Конститутсия санади олии ҳуқуқии ҳар як давлат буда, асосҳои сохтори давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ, қонуният ва тартиботи ҷамъиятиро муайян менамояд. Он ҳуҷҷати сарнавиштсозест, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, вазифаҳои онҳо, сохтори ҳокимияти давлатӣ ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро муқаррар мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор «бахтномаи миллат» меноманд. Зеро дар он орзуву ормонҳои неки халқ, арзишҳои миллӣ ва асосҳои зиндагии осоиштаву созанда таҷассум ёфтаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Қабули ин санади тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Он барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарории сулҳу субот, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошт. Минбаъд ба Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба такмили низоми ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ равона гардидаанд.

Арзиши бузурги Конститутсия, пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф менамояд. Ҳар як шаҳрванд дорои ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, озодии сухан, виҷдон ва иштирок дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ мебошад. Дар баробари ин, ҳар як шахс уҳдадор аст, ки талаботи қонунҳоро риоя намояд, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром кунад, Ватанро дӯст дорад ва дар ободиву пешрафти он саҳм гузорад. Зеро ҳуқуқу уҳдадориҳо ду ҷанбаи ба ҳам пайванди ҳаёти шаҳрвандӣ мебошанд.

Конститутсия, ҳамчунин сохтори давлат ва тартиби фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян менамояд. Дар асоси меъёрҳои он фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба роҳ монда мешавад. Принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ барои таъмини мувозинати байни шохаҳои ҳокимият, пешгирии сӯиистифода аз ваколатҳо, таҳкими адолат ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад. Қонун дар назди ҳама баробар буда, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст талаботи онро риоя намояд.

Дар Конститутсия арзишҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, забони давлатӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги халқ инъикос ёфтаанд. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми конститутсионӣ дорад. Эҳтиром ба забони модарӣ, ҳифзи расму ойинҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва таърихи гузаштагон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Нигоҳдорӣ ва гиромидошти ин арзишҳо барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани фарҳанги ғании миллати тоҷик мусоидат менамояд.

Конститутсия танҳо маҷмуи моддаҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ нест, балки роҳнамои зиндагии ҷомеа, кафили адолат ва заминаи асосии пешрафти давлат мебошад. Барои он ки меъёрҳои он дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқи воқеии худро пайдо намоянд, ҳар як шаҳрванд бояд мазмуну моҳияти онро омӯзад, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад ва ба ин санади олии ҳуқуқӣ эҳтиром гузорад. Хусусан, наврасону ҷавононро зарур аст, ки аз ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии худ огоҳ бошанд ва бо донишандӯзӣ, рафтори намунавӣ, эҳтиром ба қонун ва меҳнати ҳалол дар ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд.

Имрӯз ҳар яки мо бояд хуб дарк намоем, ки сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа аз неъматҳои бебаҳои давлатдорӣ мебошанд. Риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносӣ барои ҳифзу таҳкими ин арзишҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд. Танҳо дар сурати эҳтироми қонун ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои шаҳрвандӣ метавонем ҷомеаи пешрафта ва давлати ободро бунёд намоем.

Пас, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллат, рамзи соҳибихтиёрии давлат, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва асоси зиндагии шоистаи мардум мебошад. Эҳтиром ва риояи Конститутсия дар асл эҳтиром ба давлат, миллат, арзишҳои миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аст.

Бигзор ҳар як шаҳрванди кишвар ин санади муқаддаси давлатдориро гиромӣ дошта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад!

Мавлуда МУЗАФФАРОВА,

донишҷӯи курси 1 ихтисоси 1-25010402 - кори бонкӣ