Мардуми сарбаланди тоҷик таъриху маданият ва фарҳанги қадимаи бою ғанӣ дорад, ки осори хаттии илмӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозӣ, анъанаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо шаҳодати ин гуфтаҳост. Тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд, ки он бо ҳазорон монеаҳо дучор гардида, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам дар шакли шифоҳӣ ба мо ба мерос мондааст. Ин арзишҳои миллии мо ба шумор мераванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рўзғор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва маънавии мардум мебошад. Ҳамзамон, ин Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бечунучаро онро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст. 

Фарҳанг ифодагари рўҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат ва муҳофизаткунандаи муҳит аст. Аз хурдсолӣ моро ба тариқи одитарин муқоисакуниҳо тарбия мекунанд: “Ин аз ту беҳтар аст, вай аз ту боодобтар аст, дигаре озодатар аз ту” гуфта, маҷбур месозанд, ки рафтору кирдору гуфтору одоби худро дигар намоем. Дар натиҷа ба қадри имкон ё маҷбуран рафтори хешро мутобиқ ба дигарон месозем. Ноилоҷ ва гоҳо бехабар, нафаҳмида мемонем, ки чи гуна тақлидкор гардидаем.

Дар натиҷа мо зоҳирпарастӣ менамоем. Чунки аз хурдсолӣ дар ниҳоди мо тақлидкорӣ реша давондааст. Ҳамин сабаб мегардад, ки бархе аз ҷавонону ҷавондухтарони мо на он қадар иродаи қавӣ доранд, ба воситаи тақлидкорӣ рў ба беобрўию зоҳирпарастӣ меоранд. 

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ муқобили ҳамагуна рафтору урфу одати зарарнок пайгирона мубориза бурда, таклиди ноогоҳонаю кўр-кўронаро хеле нишонрас мазаммат кардааст:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар он тақлид бод.

Шоира Сангинова –

ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ