Забони тоҷикӣ дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаеро тай намуд. Тохтутозҳои аҷнабиён ҳазорҳо осорҳои таърихӣ ва адабиёти фарҳангиро ба нестӣ бурданд, лекин дар натиҷаи хизмату заҳматҳои беҳамтои шоирону олимон ва ҳакимон, ки аз худ мероси гаронбаҳои хаттӣ боқӣ гузоштанд, зинда ва ҷовид монд.

Суханҳои пургавҳари устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор, Ҳаким Саноӣ, Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва садҳо дигар бузургон баёнгар ва нишонаи ин гуфтаҳо хоҳанд буд, ки бо забони ноби тоҷикӣ ва дурри дарӣ афкори баланди хешро рӯйи коғаз меоварданд.

Хушбахтона, забони модарии мо бо вуҷуди таҳаввулоти ҷиддию сиёсии зиёди таърихӣ на ин ки маҳв нагардид, балки бо мурури замон дар Эрону Афғонистон, қисматҳои Покистону Ҳиндустон, Туркистон, Осиёи Миёна ва ҳудудҳои Қафқозу Қашғари Чину баҳри Ҳазар густариш ёфта, ба мақоми баланди миллию фарҳангӣ ва таърихӣ расид.

Парешон кард қисмат мардуми моро ба рӯйи даҳр,

Хушо, дар ҳар куҷо чун ҷон туӣ дар пайкари тоҷик.

Сари душман кашидан теғ расми миллати мо нест,

Чу дорад аз каломи ту силоҳе лашкари тоҷик.

                                                                                                                    (С.Сабзаев)

Тавре таърих исбот намудааст, эҳёи воқеии забони адабии мо дар замони Сомониён оғоз гардид. Сомониён бар хилофи Тоҳириёну Саффориён дарк карда буд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои қадимӣ ва ривоҷу равнақи забони адабии миллӣ истиқлол устувор ва давомдор шуда наметавонад. Бинобар ин, амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон бо камоли ҳушмандӣ муносибати худро бо хилофат тавре оростанд, ки дарбори Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад. Илова бар ин, Сомониён аз забони форсии дарӣ ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар баробари тозиён барои расидан ба истиқлоли комил истифода мекарданд. Аз ин рӯ, забони форсии дариро, ки забони мардумони Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, ба адибону олимон ба назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро ба форсии дарӣ нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардонанд.

Маҳз ба  шарофати фаъолияту осори олимону адибони забони тоҷикӣ дар тули беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хидмат кардааст. Имрӯз  моро месазад, ки хизмати бузургонамонро қадр карда, забони модариамонро поку беолоиш нигоҳ дорем, аз ҳар гуна истилоҳҳои бегона ҳифз намуда, дар тозагиву равонии он пайваста ҷаҳд намоем.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классики тоҷику форс замина гузоштааст».

Инчунин, бояд қайд кард, ки забони тоҷикӣ арзиши бузурги миллӣ, мояи ифтихор ва пояи давлатдорӣ, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ҳидояту ташаббускориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.

Инчунин, дар даврони истиқлолият бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуда, барои шинохти миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.

Айни замон забони тоҷикӣ дар минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад, эътибори он дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан афзун мегардад.

Забон қадимтарин ганҷи миллат асту дар пайкари ҳастӣ шарораи муҳаббати ҷовидона. Забон пояи мустаҳкам ва як рукни давлатдорист. Он дирӯзро бо имрӯз ва фардои наслҳо мепайванданд.

Забон нахустунсури нишона ва ҳастии миллату давлат, нахустмуомили ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, сарвати маънӣ, муҳимтарин, арзишмандтарин ва қадимтарин дороии башарӣ маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, моро лозим меояд, ки ба ҳар васила дар рушду такомули забони адабии тоҷик саъю кӯшиш намоем ва қарзи фарзандии хешро дар назди Ватану миллат адо намуда, барои насли оянда намунаи ибрат бошем ва бо ин амали некамон руҳи ниёгонамонро пос дорем.

 

М. САБЗАЕВА,

н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ