Конститутсия дар таърихи давлатдорӣ на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари иродаи сиёсӣ, ҳувияти миллӣ, арзишҳои таърихӣ ва ормонҳои созандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути Конститутсия моҳияти давлат, хусусияти низоми сиёсӣ, асосҳои сохтори давлатӣ ва муносибатҳои байни давлату шаҳрванд муайян карда мешаванд. Аз ҳамин ҷост, ки Конститутсияро ба таври рамзӣ «шиносномаи миллат» меноманд.

Агар ба раванди таърихии ташаккули давлатдории тоҷикон назар намоем, маълум мегардад, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоят муҳим ва сарнавиштсози таърихи давлатдории миллӣ сурат гирифтааст. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ, муайян намудани асосҳои конститутсионии давлатдорӣ ва таъсиси сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба миён омад. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар таҳкими асосҳои ҳуқуқии истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ марҳилаи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Конститутсия дар низоми ҳуқуқии давлат мавқеи олиро ишғол менамояд. Он дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, инчунин самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян мекунад.

Ба андешаи мо, яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он арзишҳои умумибашарии ҳуқуқиро бо хусусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик пайванд додааст. Мутобиқи моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин меъёри конститутсионӣ на танҳо хусусияти давлатро муайян мекунад, балки самтҳои асосии рушди минбаъдаи ҷомеаро низ инъикос менамояд.

Дар ин замина, махсусан принсипи давлати ҳуқуқбунёд аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад. Давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки дар он ҳуқуқ ва қонун ҳамчун асоси ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ эътироф гардида, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва масъулияти давлату шаҳрванд дар назди қонун таъмин карда мешаванд.

Ҷанбаи дигари муҳими Конститутсия ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Мутобиқи моддаи 5-и Конститутсия, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ин меъёр ифодаи принсипи инсондӯстии конститутсионӣ буда, самти асосии сиёсати ҳуқуқии давлатро муайян менамояд. Маҳз дар ҳамин замина Конститутсия ҳамчун кафили ҳуқуқии озодии шахс, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, моликият ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд баромад мекунад.

Ҳамзамон, Конститутсия барои ташкили низоми муназзами ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Муқаррар намудани принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз кафолатҳои муҳими ташкили фаъолияти мақомоти давлатӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Ин принсип барои таъмини мувозинат ва ҳамкории байни шохаҳои ҳокимият, пешгирии мутамарказшавии аз ҳад зиёди салоҳиятҳо ва ташкили низоми самараноки идоракунии давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.

Аз нуқтаи назари илми ҳуқуқшиносӣ, аҳамияти Конститутсияро инчунин дар нақши он ҳамчун заминаи ташаккул ва рушди тамоми соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ дидан мумкин аст. Меъёрҳои конститутсионӣ барои рушди ҳуқуқи маданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, молиявӣ, экологӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Ба ибораи дигар, Конститутсия танҳо як санади мустақили ҳуқуқӣ набуда, балки меҳвари асосии тамоми низоми ҳуқуқии давлат мебошад. Бинобар ин, такмили қонунгузории миллӣ, таъмини мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи меъёрҳои он аз вазифаҳои муҳимми давлати муосир ба ҳисоб мераванд.

Мехоҳем боз як масъалаи муҳимро махсус таъкид намоем. Конститутсия ҳамчун шиносномаи миллат на танҳо истиқлолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатро муаррифӣ мекунад, балки арзишҳои миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷиконро низ таҷассум менамояд. Забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар низоми конститутсионии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус доранд. Ин арзишҳо заминаи муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ ва пойдории давлатдории миллӣ ба шумор мераванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро мавҷудияти қонунҳои мукаммал танҳо дар сурате самаранок хоҳад буд, ки шаҳрвандон мазмуну моҳияти онҳоро дарк намуда, дар ҳаёти ҳаррӯза риоя кунанд. Ҷомеае, ки шаҳрвандони он Конститутсия ва қонунҳоро хуб медонанду эҳтиром менамоянд, барои таҳкими қонуният, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар ин раванд нақши муассисаҳои таълимӣ ниҳоят муҳим аст. Махсусан, омӯзиши Конститутсия дар муассисаҳои таълимӣ набояд танҳо ба аз ёд кардани моддаҳои он маҳдуд гардад, балки бояд ба дарки амиқи мазмуну моҳияти меъёрҳои конститутсионӣ, эҳтироми қонун, риояи ҳуқуқи дигарон, иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва тарбияи масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа равона карда шавад.

Омӯзиши Конститутсия бояд аз доираи дарсҳои таълимӣ берун рафта, ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии ҷомеа табдил ёбад. Зеро насли ҷавоне, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад ва арзишҳои конститутсиониро эҳтиром мекунад, метавонад дар таҳкими қонуният, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузорад.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои мавҷудияти худ ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқии давлатдории миллӣ хизмат намуда, дар ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди ҷомеа нақши муҳим бозидааст.

Хулоса, Конститутсия воқеан шиносномаи миллат, рамзи давлатдорӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Зеро дар он на танҳо сохтори давлат, балки симои ҳуқуқӣ, арзишҳои миллӣ, ормонҳои таърихӣ ва дурнамои рушди ҷомеа таҷассум ёфтаанд. Мо бояд ин санади олии ҳуқуқиро ҳамчун дастоварди муҳимми давлатдории миллӣ ҳифз намуда, барои татбиқи самараноки меъёрҳои он, таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро қудрати воқеии Конститутсия на танҳо дар меъёрҳои дар он сабтшуда, балки пеш аз ҳама дар сатҳи эҳтиром, риоя ва татбиқи амалии ин меъёрҳо дар ҳаёти ҷомеа таҷассум меёбад.

 

Гулрухсор БАРОТОВА,

Шаҳноза РАШИДОВА,

омӯзгорони ДДМИТ