ЛИБОСИ МИЛЛӢ ПОЯИ ХУДШИНОСӢ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН (дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар солҳои охир масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ ин равандро идома дода, аҳамияти рушди фарҳанг, худшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгонро таъкид менамояд. Дар ҳамин замина, либоси миллӣ ҳамчун яке аз рамзҳои асосии фарҳанги тоҷикон мавқеи хос пайдо мекунад.
Либоси миллӣ танҳо унсури зоҳирӣ нест. Он таърих, ҷаҳонбинӣ ва завқи эстетикии миллатро инъикос мекунад. Ҳар як нақш, ранг ва услуби он аз зиндагии мардум, муҳити зист ва суннатҳои қадима шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба либоси миллӣ маънои эҳтиром ба фарҳанг ва таърихи худро дорад.
Дар Паёми навбатии Президенти кишвар аз 16-уми декабри соли 2025 ба масъалаи тарбияи ҷомеаи худогоҳ, махсусан, ҷавонон диққати махсус дода шуд. Таъкид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва анъанаҳо бевосита ба тарзи либоспӯшӣ иртибот мегирад. Пӯшидани либоси миллӣ ҳамчун яке аз роҳҳои муассири таҳкими ҳувияти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ таъсири фарҳангҳои гуногун ба ҷомеа афзоиш меёбад. Дар чунин ҳолат, нигоҳ доштани асолати миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Президенти кишвар борҳо таъкид кардаанд, ки тақлид ба фарҳангҳои бегона набояд боиси фаромӯш шудани суннатҳои миллӣ гардад. Либоси миллӣ дар ин раванд ҳамчун сипари фарҳангӣ хизмат мекунад.
Нақши ҷавонон дар тарғиби либоси миллӣ хеле муҳим аст. Вақте насли нав бо ифтихор либоси миллиро интихоб мекунад, ҳисси худшиносӣ ва масъулият дар назди ҷомеа ташаккул меёбад. Ин раванд ҷавононро ба арзишҳои фарҳангӣ наздиктар намуда, онҳоро аз таъсири манфии равандҳои бегона эмин медорад.
Занон низ дар нигоҳдорӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ нақши калидӣ доранд. Либосҳои суннатии занонаи тоҷикӣ бо зебоӣ ва нозукии худ фарқ мекунанд. Атлас, адрас, чакан ва зардӯзӣ намунаи ҳунари волои мардум буда, на танҳо зебоӣ, балки маънои рамзӣ доранд. Тарғиби чунин либосҳо метавонад ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намояд.
Аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ либоси миллӣ аҳамияти калон дорад. Рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои дӯзандагӣ ва муаррифии маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ метавонад ба рушди соҳибкорӣ ва ҷойҳои нави корӣ замина гузорад. Ҳамзамон, ин раванд ба муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги ғанӣ мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҳифзи фарҳанги миллӣ ва тақвияти пояҳои маънавии ҷомеаро бори дигар таъкид менамояд. Либоси миллӣ дар ин раванд, ҳамчун рамзи ифтихор, худшиносӣ ва пайванди наслҳо баромад мекунад. Эҳтиром ва тарғиби он вазифаи ҳар як шаҳрванди огоҳ буда, саҳми муҳим дар рушди фарҳангии кишвар мегузорад.
Қайд кардан бо маврид аст, ки ба бар кардани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифгарӣ давлат ва миллат мебошад. Агар давлатро аз як ҷиҳат, аз рӯйи муқаддасоташ: Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ шиносанд, аз тарафи дигар, аз рӯйи либос ва фарҳангаш низ миллатро мешиносанд. Аммо чӣ сабаб бошад, ки баъзе аз занону духтарони тоҷик вақтҳои охир ин рукни муқаддаси миллатро камтар қадр менамоянд ва арзиши миллии онро нодида мегиранд. Яъне, таваҷҷухи духтарони тоҷик аз либоси миллӣ дида, ба либоси бегона бештар аст.
Ин ҷиҳатро ба назар гирифта, вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либоси миллӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод намуданд. Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ пешниҳод гардидааст.
Дар бахши ёздаҳуми «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид, навишта шудааст, ки барои духтарон ва занон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либоси нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (минниюбка), куртаҳои нафису тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампои (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастаи бадан намоён мешавад, либосҳое, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия дода намешавад.
Дуруст мегӯянд, ки зани тоҷикро либоси миллиаш зеботар менамояд, на либоси халқу миллатҳои дигар. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки ба қадри либоси миллиамон бирасанду эҳтироми онро ба ҷо оранд, чунки зани тоҷикро дар ҳама давру замон бо либоси миллиаш мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Маҳбуба ҒАФОРОВА,
мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng