РИСОЛАТИ ОМӮЗГОР МАСЪУЛИЯТШИНОСИСТ!
Муаллим, омӯзгор вожаҳое ҳастанд, ки дар тарбияву камолоти фарзанди инсон нақши мондагор доранд ва аз ин рӯ, басо муқаддасанд. Зери мафҳуми ин вожаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва таҷассумгари раҳи фардои миллат ниҳон аст.
Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ илму адаб омӯхта, ба камолоти инсонӣ мерасонад. Тавре бузургони илму ирфонамон гуфтаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, ҳамчун шахсият эътироф гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз аз заҳматҳои омӯзгор маншаъ мегирад.
Бояд эътироф кард, ки омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки заҳмати андак нест.
Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳи одамизод аст. Тавре муҳандис нақша ё созмон додани ягон кореро тарҳ мекашад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон дар чорчӯбаи илми худ, савияи фаҳмиши худ ба шогирдон илму адаб меомӯзонад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омодаву раҳнамун месозад.
Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбуидиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад.
Дар ин иртибот, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш бобати баланд бардоштани мақоми омӯзгор таъкидҳои махсус намуда, онро ҳамчун омили муҳими рушди ояндаи ҷомеа арзёбӣ намуданд. Воқеан, имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб, бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд. Дар баробари ин, муносибати дуруст бо омӯзгорон ва эҳтироми онҳо ба баланд гардидани масъулияти онҳо таъсири назаррас мегузорад.
Вобаста ба ин, ҳар чӣ қадар мақоми омӯзгорон дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, онҳо ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳанд.
Ҳавасмандкунии онҳо ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, дар ин замина, ба болоравии сифати таълим муосидат менамояд.
Ногуфта намонад, ки омӯзгорӣ кори ҳар нафар нест ва на ҳар шахс аз уҳдаи ин рисолати пурифтихор сарбаландона мебарояд. Чунки барои иҷрои дурусту босифати рисолати омӯзгорӣ заҳмату ҷонфидоиҳои зиёд тақозо карда мешавад. Дар баробари ин, аз худи омӯзгор вобаста аст, ки то кадом андоза дар ин роҳ ҷидду ҷаҳд нишон дода, бо сабру таҳаммул машаққатҳоро паси сар менамояд. Зеро барои омӯзгори ҳақиқӣ боқӣ мондан таҳаммулпазир ва сермутолиаву фурӯтан бояд буд.
Маҳз ҳамин рисолат аст, ки омӯзгорон ҳамчун субъектони раванди таълим метавонанд дар самти омода кардани кадрҳои баландихтиос ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии самтҳои асосии сиёсати мамлакат саҳми муносиби худро гузошта, дар саҳифаҳои рангини зиндагии хеш хотироти некро ҷовидона боқӣ гузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар мулоқоту вохӯриҳо ва паёму баромадҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бисёр назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум, ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Мо - омӯзгорон баҳри сазовор будан ба ин баҳои баланди Сарвари давлатамон минбаъд низ бо азми дурусту саъйи комил дар таълиму тарбия ва ба камол расондани насли ояндасози ватани азизамон хастанопазир саҳм мегузорем.
Аҳкомуддин СУДИҚОВ,
кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ
Тоҷ
Рус
Eng