуб мегардад, ки дар он одамон бо роҳи фиреб, зӯрӣ ё таҳдид ҷалб, интиқол ё нигоҳ дошта мешаванд, то аз онҳо истифодаи ғайриқонунӣ сурат гирад. Одатан қурбониёнро бо ваъдаҳои кори хуб ё зиндагии беҳтар фиреб дода, баъдан онҳоро таҳти назорат мегиранд ва озодии онҳоро маҳдуд мекунанд.
Барои мубориза бо ин амал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» (аз 26 июли соли 2014, таҳти №1096) қабул шудааст, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовиматро муайян мекунад.
Мувофиқи мониторинги нишондиҳандаҳои Ҳадафи рушди устувор дар минтақаҳои ИДМ шумораи қурбониёни савдои одам дар шаш кишвари минтақа: Озорбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдова ва Туркманистон ба таври фаъол вуҷуд дорад. Масалан, ба сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ, хусусан дар Озорбойҷон соли 2024 0,9%, дар Арманистон 0,8% ва беш аз ҳама дар Молдова 5%-и одамон қурбонии савдои одам гардиданд. Мувофиқи иттилоои Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, дар соли 2024 0,3% аҳолии кишвар ба савдои одам рӯба рӯ гардидаанд.
Ин вазъ дар Тоҷикистон дар соли 2024 177 ҳолати савдои одамон, аз ҷумла, 10 ҳолати хариду фурӯши кӯдакон сабт шудааст. Дар ин бора Хайриддин Илёсзода, сардори раёсати тафтишотии Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврали соли 2025 дар нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст. Мақомот дар робита ба ин ҳолат алайҳи 73 нафар 56 парвандаи ҷиноятӣ (8 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба савдои кӯдакон) боз карда шудааст.
Дар соли 2025 сабти қариб 180 ҳолати савдои одамон, аз ҷумла, 10 ҳолати хариду фурӯши кӯдакон дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Қаблан дар гузориши ахири “Савдои одамон - 2025”, ки ҳукумати Амрико дар саҳифаи расмиаш нашр кард, гуфта мешуд, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 57 парвандаи марбут ба савдои одамон боз шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2023-юм 3 ҳолат камтар аст.
Савдои одам дар тамоми ҷаҳон манъ буда, соли 2024 Интерпол Йоэл Алтери исроилии узви созмони “Лев Тахор”-и яке аз калонтарин шабакаҳои ҷаҳонии тиҷорати кӯдаконро боздошт намуд. Ин созмон дорои зиёда аз 300 узв буда, аз соли 2024 то инҷониб зиёда аз 160 кӯдак аз чанги ин созмон наҷот дода шудааст.
Тибқи маълумоти International Labour Organization, тақрибан 50 миллион нафар дар ҷаҳон қурбони шаклҳои гуногуни истисмор (аз ҷумла, савдои одамон ва меҳнати маҷбурӣ) мебошанд, ки аз онҳо:
- зиёда аз 27 миллион нафар ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб шудаанд;
- тақрибан 6-7 миллион нафар қурбони истисмори ҷинсӣ мебошанд;
- қариб аз ҳар 4 қурбонӣ 1 нафараш кӯдак аст;
- занон ва духтарон зиёда аз 60%-и қурбониёнро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, тибқи ҳисобҳои United Nations Office on Drugs and Crime савдои одамон дар зиёда аз 140 кишвар ба қайд гирифта шуда, ҳар сол садҳо ҳазор ҳолатҳои нав ошкор мешаванд, аммо шумораи воқеӣ метавонад хеле бештар бошад, зеро бисёр ҳолатҳо пинҳон мемонанд.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки масъала хеле васеъ аст ва на танҳо дар кишварҳои камбизоат, балки дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад. Бинобар ин, ҳалли ин мушкилот муқовимат ва муборизаи беамони байналмилалӣ ва муттаҳидаро талаб менамояд.
И. НЕЪМАТОВ,
н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷменти ДДМИТ
А. ҲАМИДОВ,
н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng