Дар ҷаҳони муосир масъалаи истифодаи об ва идоракунии самараноки манбаҳои обӣ на ҳамчун захираи табиӣ, балки ҳамчун омили муҳими рушди устувор боқӣ мемонад. Афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва таъсири манфии бештар аз ҳисоби истифодаи захираҳои мазкур ба муҳити зисти аҳолӣ, зарурияти ҳамкориҳои дастаҷамъонаи байналмилалиро дар самти идоракунии экосистемаҳои табиӣ тақозо менамояд. Дар ин росто, ташаббусҳои Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дипломатияи об ва дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар арсаи байналмилалӣ хеле муҳим буда, он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб ҳам пазируфта шудааст.

Масъалаи глобалии об ва идоракунии истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ аз муҳимияти масъалаи мазкур дар сатҳи минтақавӣ, глобалӣ ва байналмиллалӣ гувоҳӣ дода, он ҳамчун омили муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ, саноат, энергетика ва маблағгузориҳо ба беҳдошти муҳити зист маҳсуб меёбад. Дарку фаҳмиши масъалаи глобалии захираҳои обӣ, ба ҳам овардани талошҳои кишварҳои дунё ва ташкилотҳои байналмилалиро дар самти рушди устувор доро мебошад. Иқдоми пешгирифтаи роҳбари кишвари мо дар ҳалли дипломатияи об, ки тайи даҳсолаҳои охир аз арзиши баланди экологӣ-иқтисодии захираҳои обӣ гувоҳӣ медиҳад, баҳри рушди иқтисодиёти кишварҳо нақши муҳим мебозад.

Ҳадафи асосии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “”Об - барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”” низ муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар бахши об ва идоракунии захираҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, ки он аз се унсури асосӣ, яъне рушди устувори иқтисодӣ, баробариҳои иҷтимоӣ ва суботи экологӣ манша гирифта, бештар ба масъалаи дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, тағйирёбии иқлими сайёра, ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои табиӣ оравона гардидааст, ки он ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:

- дастрасии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ба обҳои тозаи ошомиданӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ;

- баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обӣ, ҳифзу такрористеҳсоли захираҳои табиӣ ва рушди ояндаи сайёҳии экологӣ;

- паст намудани сатҳи камчинии обҳо ва таҷдиду азнавсозии иншоотҳои обтаъминкунӣ;

- рушди ҳамкориҳои судманд дар бахши идоракунии захираҳои обӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ.

Даҳсолаи нави байналмилалии “”Об - барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” ба андешаи коршиносони соҳа, қадами бузурге дар таъмини ҳадафҳои рушди устувор, ки он аз сатҳи шиору ормонҳо ба дараҷаи татбиқи амалии барномаву стартегияҳои байналмилалӣ оварда мерасонад, боло рафтааст. Конфронси мазкур, ки дар ҷумҳурии мо баргузор мегардад, бори дигар ба ҷаҳониён бозгӯй хоҳад кард, ки кишвари мо дорои захираҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ буда, тавассути рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус рушди соҳаи энергетикӣ, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ, ки ҳамчун соҳаи камхарҷу сердаромад шинохта шудааст, мо метавонем ба сохтмони иншоотҳои табобатӣ-маишӣ, бпойгоҳҳои сайёҳӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоид намуда, тавассути таблиғи (реклама)-и сайёҳии ватанӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва истеҳсолу фурўши обҳои нўшокии баландсифат ва ҷалби бештари сармояҳои мустақими хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам орем.

Қайд кардан зарур аст, ки хатарҳои экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ марбут ба ифлосшавии захираҳои обӣ ва сифати обҳои нӯшокӣ барои башарият зарурияти идоракунии судманди онро дар сатҳи байналмилалӣ тақозо менамояд. Дар ин росто, татбиқи амалии даҳсолаи байналмилалии “”Об - барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”  ба коҳиши манфии тағйирёбии иқлим ва камшавии пиряхҳо аз ҳисоби баландшавии ҳарорати ҳаво тайи даҳсолаҳои охир мусоидат намуда, боиси камшавии обҳо ва мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зиёд шудани офатҳои табиӣ гаштааст, ки мо ҳамарӯза шоҳиди он гашта истодаем. Зимнан, тибқи пешгӯии коршиносон он ба иқтисодиёти ҷаҳон қариб 2 триллион доллари амрикоӣ зарар расонидааст.

Баъдан, дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “”Об - барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015” ва дигар ташаббусу ибтикороти кишвари мо пешрафти муайяне ба даст омадааст, лекин тибқи маълумотҳои омори ҷаҳонӣ ҳоло ҳам мушкилоти зиёди экологӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии марбут ба об дар курраи замин идома дошта, қариб 1 миллиард нафар аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ниёз доранд. Мувофиқи пешгӯии коршиносон, то соли 2030 ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди хатарнок, яъне камтар аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол рост меояд. Ҳол он ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо солҳои 60-уми асри ХХ мутаносибан ба 60 ҳазор метри мукааб баробар буд. Баъдан, мушкилоти экологӣ зери таъсири инқилоби саноатӣ дар солҳои 80-уми асри гузашта, ки ба истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои барқароршавандаи табиӣ, бахусус газу нафт, ангишт хеле тезутунд гардид, ки ба ин васила яке аз сабабҳои зиёд гаштани гази карбон ба муҳити зист буда,  хисороти он ба аҳолии дунё ҳамасола то 60 миллиард доллари ИМА –ро ташкил дода, аз ин ҳисоб қариб 1,2 миллиард нафар аҳолии дунё бе хонаву манзил мемонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди “иқтисоди сабз” хеле ташаббускору фаъол буда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмиллалии молиявӣ аз руйи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз»-и аз нигоҳи экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил мебошад, ки имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар мо 98% -ро ташкил медиҳад. Илова бар ин, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи беҳдошти муҳити зист, натанҳо дастрасии аҳолии дунёро бо обҳои тозаи нӯшокӣ таъмин ва инчунин, ба истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаи озуқаворӣ мусоидат мекунад. Дар баробари ин, мо шоҳиди он ҳастем, ки дар аксарияти кишварҳо муноқишаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳз аз ҳисоби норасоии захираҳои обӣ ва хатарҳои экологии марбут ба он ба миён меоянд, ки дар ин самт низ иқдоми роҳбарияти кишвари мо дар пойдории сулҳу ваҳдати саросарӣ таҷассумгари намунаи ибрат будан барои кишварҳои дунё ба шумор меравад.

Хулласи калом, амалӣ намудани даҳсолаи байналмилалии “”Об - барои рушди устувор”, соли 2018-2028”” қадамҳои бузурге дар таъмини рушди устувор буда, маҳз иқдоми пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфузу эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ дар иртибот ба ҳалли масъалаи дипломатияи об боз ҳам баланд бардошта, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва раванди идоракунии захираҳои обӣ яке аз шартҳои асосии таъмини рушди устувор ва беҳтаршавии сатҳу сифати зиндагии аҳолии курраи замин ба ҳисоб меравад.

 

НУРАЛИЗОДА Э.Н. –

профессори кафедраи молияи ДДМИТ