Иқтисодиёт захираҳои маҳдуди табиатро барои қонеъ гардондани талаботу ниёзҳои рӯзафзуни инсон истифода мебарад. Ба ибораи дигар, иқтисодиёт ва табиат дар ягонагии диалектикӣ қарор дошта, ба ҳамдигар таъсири мутақобила мерасонанд. Дар баробари афзоиши фаъолияти истеҳсолӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодӣ таъсири инсон ба муҳити зист низ меафзояд. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувор ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи муосир табдил ёфтааст.

Азбаски ояндаи инсоният дар ҳамоҳангӣ бо он қарор дорад, зарурати ташаккули модели нави рушди иқтисодӣ беш аз пеш эҳсос мешавад. Дар шароити инқилоби чоруми саноатӣ ва омодагӣ ба марҳилаи панҷуми саноатӣ, ки бо рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва истифодаи устувори захираҳои истеҳсолӣ алоқаманд аст, иқтисодиёт тадриҷан хусусиятҳои нави технологӣ ва ташкилӣ касб мекунад. Аз ин рӯ, дар шароити тағйирёбии муносибат ба захираҳои табиӣ ва зарурати ҳамоҳангсозии рушди иқтисодӣ бо ҳифзи муҳити зист, иқтисодиёти «сабз» ҳамчун яке аз равишҳои муҳимми ташаккули модели нави рушди устувор аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.

Иқтисодиёти «сабз» парадигмаи нави тафаккур, истеҳсолот ва истеъмол мебошад, ки ба истифодаи самараноки захираҳо, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист, рушди технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, дар шароити иқтисодиёти «сабз» самаранокӣ маънои васеътар касб намуда, бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини некӯаҳволии иҷтимоӣ низ муайян карда мешавад. Агар қаблан самаранокии иқтисодӣ асосан тавассути натиҷаҳои истеҳсолӣ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ арзёбӣ мегардид, имрӯз зарурати ба инобат гирифтани паёмадҳои экологӣ ва иҷтимоии фаъолияти иқтисодӣ низ бештар мегардад. Ба ибораи дигар, рушди иқтисодӣ бояд бо ҳифзи муҳити зист ва таъмини адолати иҷтимоӣ ҳамоҳанг бошад, то ки беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии имрӯза ба имкониятҳои рушди наслҳои оянда таъсири манфӣ нарасонад.

Ҳамин тариқ, моҳияти самаранокӣ дар иқтисодиёти «сабз» дар таъмини тавозуни байни манфиатҳои иқтисодӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои қишрҳои гуногуни ҷомеа ифода меёбад.

Масъалаи мазкур ба яке аз ҳадафҳои рушди устувор иртибот дошта, бо мақсади мутобиқсозӣ ва татбиқи он дар сатҳи миллӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтааст. Дар санади мазкур самтҳои афзалиятнок, ҳадафи олӣ ва ҳадафҳои стратегии рушди кишвар муайян гардидаанд. Тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати стратегӣ, ҳадафи олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон аз баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ иборат мебошад. Дар раванди татбиқи ҳадафҳои муайянгардида ба таъмини устувории рушд дар асоси принсипҳои иқтисоди «сабз» низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ин равиш ҳамчун яке аз сенарияҳои некбинонаи рушди ояндаи Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ба ташаккули модели рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар равона шудааст.

Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2027 қабул гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур ба ташаккули модели иқтисодии аз ҷиҳати экологӣ устувор, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиш додани таъсири манфии фаъолияти иқтисодӣ ба муҳити зист ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди дарозмуддати кишвар равона шудааст. Дар доираи татбиқи стратегия ба густариши истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, рушди энергетикаи барқароршаванда ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамзамон, татбиқи тадбирҳои пешбинишуда барои таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, беҳтар намудани сифати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наслҳои оянда аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин замина, раванди амалисозии стратегия идома дошта, он ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар самти таъмини рушди устувор ва гузариш ба иқтисоди «сабз» арзёбӣ мегардад.

Дар ин замина, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки ба омода намудани мутахассисони баландихтисос мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат равона шудааст, ба масъалаи рушди иқтисоди «сабз» таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар сохтори донишгоҳ, дар заминаи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ, кафедраи иқтисодиёти сабз ва захираҳои табиӣ таъсис дода шуд. Қадами мазкур ба таҳкими заминаи таълимию илмӣ дар самти омӯзиши принсипҳои иқтисоди «сабз» ва омода намудани мутахассисони соҳаи мазкур мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, бо мақсади рушди иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, соли равон дар донишгоҳ шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуд. Шурои мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои «6D 050612– иқтисоди сабз ва истифодабарии захираҳои табиӣ» ва «6D050607 - иқтисодиёти нақлиёт ва логистика», инчунин барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои зикршуда фаъолият менамояд. Таъсиси чунин шуро барои густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди иқтисоди «сабз», истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, такмили низоми нақлиёту логистика ва омода намудани мутахассисони дорои дараҷаҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин иқдом ҳамчунин ба таҳкими робитаи илм бо амалия, рушди иқтидори зеҳнии донишгоҳ ва саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодию экологӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз ин нуқтаи назар, омӯзиши парадигмаи иқтисодиёти сабз дар шароити Тоҷикистон на танҳо аҳаммияти назариявӣ, балки арзиши муҳими амалӣ низ дорад. Он зарурати таҷдиди муносибат ба захираҳои табиӣ, такмили низоми идоракунии иқтисодӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва омода кардани мутахассисони насли навро ба миён мегузорад.

Мутахассисони оянда бояд тавонанд донишҳои иқтисодӣ, экологӣ ва технологиро ба ҳам пайваста, дар ҳалли масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳо ва таъмини рушди устувори кишвар саҳм гузоранд. Зеро ояндаи иқтисодиёти сабз на танҳо аз технологияҳои муосир, балки аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, ташаббускорӣ ва масъулияти экологии инсон низ вобаста мебошад.

Ҳамин тариқ, иқтисодиёти сабзро метавон яке аз самтҳои муҳими ташаккули иқтисодиёти фардо ва заминаи омодасозии мутахассисони насли нав арзёбӣ кард. Ин роҳест, ки пешрафти иқтисодӣ, ҳифзи табиат ва манфиатҳои наслҳои ояндаро дар як низоми ягона муттаҳид месозад.

 

Азизулло ИСМАТУЛЛОЗОДА,

мудири кафедраи иқтисодиёти сабз ва захираҳои табиӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент