Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонад ва қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад”. Ҳақ аст, зеро танҳо худшиносӣ метавонад ҳар як қавму миллатро ба пешрафту комёбиҳо роҳнамои намояд.

Худшиносӣ яке аз хислатҳои муҳимтарини тинати инсонӣ ба ҳисоб меравад. Он ба масъалаҳои ахлоқии инсон робитаи бевосита дорад. Сарчашмаи асосии ташаккули худшиносии миллӣ оила буда, баъдан он дар кӯдакистон, муассисаҳои таълимӣ ва ниҳоят дар ҷомеа давра ба давра инкишоф меёбад.

Мафҳуми худшиносӣ пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки бояд ҳар як шахс қадру манзалати худ, таъриху фарҳанг ва мақоми миллати худро донад ва ба он арҷ гузорад. Худшиносӣ яке аз воситаҳои асосии баланд гардидани маънавиёти инсон дар ҷомеа мебошад. Ҳанӯз Карл Маркс қайд карда буд, ки: “худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист”. Яъне, шахс ҳар қадар худогоҳу худшинос бошад, донишу хиради ӯ ҳамон қадар рушд меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш барҳақ қайд карда буд, ки “ сатҳи тафаккур, дараҷаи худогоҳӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии худи падару модар мебошад, ки тавассути он фарзанд соҳиби саводу дониш, дили огоҳу ақли бедор, арҷгузорӣ ба ниёгон ва муҳаббату садоқат ба Ватану миллати худ мегардад”.

Ҳофизи бузург фармудааст, ки ”ҳар он, ки беҳунар афтад, назар ба айб кунад”. Шахси худношинос айбҷӯ, бахил, суханчин, тарсу, беҷуръат, бенангу номус ва беирода мешавад. Шахси худношинос нисбат ба ҷомеа, Ватан, халқу миллат бетафовут аст.

Ҳаққи нону намак табоҳ кардан,

Бишканад мардро сару гардан.

Нону намаки Ватанро хор ва носипосӣ кардан амали ҷавонмардона нест. Барои мо зарур аст, ки ба қадри нону намаки давлат ва миллати худ бирасем ва ба душманони миллат ҷавобҳои сазовор бигӯем.

Бояд ҳар як шахс барои пойдории давлат, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва амну осоиштагии он мубориза барад. Худношиносӣ садди муруввату раҳму шафқат буда, роҳи пешгирӣ аз ҷаҳолат ва қабоҳат ба касофат ва хиёнат мебошад. Шахси худношинос ҳаргиз шамъе намешавад, ки “худ бисӯзад, то базми дигарон афрӯзад”.

Бояд қайд кард, ки дар худшиносӣ эҳтиром ба ҳамқадами замон будан новобаста аз миллат, нажод, маҳал ва шахсият, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ дар фазои виртуалӣ шарт ва зарур мебошанд. Ахлоқ заминаи асосии ҳуқуқ ва қонун аст. Агар худшиносии худогоҳӣ ва худошиносии шахс воқеан дар мақоми ахлоқ риоя гардад, баҳсҳои ҳуқуқӣ камтар мешаванд. Ҳамчунин, агар ҳуқуқ ва қонунҳо риоя гарданд, фарҳанги риояи қонун ва ахлоқ низ меафзояд. Яъне, дар байни ахлоқ ва ҳуқуқ алоқаи мутақобала вуҷуд дорад.

Хулосаи ин мулоҳизаҳо аз он иборат аст, ки бояд ҳар як инсон кӣ будани худро донад. Агар инсон худро надонад ва нашиносад, масъалаҳои дигарро ба осонӣ дарк карда наметавонад. Барои он ки одамон дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия ёбанд ва ба камол расанд, пеш аз ҳама ба тарбияи оилавӣ аҳамияти ҷиддӣ додан лозим аст.

 

Мижгона МИРҲАЙДАРОВА -

ассистенти кафедраи

фанҳои гуманитарӣ