КОНСТИТУТСИЯ ВА ЗАН: КАФОЛАТИ ҲУҚУҚ, ЭҲТИРОМ ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАР
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат таҷассумгари арзишҳои миллӣ, иродаи халқ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Маҳз дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ принсипҳои баробарҳуқуқӣ, адолати иҷтимоӣ, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон амалӣ мегарданд.
Дар ин замина, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, таъмини имкониятҳои баробар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат аҳаммияти махсус дорад.
Зан дар ҷомеаи тоҷик на танҳо модар ва тарбиятгари наслҳо, балки шахсияти фаъол, мутахассиси соҳибтаҷриба, роҳбар, соҳибкор, омӯзгор ва неруи созандаи давлату ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба мақоми зан, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ӯ нишонаи фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардида, ҳифзи онҳо тавассути Конститутсия кафолат дода шудааст. Мувофиқи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Ҳамчунин, дар ин модда ба таври возеҳ таъкид гардидааст: «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Ин меъёри конститутсионӣ танҳо муқаррароти ҳуқуқӣ набуда, балки ифодагари яке аз принсипҳои бунёдии адолати иҷтимоӣ мебошад. Он барои таъмини баробарии ҳуқуқии занону мардон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати истифода аз ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ заминаи устувор мегузорад.
Ҳамчунин, моддаи 33-и Конститутсия ҳифзи оиларо аз ҷониби давлат пешбинӣ намуда, баробарҳуқуқии зану шавҳарро дар муносибатҳои оилавӣ муқаррар мекунад. Мувофиқи моддаи 34, модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд.
Моддаи 35 ҳуқуқи ҳар касро ба меҳнат ва интихоби касбу кор, моддаи 41 бошад, ҳуқуқи ҳар шахсро ба таҳсил кафолат медиҳад. Ҳамин тариқ, Конститутсия барои ҳифзи ҳуқуқи занон дар соҳаҳои оила, меҳнат, таҳсил ва иштироки баробар дар ҳаёти ҷамъиятӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби бештари ӯ ба равандҳои давлатдорӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон, рушди қобилиятҳои роҳбарӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5, «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар ин самт марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад. Санади мазкур ба таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва густариши имкониятҳои фаъолияти занон равона гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба масъалаи дастгирии занон ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин таъкид кардаанд: «Мо ба масъалаи мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон таваҷҷуҳи хосса медиҳем ва ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдоми неку наҷибашон шароиту имконияти мусоид муҳайё менамоем».
Ин таъкид бозгӯи таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ ба баланд бардоштани мақоми занон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи қобилияту истеъдодашон мебошад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат саҳми занону модаронро дар рушди мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, чунин иброз доштаанд:
«Модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд».
Воқеан, имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа фаъолият намуда, бо дониш, малака, масъулиятшиносӣ ва ташаббускории худ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.
Бо вуҷуди мавҷудияти заминаи мустаҳками конститутсионӣ ва қонунгузорӣ, ҳифзи воқеии ҳуқуқу манфиатҳои занон тақозо менамояд, ки кафолатҳои ҳуқуқӣ дар амал татбиқ гардида, барои бартараф намудани монеаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аҳаммияти муҳим доранд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, пешгирии табъиз ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.
Яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Зан бояд на танҳо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошад, балки тартиби амалӣ намудани онҳо, роҳҳои муроҷиат ба мақомоти ваколатдор ва воситаҳои қонунии ҳимояи манфиатҳояшро низ хуб донад.
Дар баробари ин, ҳар як узви ҷомеа бояд эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои занонро вазифаи шаҳрвандӣ ва ахлоқии худ шуморад. Пешгирии зӯроварӣ дар оила, муносибати табъизомез, маҳдуд намудани ҳуқуқи духтарон ба таҳсил ва дигар шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ танҳо дар сурати ҳамкории самараноки давлат, ҷомеа ва оила натиҷаи мусбат ба бор меорад.
Бояд дарк намуд, ки ҳифзи ҳуқуқи занон танҳо масъалаи як гурӯҳи иҷтимоӣ нест. Он бевосита ба таҳкими оила, тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат, таъмини суботи ҷомеа ва ояндаи давлат алоқаманд мебошад. Зеро зане, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, соҳиби дониш, касбу ҳунар ва имконияти рушди шахсӣ мебошад, метавонад дар тарбияи насли оянда ва пешрафти ҷомеа саҳми назаррас гузорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо заминаи устувор фароҳам овардааст. Сиёсати иҷтимоии давлат ва тадбирҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ андешидашуда низ ба баланд бардоштани мақоми зан ва васеъ намудани имкониятҳои иштироки ӯ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат менамоянд.
Муҳим он аст, ки кафолатҳои дар Конститутсия муқарраргардида дар амал татбиқ шуда, ҳар як зану духтар тавонад аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода барад, таҳсил намояд, соҳиби касбу ҳунар гардад, фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ дошта бошад ва дар пешрафти давлат саҳми арзандаи худро гузорад.
Зеро ҳифзи ҳуқуқи зан эҳтиром ба инсон, таҳкими оила, таъмини адолати иҷтимоӣ ва сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
М. ҒАФОРОВА,
мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng