ИФТИХОРУ ФАХРИ АҲЛИ АНҶУМАН БОШАД ПАЁМ
«Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Аз нахустин рӯзҳои нахустини ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва посдории ҳувияти тоҷикон равона намуданд. Ин сиёсат боис гардид, ки тоҷикон бори дигар асли худро шиносанд ва мавқеи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ дарк намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро на танҳо мероси гузашта, балки омили муҳимми таҳкими истиқлол, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа мешуморанд. Ин нукта дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ пайваста инъикос меёбад ва дар баробари инъикоси дигар масъалаҳо Роҳбари давлат самтҳои асосии сиёсати фарҳангии мамлакатро низ муайян менамоянд.
Таваҷҷуҳ ба таъриху тамаддуни тоҷикон, ки ҳамчун яке аз миллатҳои фарҳангсоз ва тамаддунофар дар ҷаҳон эътироф шудаанд, аз ҷанбаҳои асосии ин сиёсати фарҳангпарварона ба шумор меравад. Ҳамзамон, давлат дастгирии ҳамаҷонибаи муассисаҳои фарҳангӣ, рушди зерсохтор, баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва муаррифии арзишҳои миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ таъмин менамояд.
Ин навбат низ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор таъкид намуданд, ки ориёиён ба тамаддуни башарӣ забон, фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои инсонгароёна ва анъанаҳои пешрафтаи давлатдориро мерос гузоштаанд. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, инсондӯстӣ ва ҳамбастагӣ имрӯз мақоми байналмилалӣ касб намудааст.
Дар ин замина, пешниҳоди бунёди «Маркази тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Душанбе иқдоми дорои аҳамияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва стратегӣ арзёбӣ мегардад. Ин марказҳо на танҳо барои таҳқиқи амиқи таъриху фарҳанги ориёӣ заминаи устувор фароҳам меоранд, балки Тоҷикистонро ба як пойгоҳи муҳими байналмилалии пажуҳишҳои тамаддуншиносӣ табдил медиҳанд.
Аз дидгоҳи илмӣ, тамаддуни ориёӣ яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарист, ки дар ташаккули забон, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои маънавӣ ва низоми иҷтимоии халқҳои зиёд нақши ҳалкунанда бозидааст. Забони тоҷикӣ ҳамчун идомаи забонҳои бостонии ориёӣ далели равшани ин пайванди таърихӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ёдовар шуда, ворид гардидани 11 ёдгории Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, эътирофи Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхиро далели эътибори байналмилалии фарҳанги тоҷик арзёбӣ намуданд.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Пешвои миллат таъкид намуданд: «Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст».
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади сиёсӣ, балки оинаи равшани худшиносии миллӣ, эҳёи маънавият ва ифтихори фарҳангии миллати тоҷик мебошад.
Абдулло ШОМУРОДОВ,
эдвайзер оид ба тарбияи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng